Кафедраи “Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ”

Кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ дар асоси кафедраи фанҳои иқтисодӣ ҳамчун кафедраи мустақил соли 2002 ташкил шудааст. Кафедра яке аз кафедраҳои намоёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба ҳисоб рафта, кадрҳоро аз рўи ихтисосҳои 060800,  25010700 – «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо» дар шўъбаҳои рўзона ва ғоибона дониш меомўзонад.

Мудири кафедра – н.и.и., дотсент Комарова Г.Б., бо нишондодҳои фахрӣ Аълочии кооператсияи матлубот, Аълочии маорифи халқии ҶТ, Коргари хизматнишондодаи кооператсияи матлубот, ифтихорномаҳои Ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ.

Базаи  моддӣ-техникӣ

Базаи таълимӣ-моддии кафедра 2 утоқ ва 3 синфхонаи таълимӣ, ки ҳамчун утоқҳои фаннӣ, ба монанди иқтисодиёти корхона, иқтисодиёти савдо, омор, таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ оро дода шудааст. Ин утоқҳо дар бинои таълимии якум ҷойгиранд. Дар утоқҳои фаннӣ миқдори муайяни стендҳо, асбобҳои аёнӣ, ки ба фанҳои таълимии ихтисос мувофиқ меоянд, мавҷуданд. Чунин стендҳо вуҷуд доранд: «Об – барои ҳаёт», «Иқтисодиёти Тоҷикистон», «Иқтисодиёти вилояти Суғд», «Ҳаёти донишкада», кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ,  «Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон: таърих ва муосир» «Маълумотҳои иҷтимоиву иқтисодии ҶТ» ва ғайра. Дар кафедра 3 комюпутер, 2 ноутбук, 1 проектор мавҷуданд. Кафедра бо лавозимоти лозима, ки барои фаъолияти мўътадили устодон ҷавобгӯ аст, ҷиҳозонида шудааст.
Фонди китобхонаи донишкада чунин фанҳоро бо китобҳои таълимӣ таъмин карда метавонад: «Омор», «Иқтисодиёти корхона», «Асосҳои соҳибкорӣ», «Иқтисодиёти савдо». Баробари ин, ба як қатор фанҳо, ба монанди  «Таҳлили иқтисодӣ», «Бизнес-банақшагирӣ»,  «Иқтисодиёти савдо ва хўроки омма», «Стратегияи рақобати бозор» бо забони тоҷикӣ ва ғайра норасогии китобҳо ва дастурҳои таълимӣ, ки барои самаранок гузаронидани дарсҳо ва ташкили корҳои мустақилонаи лозима намерасанд, ҳис карда мешавад. Қисман талаботи донишҷўён нисбати китобҳои таълимӣ аз ҳисоби истифодабарии китобхонаи электронии донишкада таъмин карда мешавад. Аз ин лиҳоз, устодони кафедра оид ба ҳалли ин муаммо корҳои мақсаднок мебаранд. Аз тарафи устодон коркарди дастурҳои таълимӣ, комплексҳои таълимӣ-методӣ, дастурҳои методӣ, тавсияҳо оид ба фанҳои таълимӣ ба роҳ монда шудаанд.
Барои баланд шудани сифати дарсҳои таълимӣ гузаронидани дарсҳо дар синфхонаҳои электронии донишкада ва бо проектор гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ бо истифодабарии слайдҳо оид ба мавзўъҳои мушаххас таъсири калон расонд.

Табрикоти Раиси вилояти суғд Қоҳир Расулзода бо ифтихорномаи  «Аълочии маорифи халқии ҶТ».

Корҳои таълимӣ – методии кафедра

Вазифаи асосии корҳои методии кафедраи «Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ»  ин баланд бардоштани сатҳи маҳорати педагогӣ ва касбии ҳайати омўзгорони кафедра мебошад.

Корҳои методӣ дар кафедра дар асоси нақшаи кории кафедра, семинари методии кафедра, нақшаҳои корҳои устодони кафедра, ки барои соли 2014 тартиб дода шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Дар соли 2014 устодони кафедра аз болои муаммои муккамалгардонии сифати таълими фанҳои тахассусӣ, корҳои мустақилонаи донишҷўён, истифодабарии тарзҳои фаъоли таълим фаъолият бурда истодаанд.

Роҳбарии семинари методии кафедраро муаллимаи калон Алиева Г.И. дар ўҳда дорад. Котиби семинари методӣ ассистент Азимова З.А. мебошад.

Натиҷаи корҳои иҷро шуда дар ҷаласаҳои кафедра ва семинари методӣ дида баромада мешаванд.

Корҳои тарбиявӣ аз рўи самтҳои зерин ба роҳ монда шудааст: ғоявӣ – меҳнатӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва ғайра.

Ҷаласаи семинари таълимӣ-методии кафедра