Дар ҷаҳони имрўза яке аз хатарҳои воқеӣ ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Зеро дар як қатор давлатҳои дунё нооромиву ҷанг идома дорад.
Терроризм хатарест, ки ҳудуди он фақат як минтақа ё як кишварро фаро намегирад. Он ба амнияту тартиботи тамоми аҳли башар таъсири манфӣ мерасонад.
Шурўъ аз садаи XXI ҳодисаҳои террористӣ дар мамлакатҳои гуногуни дунё зиёд шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъоли муборизабаранда бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Зеро терроризм сарҳад надорад ва он метавонад ҳар лаҳза ба ин ё он минтақа ё давлат таҳдид намояд.
Собиқ ҳизби наҳзати ислом аз зумраи ташкилоти террористию экстремистист, ки фаъолияташ ба ноором намудани Тоҷикистон нигаронида шуда буд.
Хиёнату фиреб ва амалҳои ҷинояткоронаи ин ташкилоти террористи-экстремистӣ зиёданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат бо сарпарастии хориҷии худ ба қатлу куштор ва хунрезӣ даст задааст, ки мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ ин амалҳои ношоиста ва ғайриинсониро аз хотир намебарорад.
Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш имрўз, ба ҷуз дурўғгўию тўҳмат ва ҳангома илоҷи дигаре надоранд. Асли корро надониста, дар расонаҳои интернетӣ хабару овозаҳои бофтаю беасосро паҳн мекунанд.
Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми тоҷкик ҳеҷ вақт ба ахбори бардурўғ махсусан ба гуфторҳои разилонаи Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бовар намекунанд.
Ҳоло ҲНИ ба як ташкилоти воқеии террористӣ табдил ёфтааст, ва хушбахтона аз ҷониби Суди Олӣ фаъолияти ин ҳизб расман боздошта шуд.
Мухиддин Кабирӣ бо воситаи ҳар гуна сомонаҳои интернетӣ бо суханони бардурўғу бўҳтони худ мехоҳад ҷонибдорони худро афзун намояд.Ҳол он, ки мардуми тоҷик имрўз сулҳу оромиро аз ҳама гуна арзишҳо боло медонанд. Ин сулҳу осоиштагӣ барои ҳар як мардуми тоҷик неъмати нотакрору муқаддас аст.
Аз ин рў мебоист, ки ба қадри ин сулҳу оромӣ бирасем ва нагузорем, ки Кабирӣ барин хоинони миллат осоиштагии моро халалдор созанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ баисрор аз терроризму экстремизм танқид мекунад.
Имрўз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон барад.Зеро танҳо дар ҳамҷоягӣ метавон ба ин падидаи номатлуб ва хатарнок муқобилияти беамон бурд.
Муборизаи ҳар як узви ҷомеа ба муқобили терроризм ва экстремизм дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, арзишҳои миллӣ, фарҳангу забон ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.
То ҳол ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта аз хотири мардум дур нашудааст ва сулҳу субот, оромӣ барои тамоми мардуми тоҷик азизу муқаддас аст.
Амалҳои хоинонаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ўро ҳар як нафар мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум мекунад.
Зарипова Гулчеҳра Саидмуҳамадовна
устоди кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ