Кафедраи “Молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ”

Мудири кафеда –  н.и.и., дотсент Игамназаров Нурбекҷон Имомназарович

Кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ яке аз кафедраҳои тахассусии факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ мебошад. Кафедра фаъолияти худро дар асоси қарори Шўрои илмии Донишкада таҳти №3/53 аз 1 сентябри соли 2010 оғоз намудааст. Дар солҳои 2010-2013 роҳбари кафедра – н.и.к., дотсент Қобилов Н.К., солҳои 2013-2018 – н.и.и., дотсент Ҷалолов Н.М., солҳои 2018-2021 – н.и.и., дотсент Шарипов З.У., солҳои 2021-2022 – н.и.и., дотсент Ҷумаев А.Қ. ва аз соли 2022 н.и.и., дотсент Игамназаров Н.И. иҷро менамояд.

Бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир, кафедра бо мақсади тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, донишҷӯёнро дар ихтисосҳои зерин меомӯзонад:

  1. Ихтисос:-1- 960101 – Хадамоти гумрукӣ (тахассуси – мутахасиси хадамоти гумрукӣ);
  2. Ихтисос:-1– 250109 – Молшиносӣ ва муоинаи мол (тахассуси -иқтисодчӣ-молшинос);
  3. Ихтисос: -1-25011004 – Тиҷорат дар бозори берунӣ(тахассуси -иқтисодчӣ).

Дар кафедра 17 нафар омӯзгорон фаъолияти мебаранд, аз ҷумла: кормандони штатии кафедра 11 нафар, њамкори дохила 2 нафар ва њамкори беруна 4 нафар. Аз онҳо 2 нафар профессорон, 5 нафар дотсентон, 7 нафар омӯзгорони калон, 1 нафар ассистентон. Игамназаров Н.И. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ҷалолов Н.М. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилов Н.К. – номзади илмҳои химиявӣ, профессор, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Исоев Ҳ.И. – омӯзгори калон, корманди шоистаи Иттифоқи Тоҷикматлубот Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии Иттифоқи Тоҷикматлубот; Атаева Ф.А. – омӯзгори калон, аълочии Иттифоқи Тоҷикматлубот.

Кафедра дар ошёнаи сеюми бинои №4-и донишкада ҷойгир шудааст, ки ҷои кории устодони кафедра дар утоқи №20, ҷои нигаҳдории аёниятҳо ва лабораторияи озмоишгоҳи ташхиси сифати маҳсулотҳои истеъмолӣ дар утоқи №4 мавҷуданд.

Дар кафедра лаборатория барои экспертиза ва идораи нигаҳдории маводҳои таълимӣ мавҷуд аст.

Кормандони кафедра, дар якҷоягӣ фаъолиятҳои таълимӣ ва корҳои тадқиқотӣ мегузаронанд.

Ҳадафи асосии фаъолияти илмии кафедра – ин омӯзиши масъалаҳои бехатарии иқтисодӣ, бехатарии иқтисодии берун аз марзи кишвар, рушди фаъолияти гумрукии муосири назоратӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши сифати моли истеъмол (воридот), муайян намудани вазифаҳои стандартизатсия ва сифати мол ва рушди тиҷорат дар бозори дохилӣ ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Солҳои охир, дар кафедра зиёда аз 20 китобҳои дарсӣ, 40 тавсияҳои таълимиву методӣ, беш аз 100 мақолаҳои илмӣ, ки дар раванди таълим истифода мешаванд, нашр гардидааст.