Кафедраи “Тиҷорат ва ҳуқуқ”

Кафедраи мазкур соли 1995 таъсис ёфта, мутахассисони баландихтисосро дар ихтисосҳои зерин таёр менамояд:

25015100 – Тиҷорат;

25010900 – Маркетинг;

0211 – Ҳуқуқи тиҷоратӣ;

240103 – Ҳуқуқи иқтисодиётӣ;

24010401 – Ҳуқуқи байналмилалӣ.

Самти асосии илмӣ-таҳқиқотии аъзоёни кафедра пайваста ба муаммоҳои тиҷоратӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва таъминоти ҳуқуқии онҳо дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозор мебошад, ки он бевосита бо самти умумии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзўи «Муаммоҳои инкишофи муносибатҳои бозоргонӣ ва танзими ҳуқуқии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» алоқаманд аст.