Эмомалӣ Раҳмон – меъмори давлати навини  тоҷикон

Мардуми сулҳпарвару адолатхоҳи кишвар хизматҳои бузургу шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Асосгузори Тоҷикистони мустақил, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамарӯзу ҳамасоат мебинанд, мушоҳида мекунанд ва ба номи шарифу амалҳои мондагорашон арҷ мегузоранд.

Мусаллам аст, ки таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ин Иҷлосияи таърихсози миллат бо ном ва фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.

Мо ба он хотир ба ин Иҷлосияи тақдирсоз арҷгузорӣ мекунем, ки бо шарофати он на танҳо ба ҷанги таҳмилии дохилӣ хотима бахшида, сохти фалаҷгаштаи конститутсиониро барқарор намудем, балки ҷиҳати эҷоди  роҳи  одилонаи гуфтушуниди сулҳ ва имзои он, яъне Санади истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон муваффақ ҳам гаштем.

Таъкид намудан зарур аст, ки роҳи сулҳу оштӣ осону ҳамвор набуд, зеро на ҳамаи ҷонибҳо барои сари мизи музокирот нишастан омода буданд. Он вақтҳо ҳар рӯз як хабари нав, як рӯйдоди фоҷианоку даҳшатбор, кушторҳои бераҳмонаи ходимони давлатию нобиғаҳои касбу кори мухталиф, ғасби шаҳру навоҳии мамлакат ва нофармонии баъзе қумондонҳоро мешунидем, ки ин ҳолат воқеан ҳам барои мардуми мо воҳиманок ва ташвишовар буд.

Мусаллам буд, ки халқу миллати тоҷик дар ҳоли паркандашавӣ қарор дошт. Тамомияти арзии сарзамини тоҷикон, ин Ватани азизу муқаддаси мо зери хатар буд. Хушбахтона, бо иродаи матину тамаддуни баланди мардуми шарифу сарфарози тоҷик пеши роҳи парокандашавӣ гирифта шуд. Бо даъват шудани Иҷло­сияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Урунхӯҷаеви шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, воқеъан арзишманди таърихист. Дар  он рӯзҳо шахсони ҷудоихоҳу ҷоҳталаб бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ мардумро ба майдонҳо кашида, миёни онҳо шурӯ қиём барпо менамуданд, гурӯҳҳои ҷиноятпешаву афроди мусаллаҳи ҷинояткор ба куштор ва дуздиву ғоратгарӣ даст зада, одамони бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум ва молу мулки онҳоро аз худ менамуданд. Гурӯҳҳои мухталифу муқобили давлат ба ҳар роҳу восита ҷавононро гумроҳ сохта, бар зидди ҳамватану ҳаммиллату хонаводаи худ истифода мебурданд. Дар он давра, манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ болотар аз манфиатҳои миллӣ меистоданд. Қисми зиёди шаҳрвандони мамлакат, бахусус ҷавонон, дар зери таъсири идеологияҳои бегона ба як саргумӣ афтода буданд. Мардуми тоҷикро тарс аз барҳамхӯрии давлат ва парокандагии миллат фаро гирифта буд. Сокинони кишвар таҳавуллотеро интизор буданд, ки рӯзгорашонро ба куллӣ дигаргун намуда, онҳоро аз гирдоби ноамнӣ, тарсу ҳарос, нобоварӣ ва ноумедӣ берун кашад.

Иҷлосия бо тарафдории 186-нафар вакил, раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб, вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ҷавони кордон, болаёқату боистеъдод ва ҷасуру чолок, ки тавонад роҳбарии вакилони мардумиро ба дӯш гирад ва низоми давлатдориро барқарор кунад, ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва интихоб намуд. Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъияти ҷойдошта, ки фишоровариҳои гуногуни мазҳабию манфиатҷӯёна рафти кори иҷлосияро халалдор месохтанд, бо тамоми масъулият ин вазифаро бар душ

гирифтанд ва дар яке аз аввалин суханрониҳои худ он кас 12 декабри соли 1992, ба халқи шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, изҳор намуда буданд, ки барои ҷумҳурӣ ёрӣ расонидан ба Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат хоҳанд кард. Ва аз ниҳод дасти кумак ҷустанд. Ин иқдоми саривақтияшон роҳи дурусти раҳоӣ аз мушкилоти давр буд.

Дере нагузашта бо дастгирии кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти бозгардондани гурезаҳо ба ҷойҳои сукунати доимӣ ва барқарор кардани манзилҳо ва иншооти дар рафти ҷангҳо харобгардида корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.

Барои ноил шудан ба мақсадҳои неки худ ва малҳам шудан ба дарди ҳар як фарзанди миллати тоҷик, ки дилашон аз ҷабри ғарибӣ реш буд, Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар карда, бо иродаи қавӣ ваъда дода буданд: «Ман намегузорам, то нафаре аз мардуми Тоҷикистон берун аз кишвар азоби ғарибӣ бубинад, ҳатто агар лозим ояд ҷони худро нисор месозам!» ва «То як тоҷик дар ғурбат аст, ором нахоҳам шуд». Сарвари давлат ба ин суханҳои худ вафо карда, мардуми ғамзадаро аз ғурбат раҳо намуданд.

Дар натиҷаи саъю кӯшишҳои шабонарӯзӣ танҳо у тавонист мардуми парешону парокандаи тоҷикро дар рӯзҳои даҳшатбору фоҷиабори кишвар сарҷамъ орад, ҷон ба гарав монда аз сарзамини ҳамсояи ҷангзадаи Афғонистон ба Ватан бо суханҳои самимиву лутфу меҳрубонӣ пиру барноро ба Ватан хонад. Фаромӯшии ин рӯзҳои сангини миллат фаромӯшии таърих ва асолати хеш аст. Он шабу рӯз ба амнияту якпорчагии миллат хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Танҳо ҷасорату ғайрати Эмомалӣ Раҳмон расид, ки ин ҳама бори масъулиятро бар душ бигирад ва манфиати ҳамватанон ва кишварро аз ҳама болотар гузорад. Ба ҳамагон аён аст, ки дар азми кардааш устувор монда, тули қариб 5 сол бо саркардагони гурӯҳи мухолифин панҷ даври гуфтушунид ва ҳафт мулоқот орост, ки оқибат ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гардид. Ин азму талош ба осонӣ ба даст наомада, балки шуҷоату қаҳрамонӣ, ҷонбозиҳо дар роҳи расидан ба мақсадро талаб менамуд. Қавлу қасам, вафодорӣ, меҳрубонӣ, ҷасорату шуҷоат, ҷавонмардӣ, садоқату маҳаббат нияту қалби поки у буд, ки тамоми марҳилаҳои душвори таърихиро паси сар намуд. Дар ин роҳи душвор боварию муҳаббати мардум зарур буд, ки онро Сарвари давлат сазовор шуд.

Аҳмадшоҳи Масъуд боре дар ҷавоби ин пойфишориҳои Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Ба давлати шумо раҳмати Худо омадааст ва чунин неъмати бебаҳоро ҳаргиз аз даст надиҳед!». Ин марди оқил ва далер Сарвари давлати моро «неъмати бебаҳо» номид.

Дар ҳақиқат, як неъмати бебаҳо чун армуғони ҳама талошҳо насиб гаштааст.

Шароити кунунии Тоҷикистон зери вазъи сахти сиёсии минтақаҳои гуногуни олам торафт шиддат гирифта, буҳронҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ ва дигар омилҳо сабабгори батадриҷ коста гардидани ахлоқи ҷомеа мегарданд.

Ҳар як халқу миллати дунё фарзандони арзанда ва лоиқ дорад, ки барои беҳбудӣ, хушбахтӣ ва саодати мардум заҳмат ба харҷ дода, дар дилу дидаи халқ ҷой гирифтаанд. Корнамоӣ, қаҳрамонии онҳоро ба воситаи нақлу ривоятҳо зинда мегардонанд ва беҳтарин орзую умеди худро ба симои онҳо марбут медоранд. Имрӯз таърих гувоҳи он аст, ки: «Беҳонро некӣ ба ком аст» ва дар симои як марди хирадманд дилҳои шикастаи халқ даво ёфта, заминҳои ба харобазор табдил ёфта, обод шудааст.

Дар зиндагии худ ҳар як ҷавон нафареро ҳамчун шахсият эътироф намуда, кӯшиш менамояд, ки ба монанди ӯ сухан гӯяд, рафтор кунад ва ҳатто шакли зоҳирияшро мутобиқ созад, намунаи ибрат инсоне шуда метавонад, ки дар рафтор, гуфтор ва кирдори он нуқсон ҷой надорад.

+ шахсияти созанда, ислоҳотчӣ, сиёсатмадори оқилу хирадманд аст. + дар оғози касби истиқлоли кишварамон гуфта буд, ки омода аст ҷони худро барои халқу миллат ва Ватани худ фидо намояд. Ва имрӯз низ ӯ ба ин суханони худ содиқ аст. Маҳз барои ҳамин халқ ӯро дастгирӣ мекунад. Ҳамаи он чи, ки ӯ пешниҳод кардааст, ҳеҷ гоҳ бар хилофи иродаи мардум ва ба муқобили манфиатҳои миллӣ набудааст.

Халқи мо дар атрофи Президенти худ муттаҳид гашт, нерӯманд шуд. Президенти ҳар мамлакат шаҳсутуни ҳамон давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷикон, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншооти муҳими кишвар далели корнамоии беназирӣ Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ба навиштаи бархе аз таърихнигорони дохилу хориҷи кишвар Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам бозёфти ҳамин Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин раҳми Худованд буд, ки маҳз ҳамин шахс барои ором сохтани вазъи муташанниҷ ба зуҳур омад. Бо вуҷуди муддате идома ёфтани ҷангу ҷидоли миёни тоҷикон иродаи матин ва қатъияти ҳамин шахсият буд, ки дар ниҳоят халқу Ватани азизи мо аз гирудори воқеаҳои нангину вазнини нобасомониҳо, нафрату бадбиниҳо ва ҳамдигарнофаҳмиҳо наҷот дода шуд. Бо эътимоди комил гуфта метавонам, ки ягон фарди дигар аз уҳдаи чунин рисолат баромада наметавонист.

Барои қиёс бигирем Афғонистони ҳамсоя ё дигар мамолики ҷангзадаи дунёро, ки чандин солҳо авзои пурташаннуҷи кишварҳояшонро ба ифоқа оварда наметавонанд. Дар ин давлатҳо бисёр абарқудратҳо мудохилаи низомӣ ҳам карданд, аммо вазъро ором ва сулҳу суботро таъмин карда натавонистанд. Сабабаш ҳамин буд, ки ин миллату халқҳо ва кишварҳо пешвои қотеъ ва ғаюру фидоӣ надоранд. Ин миллати тоҷик буд, ки Пешвоеро чун Эмомалӣ Раҳмон Худованд барояш эҳдо намуд.

Ба қавли шоир Муҳаммад Иқбол:

Худо ин миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Дар дунё шахсиятҳое ҳастанд, ки дар умури давлатдорӣ метавонанд нақши таърихӣ дошта бошанд. Онҳо бо маҳора­ту истеъдоди роҳбарӣ, маҳбубияти дар миёни ммрдум доштаашон қудрате доранд, ки халқро сарҷамъ намоянд ва ба масири созандагӣ ҳидоят намоянд. Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин гуна хислатҳои наҷибашон на танҳо ҷангу хунрезии миёни намояндагони як миллатро хомӯш карданд ва равандҳои марказгурезиву минтақагароиро баҳам заданд, бал­ки давлати дар варта қарор доштаро ба маънои томаш наҷот бахшид.

Маҳз дар Иҷлосияи 16-ум Сар­вари давлат ҳамоно баъди ин­тихоб шуданашон аз мардуми саросари кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар атрофи ғояи                 «Тоҷикистони соҳибихтиёр – Ватани маҳбубу ягонаи мо» ба ҳам омада, муттаҳиду якдилу яктан шаванд. Хушбахтона тамоми сокинони мамлакат ин даъватро сарҷамъона пазируфтанд ва барои барқарории сохторҳои қонунии кишвар камар бастанд. Аз ҳамин давра марҳилаи нави ба эътидол овардани вазъи си­ёсию иҷтимоӣ оғоз ёфт. Бинобар ин мардуми мамлакат Иҷлосияи мазкурро тақдирсозу ҳалкунанда унвон кард.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон воқеан ҳам рӯйдоди таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аввалин қадамҳо гузошта шуд. Дар бораи нақши муҳими Иҷлосияи XVI воқеанигорон ва таърихнависон фикру ақида­ҳояшонро аллакай баён доштаанд. Мардум ба аҳамияти тақдирсози он арҷ мегузоранд ва заҳмати бузургу талошҳои вакилони ҳамонвақтаро барои оромию субот қадрдонӣ менамоянд.

Маҳз дар ҳамин Иҷлосия рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон – Парчам ва Нишони давлатӣ қабул ва тасдиқ шуд, ки ин аз эҳсоси ватандустӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номус дар ҳамон давраи муташанниҷ дарак медод. Ҳарчанд, ки мо дар шароити истиқлолият зиндагӣ доштем, мутобиқи Конститутсияи замони шуравӣ фаъолият мекардем.

Дар ҳамин замина ба эҷоди сохти нави давлату давлатдорӣ, эъмори ҷомеаи тозаистиқлол ибтидо гузошта шуд. Дар ҳамин ҷо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси ҷомеаи То­ҷикистон қарор гирифт. Бо мурури замон дар заминаи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба ислоҳоти демократии ҳаёти давлату ҷомеа шурӯъ намуда, пай дар пай ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аъзо шудем.

Шароити мусоид ба вуҷуд омад, ки сохти давлатдориамонро такмил диҳем, қонунҳои нав таҳия намоем ва ба санадҳои қонунгузорӣ тағйироту иловаҳо ворид кунем. Дар заминаи суҳбату мулоқотҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардум чандин пешниҳодҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба назар гирифта шуд, ки дар ниҳоят Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро мавриди баррасӣ ва тасвиб қарор дод. Қонуни мазкур воқеан ҳам аз ҷониби мардум ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт ва дар ҷомеа як таҳаввулот ё ки инқилоби фарҳангию мaънавиро ба вуҷуд овард.

Дар доираи Соли ҷавонон, ки аз ҷониби Президенти кишвар эълон гардид, насли ҷавон боз ҳам бештар ташаббусу иқдомҳои созандаро амалӣ намуда, дар амри бунёдкории Ватан саҳми муносиб гузошта истодаанд. Дар ин замина тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳанг вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи ҳамаи сохторҳо, аз ҷумла рисолати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Таваҷҷуҳ ба ин мавзуъ дар замони чаҳонишавии манфиатҳо, ки баробари падидаҳои нек зуҳури ҳаракату гурӯҳҳои тахрибкорро низ дар пай дорад, бояд аз мадди назар дур набошад.

Ҷавонон бояд донанд, ки бунёди ҷомеаи озод, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, аз талаботи воқеияти имрӯза мебошад. Ҷомеае, ки ҳар фарди он худро озод ҳис менамояд, дар айни замон метавонад, ки тамоми нерӯи зеҳнӣ, ақлонӣ ва ҷисмониро барои пешрафти хеш ва дар маҷмуъ барои рушди ҷомеа истифода намояд.

Он ҳадафи бузурге, ки мо дар назди худ гузоштаем, яъне ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баровардани давлати тоҷикон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ҷавонони мо то чӣ андоза барои азхудкунии дастовардҳои илму техника, омӯхтани забонҳо, арзишҳои нави башарият кӯшишу ғайрат нишон медиҳанд.

Ҳар миллат бояд тақдирашро ба дасти худаш нависад, на ба дасти дигарон. Ба ёд овардани чунин ҳодисаҳо ба он хотир лозим аст, ки мо тавонем воқеияти таърихиро бо ҳама бурду бохт, бо паҳлуҳои мусбату манфӣ ва омилҳои объективию субъективии он арзёбӣ намуда, ба дасисабозии пасипардагии душманони миллати тоҷик фирефта нашавем.

Зеро дар раванди ташаккулёбии худшиносии миллӣ маърифат ва огоҳии сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ ва зиракии сиёсӣ шарти муҳимтарин аст. Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандии мо паст рафтани маънавиёт дар миёни баъзе табақаҳо ва кунд шудани хотираи таърихӣ буд. Ба ибораи дигар, дар ҷараёни густариши худшиносии миллӣ ифтихор кардан аз таъриху тамаддуни гузашта, ниёгони бофарҳанг ва арзишҳои фарҳанги миллӣ басанда нест.

Бинобар ин ҳамоно баъди Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии чумҳурӣ бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри давлатсозиамон корро аз гузоштани заминаи ибтидоӣ ва асосҳои ғоявии сулҳи миёни тоҷикон, консепсияи сиёсати оштии миллӣ оғоз кардем, ки тадбирҳои нигоҳ, доштани як-порчагию тақсимнопазирии марзҳои Тоҷикистон, пуштибонии истиқлолияти миллӣ ва рукнҳои давлатдории ягона ҳадафҳои бунёдӣ ба шумор мерафтанд.

Ҳукумати Тоҷикистон баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсис додани артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ ва амнияту милитсия оғоз намуд, то ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, пурзӯр карда шуда, амнияти давлатӣ таъмин ва дастовардҳои истиқлолият ҳимоя ва афзун гардонда шавад. Ваҳдати миллӣ дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардид.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид.

Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон ба мо муяссар гардид, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ намоем. Дар замони ниҳоят пуртазоди соҳибистиқлоӣ нақши созандаи сулҳу ваҳдат, пеш аз ҳама, дар амри таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро амалан таъмин мекунад, равшантар зоҳир гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саъю талоши мардум аз эҳтирому риояи ҳамешагии он башорат медиҳад, ҳамчун асоси таҳкими ваҳдати миллӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандонро, сарфи назар аз ҷинс, наҷод, эътиқоди динӣ ва мавқеи сиёсӣ кафолат дода, меъёрҳои он барои эҳтироми байниҳамдигарии тамоми аъзои ҷомеаи мо заминаи боэътимод гузошта истодааст.

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳоммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштаанд. Чанд ҳазор сол пеш қабул гардидани аввалин Эъломияи ҳуқуқу башари Куруши Кабир, ки то имрӯз моҳияти худро гум накардааст, далели равшани фал­сафаи таҳаммулгароии ниёгони мо ва эътирофи ваҳдати миёни халқу миллатҳо ва дину мазҳабҳо аз ҷониби онҳо мебошад.

Ҳамчунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма бо дарки масъулият дар назди халқу Ватан дар ҷодаи таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии мамлакат иб­тикори ҳамешагӣ нишон медиҳанд. Ҳама гуна ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои иҷтимоӣ бояд манофеи ҳизбию гуруҳиро аз манфиатҳои умумимиллӣ боло нагузоранд, балки барои обрӯи ха­лқу миллат талош варзанд.

Дар ҳар гуна ҷомеа ва ё давлати демократӣ бояд мухолифати солим ё ки аҳзоби тибқи муқаррароти Конститутсия фаъолиятдошта мавҷуд бошад. Мо ҷонибдори мухолифат ва ё оппозитсияи солим мебошем. Оппозитсия барои он зарур мебошад, ки дар баробари ҳукумат қарор гирифта, камбудиҳоро ошкор намояд, камбудиҳоро рӯйрост гӯяд. Барои ислоҳи онҳо талош намояд, монеа нашавад. Танҳо бо роҳи демократӣ, яъне бо воситаи ширкат варзидан дар интихобҳо ҳадафу мақсадҳояшро амалӣ гардонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно баъди баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ ба тамоми мардум, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо муроҷиат намуда, даъват карданд, ки ба эҳсосот дода нашавем, Ватани худро танҳо худамон обод мекунем. Бинобар ин ба суханони душманони миллат фирефта нагардем ва зархариди давлатҳои бегона набошем. Табиист, ки мардуми ташнаи сулҳ ин даъватро пазируфт ва он ба таҳкими сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ мусоидати калон намуд.

Ба шарофати сулҳу субот ва ризоияти миллӣ, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи қонун, дар ҳаёти ҷомеа ҷорӣ намудани гуногунандешии сиёсӣ имкон дод, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо риояи ҳуқуқҳои баробари ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ сурат гирифт. Ва парламенти Тоҷикистон амалан мақоми олии қонунбароре гардид, ки дар он намояндагони ҳизбҳои сиёсии гуногун то имрӯз якҷоя фаъолият намуда, дар таҳия ва қабули қонунҳо ва барномаҳои муҳими давлатӣ ширкат карда истодаанд.

Аз рӯзҳои нахустин Роҳбари мамлакат барномаҳои мукаммали давлатиро тарбрезӣ намуданд, ки асоси онҳоро рушд ва эъмори давлатӣ, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ чун стратегия ва дурнамои тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ташкил намуданд. Дар бахши таҳкими истиқлолияти энергетикӣ дар кӯтоҳтарин фурсат тибқи шартномаи сармоягузории шарикони боэътимоди стратегӣ ду нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Қабули «Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давоми солҳои 2009-2020», оғоз бахшидан ба сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва иваз намудани маҷрои дарёи Вахш, ки бузургтарин нерӯгоҳи минтақа маҳсуб меёбад, раванди ислоҳоти энергетикиро дар мамлакат майлони тозае бахшида, Тоҷикистонро ба кишвари манбаи нур ва равшанӣ табдил хоҳад дод.

Дар бахши раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ бузургтарин саодат барои сокинони вилояти овозадори Суғд насиб гардид, ки дар зимни амалкарди ин барномаи муҳим дар кутоҳтарин фурсат шоҳроҳи бузурги Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо шумули нақби Шаҳристон ҳамчун бахши муҳими Шоҳроҳи таърихии Абрешим эҳё гардида, муҳимтарин василаи пайванди вилояти Суғд бо тамоми манотиқи Ҷанубу Шарқӣ ва маркази мамлакат – шаҳри Душанбе дар тамоми сол гардид.

Дар бахши амнияти озуқаворӣ муҳимтарин корҳо ба анҷом расиданд. Ислоҳоти замин дар аввалин мавқеъи давлатдории Сардори давлат қарор дорад. Ба қавли худи Пешвои миллат, замин ба дасти соҳибаш расид. Деҳқон бо дастгирӣ ва пуштибонии Пешвои миллат соле як не, ду-се кишт мегузаронд ва ҳосили дилхоҳ мебардорад. Бо ин васила, деҳқони соҳибкор бозори кишварро бо маҳсулот фаровон намуда, имрӯз ба хориҷи кишвар низ содирот карда истодааст.

Зина ба зина, сол ба сол ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли худро ёфта истодаанд. Яке аз муҳимтарин ва муқаддамтарин ҳадафҳои ҳукумати Ҷумҳурӣ такмил ва рушди соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Баҳри амалӣ гаштани ин ҳадаф Қонунҳои силсилапайванди миллӣ ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва баъди райъи мардум ба тасвиб расидаанд, ки дар пиёда намудани ин қонунҳо аҳли ҷомеа дастаҷамъона камари ҳиммат бастааст.

9 ноябри соли 2017 Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди Терминали муосири нақлиётӣ, азнавсозии «Кӯли Варзоб», сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Дуои Модар» ва корҳои созандагӣ дар мавзеи «Сафед-дара» шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд.

Нахуст дар маҳалли сохтмони терминали нақлиётӣ, ки идомаи бунёди терминалҳои муосири нақлиёти мусофиркашу боркашонӣ мебошад, Сарвари давлат бо мавзеи бунёд ва тарҳи лоиҳаи он шинос шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки терминали нақлиётӣ дар қисми шимолии шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 5,80 гектар ба нақша гирифта шуда, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар самти Ғарбии шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», назди соҳили дарёи Варзоб ва чорроҳаи Чорбоғ бунёд хоҳад гашт.

Маблағи умумии корҳои сохтмонии Терминали мазкур 7,5 миллион сомониро ташкил дода, он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиквнештранс» бунёд карда мешавад. Лоиҳаи терминали муосир аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ» таҳия шудааст.

Дар ин терминал анборҳои нигаҳдории молу маҳсулот, таваққуфгоҳҳо барои воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш, меҳмонхона, маркази логистикӣ, нуқтаҳои савдо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла маркази таъмири воситаҳои нақлиёт ва дигар инфрасохтори зарурӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои  ронандагону мусофирон ва меҳмонон аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам оварда мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *