КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

 

 Кафедраи забонҳои хориҷӣ моҳи сентябри соли 2010 таъсис ёфта, сарварии кафедраро н.и.п., дотсент Фузайлов Р. Қ. ба ўҳда дошт. Аз моҳи августи соли 2016 то ин ҷониб мудирии кафедраи забонҳои хориҷиро н.и.ф., дотсент Камолов Ф.А. дар ўҳда дорад.

Мулоқоти кафедра

Айни замон дар кафедра ҳамагӣ 25 нафар устодон, аз ҷумла 2 нафар номзадони илм-дотсентон, 4 нафар номзадони илм-муаллимони калон, 8  нафар муаллимони калон, 7 нафар ассистентон, инчунин 3 нафар мудирони утоқҳои лингофонӣ ва 1 нафар лаборанти калон фаъолият мебаранд. Номзадони илм Камолов Ф.А., Расулова Г.Н., Исмоилова М.О., Давлатова Ч., Исломова П. ва Фузайлов Р.Қ. мебошанд, ки баҳри пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ саҳми худро мерасонанд.
Аксарияти омўзгорони кафедра курсҳои такмили ихтисосро аз рӯи барномаҳои омӯзишии TEMPUS, ITEC, ERASMUS  MUNDUS, JFDP, SUSI, English Teacher’s Mentor Program дар давлатҳои ИМА, Аврупо, Ҳиндустон ва шаҳри Душанбе гузаштаанд.
Дарсҳои забонҳои хориҷӣ бо технологияҳои инноватсионӣ гузаронида мешавад, ки айни замони дар назди кафедра се адад утоқи лингафонӣ мавҷуд мебошад ва устодон дарсҳои худро бо сифати баланд дар ин синфхонаҳо мегузаронанд.


Устоди кафедра Камолов Ф.А. дарси забони англисиро дар синфхонаи лигафонӣ гузаронида истодааст.

Муҳимтарин китобҳо, комплексҳову дастурҳои таълимӣ-методӣ ва монографияҳои илмии кафедраи забонҳои хориҷӣ ҳамчун дастовардҳо

  1. Бегматова С. «Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикӣ-англисӣ-русӣ». Хуҷанд, 2016.
  2. Майнусов Д.Ф. “Антропонимҳои “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ” Хуҷанд, 2016.
  3. Камолов Ф.А. “Чиҳил ҳадис”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва арзиши адабии он” (Бахшида ба соли бузургдошти Мавлоно А.Ҷомӣ). Хуҷанд, 2014.
  4. Фузайлов Р. Қ., Аҳророва Г., Усмонова Ш. Х., Қаюмов А. А. “Луғати иқтисодии англисӣ-русӣ-тоҷикӣ (барои иқтисодчиён)”. Хуҷанд, 2014.
  5. Фузайлов Р.Қ., Камолов Ф.А. “Худомўзии забони англисӣ. (Давраи дуюм). Хуҷанд, 2013.
  6. Камолов Ф., Давлатова Ч., Исмоилова М. “Худомўзии забони англисӣ. Давраи аввал”. Хуҷанд, 2012.
  7. Мақсудова С. “Грамматикаи забони англисӣ дар таблитсаҳо”. Хуҷанд, “Ношир”, 2010.