ДУРАНДЕШ БОШЕМ!

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Маҳз тавассути сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон ободу зебо гардида, таваҷҷӯҳи сайёҳон ба минтақаҳои зебои он афзуда истодааст. Ин бори дигар аз талошҳои пайвастаи Сарвари давлат барои муаррифии забон, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад. Тоҷикистон кишвари зебову дилнишин ва табиати хело назаррабо дорад. Мардумони фарҳангсолору соҳибмаданияташ бо иродаи қавию масъулиятшиносии беш аз пеш барои пойдору устувор намудани пояи ваҳдати миллӣ ва ягонагии он талош менамоянд. Дар воқеъ дӯст доштани миллату ватан аз назари бархе “исломдонҳо” хушоянд нест.  Баъзе мухолифону бадхоҳонро мебояд, ки пеш аз он дар бобати ислому ҳақ сухан мекуннад аввал бояд донанд, ки ислом роҳи дурусти тарбияи инсонист, на роҳи куштору таҳдид. Мардум бояд донанд,ки пеш аз он, ки ба як гурӯҳу ташкилоте пайрави кардан хоҳанд, пурра бобати фаъолияти он маълумот пайдо кунед. Вагарна ба мисоли пайравони наҳзатиҳо аз роҳи интихоб кардаи худ пушаймон мешавед. Албатта, ки ояндаи ҳар як шахс ба худи ӯ вобаста аст. Ислом одоб асту маърифат, на разолату ҷаҳолат. Ҳадафи асосии тамоми олам дар мубориза бар зидди тероризм дар он аст, ки мардуми сайёра дар тинҷиву амони зиндагии орму осуда дошта бошанд ва ҳуқуқҳои умумибашарӣ пурра ҳимоякарда шавад. Тоҷикистони тозаистиқлол низ гарчанде, ки нав ба замони мустақилияту эҳёи сулҳу субот қадам густурда бошад ҳам, барои пойдору безавол ва ҷовидона мондани ин осудагиву амнияти миллӣ талоши беш аз ҳарвақта мекунад. Барои ноил гардидан ба ин, миллати тоҷик азобу уқубатҳои хеле зиёдеро паси сар намуд ва мардуми босабру тоқати тоҷик ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда мардонавор қадам ниҳод. Вақти он расидааст, ки мо тоҷикистониҳо назари худро нисбат ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кафили озодии эътиқод ва садати мардуми эътиқодманди Ватан аст таҷдиди назар намоем. Маҳз арзишҳои миллӣ ва давлати соҳибихтиёр чӣ дар масири таърих ва чи имрӯз дар шароити муосир қодир аст, ки фазои орому ободи моро таъмин намояд. Тоҷикистон ва халқи меҳнатдӯсти он бо Пешвои муаззами худ ифтихор дорад ва барои пешрафти ин кишвари биҳиштосо ҳамавақт сайъу кӯшиш менамояд. Шукронаи ҳар субҳи Ватан менамоем, ки бо суханҳои накӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мо тоҷикистониҳо шукри ин Ватан, шукри осмони соф, шукри ин осоиштагӣ ва шукронаҳои зиёде, ки ба қадр кардани сулҳу салоҳи аз Худо ба мо насиба расида ҳидоят менамоянд. Ҷавонони гиромӣ, пеш аз он, ки ба як гурӯҳу ташкилоте пайравӣ кардан мехоҳед, пурра бобати фаъолияти он маълумот пайдо кунед. Вагарна ба мисоли пайравони наҳзатиҳо аз роҳи интихоб кардаи худ пушаймон мешавед. Албатта, ки ояндаи ҳар як шахс ба худи ӯ вобаста аст.

Дилафрӯз Ҳомидова
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *