Кафедраи “Молия ва қарз”

Кафедраи “Молия ва қарз” ҳамчун ҷузъи таркибии факултаи “Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ” ДИС ДДТТ фаъолияти худро аз 01 сентябри соли 2010 оғоз намуд.

Бо роҳбарии н.и.и., дотсент Исмоилова Д.М., кафедра фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар риштаи «Молия ва қарз», «Андоз ва андозбандӣ» ва «Фаъолияти бонкӣ» равона кардааст.

 Корҳои таълимӣ ва методикии кафедра оид ба тайёр ва муаррифии адабиёти таълимӣ дар соли 2014

Ҳотамова Б.Х. “Сесад саволҳо ва ҷавобҳо дар бораи гардиши пул, қарз ва бонк” (бо забони тоҷикӣ);

Тӯхтаев Т.М. “Идоракунии молиявӣ: назария ва амалия” (маҷмааи таълимӣ-методикӣ бо забони тоҷики);

Тӯрақулова Л.Т. “Молияи корхонаҳо” (маҷмааи таълимӣ-методикӣ бо забони тоҷики);

Абдуҳомидова Г.М. «Низоми асъор ва назорати асъор» (маҷмааи таълимӣ-методикӣ бо забони тоҷики);

Ҳотамова Б.Х., Ахмедов К.А.,  «Ҷамъоварии масъалаҳо аз фанни «Ташкили Фаъолияти Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ»»;

Ҳофизова Р.А., Абдурашидова М.А., “Фаъолияти бонкӣ” (китоби таълимӣ бо забони тоҷикӣ);

Ҳофизова Р.А., Тавсияҳои методӣ барои иҷроиши корҳои курсӣ аз фанҳои “Фаъолияти бонкӣ”, «Ҳисобот ва фаъолияти оператсионӣ дар бонкҳо»;

Исмоилова Д.М., Дастурамали методӣ оид ба гузаштан аз таҷрибаи пеш аз дипломӣ барои ҳамаи ихтисосҳои кафедра;

Ҳафизова Р.А. Тавсияҳои методӣ оид ба навиштани кори дипломӣ барои хатмкунандагони ихтисосҳои “Молия ва қарз”, “Фаъолияти бонк”;

Мӯминова Н.Р. Дастури методӣ барои иҷроиши корҳои курсӣ аз фанни “Молия, гардиши пул ва қарз”.

Бояд қайд кард, ки беҳбуд ва такмил додани раванди таълиму тарбияи донишҷӯён, ҳамаи шароитҳои зарурӣ муҳайё гардидаанд.

Омӯзгорони кафедра ба корҳои илмию тадқиқотӣ диққати зиёд медиҳанд.

Мақсади асосии корҳои тадқиқотии кафедра омӯхтани мушкилоти рушди молиявии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Корҳои тадқиқотии кафедра ба афзоиши дониши назариявии омӯзгорон, аз ҷумла зиёд намудани дараҷаи илмӣ ва баланд бардоштани сифати лексияҳо ва дарсҳои амалӣ мусоидат мекунанд. Натиҷаҳои корҳои тадқиқотии устодони факултет барои навиштан ва таёр кардани дастурамалҳои таълимӣ, тавсияҳои методӣ,  омода намудани мақолаҳо барои конфронсҳои илмӣ ва амалӣ, ҳамчунин барои гузаронидани семинарҳои илмӣ ва назариявӣ истифода карда мешаванд.

Дар кафедра доираҳои илмии донишҷӯи «Маблағгузори ҷавон» мавҷуданд. Донишҷӯёни доимӣ ҳисоботи илмии худро дар соҳаҳои зерин пешниҳод мекунанд: низоми молиявӣ, низоми бонкӣ, низоми андоз.

Дар кафедра 25 гурӯҳҳои таълимии рӯзона мавҷуданд. Омӯзгорони зиёди ин кафедраҳо нозири гурӯҳҳо мебошанд. Мутахассисон ва омӯзгорони кафедра ба кори таълимии донишҷӯён диққати ҷиддӣ медиҳанд. Корҳои таълимӣ ба Консепсияи миллии таълимии ҷавонон асос ёфта, ба ҷанбаҳои зерин таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд: идеологӣ, миллӣ, ватандӯстӣ, иқтисодӣ, эстетикӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра.