Эмомалӣ Раҳмон маҷрои таърихи навини Тоҷикистонро дигаргун сохт

Таҷрибаи таърихии инсоният собит менамояд, ки ба қонунмандии инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ, ки барои такомули муносибатҳои иҷтимоӣ хеле зарур аст нигоҳ накарда,  нақши субъектҳои сиёсӣ дар ташаккул ва рушди равандҳои сиёсӣ хеле муассир мебошад. Ин мавзӯъ дар давраҳои гуногуни инкишофи илмҳои ҷомеашиносӣ, аз ҷумла фалсафаи иҷтимоӣ, якранг баррасӣ нагаштааст. Дар бисёр мавридҳо масъалаи раванди сиёсӣ ва нақши субъект дар ин ҷараён таҳрибкорона, хӯрдагирона ва ғайривоқеъбинона матраҳ гашта, умуман нақши шахс дар рушди соҳаи сиёсии ҷомеа инкор карда мешуд. Ин нукта аз ҷониби муҳаққиқи тоҷик Г.Зокиров таъкид гаштааст. Аз ҷумла ӯ чунин менависад: “Муќаррар намудани субъектҳои раванди сиёсї чандон кори осон нест. Зеро то ҳол назария ва методологияи муносибат ба масъала комил нагаштааст.   Муҳаққиқ С. Ятимов душвории муайян намудани субъекти раванди сиёсиро дар мушкилии азҳамҷудокунии мафҳумҳои “субъекти ҳуқуқӣ” ва “субъекти сиёсӣ” муайян намуда, онро воқеъан ҳам масъалаи хеле душвор меҳисобад. Ӯ қайд менамояд, ки субъекти ҳуқуқӣ ин шахсест бевосита ё бавосита (тавассути шахси дигар) имконияти амалигардонии ҳуқуқу вазифаҳои худро дорад. Вақте ки давлат шахсро ҳамчун субъекти ҳуқуқ мешиносад, ҳамзамон мақоми сиёсии онро дар назди давлат ва дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ муайян менамояд. Аммо мафҳуми субъекти сиёсӣ каме дигар мазмунро ифода менамояд. Падидаи субъекти сиёсӣ ба далели тавлиди шахс дар макони муайян, ки номи амиқи ҷуғрофии худро дорад ва аз рӯзи тавлид мақом, ҳуқуқу озодиҳои ӯ тибқи конститутсия ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ муайян карда мешавад, ифода менамояд. [2:2] Вале, ба андешаи мо дар маънидод намудани мафҳуми субъекти сиёсӣ фақат ба омилҳои табиӣ-ҷуғрофӣ такя намудан кифоя нест, зеро субъекти сиёсӣ бештар ба шароитҳои вуҷуди шахс дар воқеъияти сиёсӣ вобаста буда, дар муносибати ӯ ба раванлҳои сиёсӣ ифода меёбад. Аз ҷумла, ба субъекти сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон вазъияти сиёсӣ, маќоми геополитикӣ, тарзи ҳаёт, аҳолӣ ва ѓ. таъсир мерасонанд. Шуури сиёсии мардуми Тоҷикистони муосир дар зери таъсири заволи давлати абарқудрат, ҳолати баъдимоҷарої ва кӯшишњо баҳри дарёфти самти инкишоф, сатҳи зарурии зиндагї рушду нумӯъ меёбад.

   Дар замони бунёди давлати демократӣ ва ҳуқубунёд ҳар чӣ бештар қишрҳо гуногуни ҷомеа ба доираи сиёсат кашида шуда истодаанд. Таҷрибаи ҷомеасозии солҳои охир собит менамояд, ки шахси берун аз сиёсат, ҳатто агар он даъво намояд, ки “ ман аз сиёсат берунам” вай лоф мезанад. Ҳоло Арасту таъкид дошт,ки “инсон табиатан мавҷуди сиёсист, инсоне, ки худро берун аз давлату сиёсат меҳисобад вай аз лиҳози маънавӣ такомул наёфта мебошад… Гомер бошад чунин инсонҳоро мазамат намуда онҳоро беавлод, беқабила, берун аз қонун ва бе хонаву ҷой номидааст Чунин инсонҳо ҳамеша ташнаи ҷангу ҷидолҳо мебошанд,” Таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки  одамон новобаста аз хоҳишашон ба сиёсат рӯ меоранд, иштирокчии раванду ҳодисаҳои ҳаёти сиёсӣ мегарданд. Сатҳи иштирок ё фаъолияти сиёсии одамон дар раванди идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ ҳар гуна сурат мегирад. Сабабҳои рӯоварӣ ба сиёсат иштирок дар идораи корњои давлатию чамъиятӣ гуногун буда, аз макону замон, хоҳишу талабот ва манфиатҳои одамон вобастаанд.

    Яке аз сабабҳои муҳими рӯовариҳои сиёсии одамон пайдоиши давлат мебошад. Аз таърихи инсоният маълум аст, ки дар ҷомеаҳои дифференсиатсия нашуда давлат вуҷуд надошт. Субъектҳои сиёсӣ, агар онҳоро чунин номидан раво башад, дар доираи роҳбалади қабила, доҳӣ маҳдуд мешуд, ки онҳо аз рӯи тафаккур ва анъанаҳои асотирӣ қабилаи худро идора менамуданд. Одамон ғайри фаъол буда, фақат иродаи доҳии худро ба ҷо меоварданд. Бинобарин, мардум аз санъати идоракунӣ, ҳамкории сиёсӣ ва ҷараёнҳои сиёсӣ бархурдор набуданд. Фақат баъд аз тақсими меҳнат, пайдоиши моликияти хусусӣ, зуҳуру дарки манфиатҳо давлат ҳамчун ниҳоди бузурги иҷтимоиву сиёсӣ пайдо шуд. Ин давраи тобеъшавии гурӯҳи калони одамон ба ҳамин гуна одамони дигар буд, яъне давраи пайдоиши муносибатҳои ғуломдорӣ мебошад. Маҳз аз ҳамин давра ҷараёни сиёсишавии одамон оғоз ёфт. Тафаккури ғулом, ки ба касе тобеъ буданашро дарк менамояд, ин аллакай тафаккури сиёсӣ мебошад. Ҳодисаи ба синфҳо ва табақаҳои дигар тақсим гаштани ҷамъият сабаби пайдоиши сиёсат ва зарурати идоракунии сиёсии ҷомеаро ба миён овард.Бешубҳа, вақте, ки сухан аз боби сиёсат ё идоракунии сиёсӣ ҷомеа меравад, мо дар бораи давлат фикр мекунем, зеро дар илмҳои ҷомеашиносӣ эътироф гаштааст, ки давлат ин субъекти асосии ҷараёни сиёсӣ буда, маҳз тавассути мақомоту дастгоҳҳои он идоракунии сиёсии ҷомеа ба амал бароварда мешавад. Аммо давлат худ ба худ ба вуҷуд наомадааст, вай натиҷаи таҳаввулоти дуру дарози иҷтимоӣ – таърихӣ буда, ба хотири дифою ба амалбарории манофеъи синфҳо ва гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ арзи вуҷуд намудааст. Унсури асосии ташкилдиҳандаи синфҳо ва дигар қишрҳои иҷтимоӣ фардҳо, яъне инсон мебошад. Аз ин хотир инсон кувваи асосии таҳаррукдиҳандаи давлат буда, маҳз вай бо мақсади амали намудани манфиатҳои хеш, орзую ормонҳо, ҳадафу мақсадҳояш давлатро рӯи кор меорад, Давлат муаммоҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву сиёсиро ҳал менамояд, таҳдиду хатарҳои ба сари ҷомеа омодаро пешгири менамояд. Дар ин раванд нақши шохаҳои давлат, мақомотҳо, корхонаву идораҳо кам нестанд. Аммо маҳз давлат ҳамчун ниҳоди томи иҷтимоӣ ва инсони сиёсӣ субъектҳои асосии низоми сиёсӣ маҳсуб меёбанд. Сиёсатмадор ва олими шинохтаи илми сиёсат С, Ятимов дар ишора ба ғояи Томас Карлейп  таъкид менамояд, ки “Таърихи дунё – таърихи одамони бузург мебошад”. Аз ин лиҳоз тақдири давлатҳои пешин ва муосир бевосита бо номи шахсиятҳои бузург вобаста мебошад. Барои исботи ин андеша дур рафтан зарур нест. Беҳуда нест, ки давраҳои муайяни тараққиёти таърихи инсоният бо номи Искандари Мақдунӣ, Чингизхон, Амир Темур, Бонапарт Наполеон, Пётри I, Исмоили Сомонӣ ва даҳҳо дигарон вобаста менамоянд.

   Вобаста ба ин, солҳои охир ҳангоми баррасии  муаммои субъекти сиёсӣ дар афкори иҷтимоиву илмӣ мавзӯи Пешвои сиёсӣ мавриди қазоватҳои фарогир қарор дода мешавад. Агар ба таърихи ташаккули ҷамъият назар андозем, ба ном ин мавзӯи нав, дар асл хеле куҳан мебошад. Аниқтараш вай баробари арзи вуҷуд намудани давлат ба миён омадааст, зеро на ҳар як шахс манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба инобат гирифта, онро   идора карда метавонист. Яке аз саромадони  фалсафаи Юнони Қадим Афлотун таъкид карда буд, ки бояд давлатро хирадмандон идора намоянд. Онҳо бояд илму маърифатро пазируфта, халқро сӯи саодатманди раҳнамоӣ карда тавонанд Оид ба сифатҳои сардори давлат ҳоло Т.Мор, Т.Кампанелла, Л. Монтескё ва даҳҳо дигарон низ ибрози андеша намудаанд. Ин масъаларо мутафаккири машриқзамин Абунаср Форобӣ низ аз дидгоҳи шаҳри комил ва нокомил мавриди омӯзиш қарор додааст. Ӯ дар рисолааш “Сиёсати шаҳрвандӣ” дар бораи сифатҳои сарвари давлат (Пешвои сиёсӣ) сухан ронда таъкид намудааст, ки ӯ “табиатан бояд ба таври аъло фаҳмад, ки ба ӯ чӣ мегӯянд, онро дарк намояд, шаҳрванд чиро дар назар дорад ва то кадом андоза он чизе, ки ба ӯ мегӯянд ба воқеъият мувофиқ мебошад. Ӯ хотираи қавӣ дошта ҳар чизе, ки мешунаваду мебинад дар ҳофизааш нигоҳ дорад, бофаросат ва дурандеш, адолатманд ва ҳақиқатҷӯ, дӯстдори илму маърифат,  ватанпарвар, ҷасур ва нотарс ва дигар сифатҳоро дошта бошад”

     Аз ин лиҳоз, муаммои пешвои сиёсӣ ҳеҷ гоҳ масъалаи шахсӣ ё ба талаботи фардӣ ва ё ба хоҳишу майлу рағбати як инсони алоҳида вобаста нест. Ҳатто касе аз рӯи хоҳиши худ ба таври зӯри ба сари қудрат ояду даъвои пешвогӣ намояду сифатҳои дар боло зикр кардаро надошта бошад, ҳокимияти чунин шахс бақоъ надорад. Аз ин рӯ, ташаккул ва амалкарди субъекти сиёсии дар ҷомеа мақоми устувор дошта падидаи саҳл нест, балки вай хеле мураккаб ва бисёр ҷанба мебошад. Уилям Шекспир мегӯяд, ки ҳаёт мисли саҳнаи театр аст ва дар он ҳар як инсон нақши худро мебозад. Вале ҳар яки онҳо дорои қобилияти худ мебошанд, ки фақат имконияти иҷрои нақши худро медиҳад. Вале саҳнаи сиёсӣ чунин нест, зеро дар ин ҷо сухан дар бораи тақдиру зиндагии ҳазорон – миллионҳо одамон меравад. Аз ин сабаб ҷомеа доимо манфиатдор аст, ки дар сари давлат субъекти сиёсие бошад, ки имконияти баланди иҷрои нақши сиёсиро дошта бошад. Вай хирадманд, соҳибтаҷриба, дурандеш, ҷасуру нотарс буда, тавонад одамонро муттаҳид намуда сари мақсадҳо равона карда тавонад. Таҷрибаи таърихӣ собит менамояд, ки на ҳар кас аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа баромада метавонад.  Зеро ҷомеа созвораи пӯё инкишофёбанда буда, дар он қувваҳои сиёсие амал менамоянд, ки манфиатҳои мухталифи хешро доранд. Дар чунин вазъият барои ҷомеа шахсияте зарур аст, ки ӯ тавонад ин қувваҳоро ақлона муттаҳид намуда, онҳоро барои рушди муназзам ва устувор равона карда тавонад. Бинобар ин, ниҳоди Пешвои сиёсӣ  дастгоҳи зарури барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳ ва билохира  омили муҳими рушди устувори низоми ҷамъият, давлат ва миллат маҳсуб меёбад.

     Дар ин радиф агар мо ба ташаккули институти Пешвои миллат дар Тоҷикистон назар андозем, оғози он ба давраи хеле мураккаби ҳаёти сиёсии ҷомеа рост меояд. Интихоби Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикисон дар он солҳои фоҷиавии 90-уми асри ХХ, вақте ки нафақат дар байни мардум, балки  байни вакилони мардуми ҳамдигарфаҳмӣ набуд, вақте ки қувваҳои сиёсии арзи вуҷуд намуда воқеан ҳам барои ҳадафҳову манфиатҳои худ мубориза мебурданд, интихоби Сарвари давлат кори саҳл набуд. Тавре муҳаққиқ И. Шарипов таъкид менамояд: “Мушкилии кор қабл аз ҳама дар он буд, ки касе ҷуръат карда масъулияти таъмини якпорчагии Тоҷикистон, сулҳу субботро дар ҷомеа, дифои манфиатҳои умумимиллӣ ва эҳёи давлати миллии тоҷиконро ба уҳда намегирифт. Дуруст аст, ки баъзе даъвогарҳо буданд, аммо онҳо аз доираи танги мафкураи маҳалгароӣ, гурӯҳӣ, мансабхоҳӣ берун баромада наметавонистанд”

    Таҷрибаи минбаъдаи сиёсӣ собит намуд, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун сиёсатмадор ва ходими давлатӣ, ки нисбат ба дигарҳо дарду доғи мардумро бештару хубтар эҳсос менамуд, дар барқарор намудани сулҳу суббот, давлату давлатдории миллии тоҷикон, таъмини якпорчагии давлат нақши ҳалкунанда бозид. Дар бисёр мавридҳо таъкид менамоянд, ки ҳангоми ба сари қудрат омаданаш ин Шахсият дар майдони сиёсат одами нав, камтаҷриба буд. Мо ба ин андеша розӣ шуда наметавонем. Шояд Пешвои миллати имрӯзаи тоҷикон  он вақт аз сирру асрори сиёсатбозӣ бехабар буданд, чунки ҳамон вақт ҳам, хозир ҳам ин хислат ба симои он кас бегона буд ва бегона мебошад, аммо набояд фаромӯш кард, ки дар ҳаёти худ Эмомалӣ Раҳмон мактаби бузурги ҳизбӣ, коргарӣ, хоҷагидорӣ ва мақомоти идоракунии маҳаллиро гузашта буданд. Муҳимтараш ин аст, ки ӯ фарзанди сарзамини тоҷикон буду ӯро ба ҷону дил дӯст медошт. Аз ин лиҳоз, бе ягон муболиға метавон зикр кард, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоеро ба сари қудрат овард, ки ӯ ҷомеаи моро аз вартаи фаноёбӣ халос кард.  Хислатҳои неки инсонӣ, иродаи қавӣ, донишу таҷриба, сабру тоқат, дурандешӣ ва таҳаммулпазирии Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон маҷрои таърихи навини Тоҷикистонро дигаргун сохт.

Шахсиятҳои бузурге, ки таърихи сиёсии миллати хешро меофаранд ва дар лаҳзаҳои ҳасос самти тараққиёти онро дигаргун месозанд, ҳар вақт арзи вуҷуд намекунанд, Дар таърихи миллати тоҷик баъд аз ҳазорсолаҳо чунин Шахсият ба саҳни таърих баромад. Ва мо бояд  ин имконияти таърихиро дарк намуда, ҳидоятҳои ин шахсиятро баҳри ободонии Ватан дар амал тадбиқ намоем”

      Мавриди зикр аст, ки дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон мустаҳкам намудани пояҳои Ваҳдати миллӣ, таъмиии сулҳу осоиштагӣ,  амалигардонии ҳадафҳои стратегии иқтисодиёти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ барномаи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб меёбад. Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки дар амали намудани ин ҳадафҳои стратегӣ нақши субъектҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама Пешво нақши ҳалкунанда мебозад. Вай ҳамчун субъекти сиёсии ҷомеа метавонад дар атрофи худ қувваҳои солим ва бунёдкорӣ ҷомеаро муттаҳид намуда, миллатро ба камоли саодатмандӣ расонад. Ин андешаҳо фақат мадҳияи Пешвои сиёсии тоҷикон нест, балки қонунияти инкишофи таърихи сиёсии башарият аст. Бубинед, солҳо сипари гаштанд, вале номи Пешвоёни сиёсӣ ба мисли Ҷорҷ Вашингтон, Шарл де Гол, Махатма Гандӣ, Индира Гандӣ, Маргарет Тетчер Маозедун, Кимэрсен, Беназир Бхутто ва даҳҳо дигарон вирди забонанд, зеро онҳо бо ақлу заковат ва таҷрибаашон тавонистанд давлат ва миллати худро ба ҷаҳониён ба таври боистани муаррифӣ намоянд. Эътироф гаштани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои сиёсии тоҷикон аз ин қонунмандии ташаккул ва рушди субъекти сиёсӣ орӣ нест. Далели радънопазир ин аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Пешвои сиёсӣ миллати тоҷик тавонист аз имкониятҳои имконпазир истифода намуда, Ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагии ҷамъиятамонро барқарор намояд, давлати тоҷиконро ҳамчун субъекти сиёсии сулҳпарвар, созанда ва шарики боэътимоди сиёсӣ дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намояд.

Солиҷонов  Расулҷон
доктори илм
ҳои фалсафа,профессор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *