Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷоннок намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои қатъӣ доданд.
Ҳафтаҳои охир расонаҳои хабарӣ оид ба номусоид будани вазъи кунунӣ дар Бадахшон маълумот доданд. Инчунин, барои даъват намудани махсусан ҷавонон ва инчунин бо мақсади даъват намудани бадахшониёни ватандӯсту ватанпарвар ба ҳамкорӣ баҳри пойдор намудани сулҳ мактубҳои муроҷиатии дӯстона аз ҳар канори кишвар равона карда шуданд. Аз ин мактубҳо бармеояд, ки вазъи имрӯзаи ВМКБ номусоид буда, дар он ҷо аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди доимоамалкунандаи байниидоравӣ барои ба танзим даровардани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии вилоят ташкил карда шудааст. Пешвои миллат мақомотҳои дахлдорро вазифагузорӣ намуданд, ки вазъи ҷинояткорӣ, ғайриқонунӣ истифодабарии силоҳи оташфишон, қочоқ, интиқол ва истифодаи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву мазҳабӣ доштаро зери назорати қатъии худ гиранд ва барои бартараф намудани ин ҳодисаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Ситоди байниидоравӣ дар ҳамкории зич бо мақомотҳои дахлдор ва шаҳрвандони ба ору номуси шаҳри Хоруғ дар самти ислоҳи камбудиҳои аз ҷониби Сарвари давлат таъкидгардида ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Натиҷаи фаъолияти якмоҳа дар ҷаласаи васеи Ситод бо иштироки фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ВМКБ муҳокима гардид.
Аз маълумотномаи ситод бармеояд, ки ба ҳолати то 22-юми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят 201 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 76 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёти Калашников», 2 адад Гранатамёт, 1 адад Комплекси зенитӣ, 40 адад «Таппонча», 13 адад «Карабин», 66адад дигар намуди силоҳ, 38 адад норинҷак, зиёда аз 5350 адад лавозимоти ҷангӣ ва 960 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд.
Ситоди байниидоравӣ бори дигар ҳушдор медиҳад, ки бояд то охирин силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супорида шавад. Имрӯз фурсати он расидааст, ки мо ҳама якҷоя дар зери шиори “Ваҳдати миллӣ — асоси зиндагии шоиста” кору фаъолият намуда, ба амали созандагӣ машғул шавем. Бояд ёдовар шуд, ки Сарвари давлат дар масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва ба тафтишот ҳозир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда нигаронии ҷиддӣ намуданд.
Дар натиҷаи роҳандозии чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта 14 нафари онҳо ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд. Ситод аз 7 нафар ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, талаб менамояд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд, чунки ҳоло ҳам дер нашудааст.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро мақсаднок ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ нақшаи муқарраршударо 120 % иҷро намуд.
Мутобиқи моддаи 14-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба мақомотҳои мазкур ҳуқуқ ва ваколат дода шудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии ҷиноятҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллӣ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, шахсони воқеъиро барои роҳ надодан ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ расман огоҳ кунанд.
22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозоровичро ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд. Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад. Номбурдагон ба Протоколи огоҳии расмӣ шахсан имзо гузоштанд.
Аз онҳо қотеъона талаб карда шуд, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд. Махсусан минбаъд ба содир намудани ҷиноятҳои зерин роҳ надиҳанд:
— ташкилу роҳбарии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ;
— даъват ва ҷалби ҷавонон бо мақсади содир намудани бетартибиҳои оммавӣ, ғасби биною иншооти давлатӣ;
— қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;
— таҳқири намояндаи ҳокимият;
— авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа;
— гузаронидани ҷамъомадҳои афроди ҷиноятпеша (сходка);
— роҳ надодан ба содир кардани ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа.
Имрӯз бо имзои худ ба мактуби огоҳӣ ба истилоҳ “лидерони сиёсӣ”-и Бадахшон изҳор доштанд, ки ҳеҷ гоҳ даст ба ҷинояткорӣ намезанад ва дар сурати даст задан ба амалҳои дар боло зикршуда қотеъона дар назди давлату миллат ҷавоб хоҳанд гуфт.
Тоҷикистон кишвари офтобию афсонавии мо замоне бо ҷурми чанд нохалафе ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки оқибатҳои ногувори онро то имрӯз мо таҳаммул мекунем. Пас ҳар як шаҳрванди баору номуси тоҷик бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расида, оромию осудагии кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намояд. Мо набояд фирефтаи афкори душманонаи бадхоҳони миллат гардем, барои мо сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин омолу ормони ҳар як шаҳрванди кишвар аст, мо намегузорем, ки ҳеҷ гуруҳе ва нафаре ба амнияту ваҳдат ва осоиштагии кишвар халал ворид созад.
Абдумавлон Азимов,
профессор, доктори илмҳои иқтисод.
Одилбой Қоситов,
дотсент, номзади илмҳои иқтисод