Кафедраи “Забонҳои тоҷикӣ ва русӣ”

Кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ соли 2010 дар заминаи кафедраи забонҳо таъсис ёфтааст. Фанҳои таълимии кафедра аз забони тоҷикӣ, педагогика ва психология, забони русӣ ва алифбои ниёгон иборатанд.  Солҳои 1999–2008 сарварии кафедраро н.и.ф., дотсент Абдуллоев Қ. Р. (кафедраи забонҳоро, ки фанҳои забони англисӣ ва забони арабӣ низ таълим дода мешуданд) ба ўҳда дошт.

Аз соли 2008 то соли 2015 н.и.ф., дотсент Раҳматова С. А. вазифаи мудири кафедраро ба зимма гирифт. Аз моҳи октябри соли 2015 то моҳи феврали соли 2018 вазифаи мазкурро н.и.ф., дотсент Бобоев С. С. иҷро намуд. Аз моҳи феврали соли 2018 то инҷониб вазифаи мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русиро Файзиева С.А. ба зимма дорад.

Ҳадафи асосии устодони кафедра ба шогирдон омўзонидани забони давлатӣ, инкишофи маданияти суханварӣ, бой гардонидани захираи луғавии донишҷўён аз рўи ихтисос, боз ҳам баланд бардоштани маданияти муоширати касбӣ, бедор намудани шавқу завқ нисбат ба адабиёти бадеӣ ва маводи матбуоти давр мебошад. Инчунин, омўзиши забони русӣ, азхуд намудани асосҳои илми замонавӣ ва инкишофи тафаккури тахассусии мутахассисони оянда яке аз самтҳои асосии фаъолияти устодони кафедра ба ҳисоб меравад.

Дар кафедра корҳои тадқиқотӣ 1 нафар докторант ва 2 аспирант гузаронида истодаанд. Ганиева Н.Р. тадқиқоти илмӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои психологиологии симои намунавии забонҳои ҷаҳон» мегузаронад. Холшехова С.А. – аспиранти ДДХ ба номи Б.Гафуров  – дар зери назорати роҳбари, д.и.ф., профессор Хасанов А.А. дар мавзӯи “Хусусиятҳои истифодаи калимаҳои тоҷикӣ дар забони қадимаи русӣ (асрҳои XI-XIV)” корбарӣ мебарад. Муаллимаи калон – Шерматова Ш.М. инчунин аспиранти ДДХ-и ба номи ак.Б.Гафуров мебошад, бо корҳои илмие, ки дар мавзӯи: ««Безэквивалентная лексика при переводе художественных произведений русских и таджикских писателей» кор мекунад.