Кафедраи “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит”

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, ҳамчун қисми таркибии факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии ДИС ДДТТ, фаъолияти кории худро, бо унвони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва молияи ДИС ДДТТ аз соли 1998 оғоз намудааст. Дар даврони фаъолияти худ кафедра, дар асоси қарори Шўрои олимони ДИС ДДТТ аз 01.09.2010 бо фармони директори донишкада, ба кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит табдил дода шудааст.

Дар тўли фаъолияти кафедра аз лаҳзаи ташкил вазифаи мудири кафедраро аз соли 1998 то 2001 сол – Аълочии Кооператсияи Матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллими калон Теблоев Хазмат Санакоевич, аз соли 2001 то соли 2010 – дорандаи нишони фахрии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  н.и.и., дотсент Қурбонов Замоналӣ Қурбонович, аз соли 2010 то соли 2015 н.и.и., дотсент Қаюмов Абдуғафур Абдушукурович иҷро намудаанд.

Аз декабри соли 2015 то 29 июни соли 2021 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисод Шарипова Мавзуна Нарзуллоевна ба ўҳда дошт.

Аз 29 июни соли 2021 то ин ҷониб вазифаи мудири кафедраро Абдураҳмонова Муқадамхон Зокировна иҷро менамояд.

Дар кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, дар маҷмўъ ҳайати шахсии омўзгорон 24-нафарро дар бар мегирад, ки аз он: 16-нафар омўзгорони муқимӣ, 4-нафар ҳамкорони доимии дохилӣ, 3-нафар ҳамкори берунӣ ва 1-нафар лаборантро ташкил медиҳанд. Инчунин, дар ҳайати умумии омўзгорон, 2-нафар дотсент, 2-нафар н.и.и., 6-нафар муаллими калон ва 6-нафар ассистентон иборат мебошанд.

Омўзгорони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит барои таълими донишандўзон ва тайёр намудани муттахассисони соҳибкасб ва ҷавобгўй ба талаботҳои бозори меҳнат аз фанҳои тахассусии баҳисобгирии бухгалтерӣ ва дигар фанҳои мутталлиқ ба ихтисоси мазкур, ки дар маҷмўъ зиёда аз 30 фанни таълимиро дар бар мегирад, таълим медиҳанд.