Донишҷӯи ДИС ДДТТ – ғолиби фестивал-озмуни шаҳрии “Чакомаи гесӯ”

Дар театри Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд бо ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Фестивал – озмуни шаҳрии «Чакомаи гесў» баргузор гардид. Нахуст Маъруф Муҳаммадзода аз намоиши аҳли ҳунари шаҳр ошно гардид. Ҳамзамон ба Раиси шаҳр намунаи дурдонаҳои санъати миллии тоҷик ва анъанаҳои миллӣ аз ҷониби ҳунармандони шаҳр муаррифӣ карда шуд.

Дар маросими ифтитоҳии Фестивал – озмуни шаҳрии «Чакомаи гесў» Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки фарҳанг ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа нақши муҳим бозида, аз рўзҳои аввали давлатдорӣ ба рушди ин самти муҳиму афзалиятнок, ба ташаккулу тарғиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, рушди маънавиёт, эҳёи осори фарҳанги ниёгон, боло бурдани худогоҳиву худшиносӣ, таҳкими санъати миллӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманд эътибори ҷиддӣ дода шуданд. Ҳанўз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». Дар ҳамин росто рушди бонизоми фарҳангу санъат, эҳёи суннату фарҳанги миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани он самти афзалиятноки давлатдории тоҷикон қарор дода шуд.

120 нафар довталабони Фестивал – озмуни шаҳрии «Чакомаи гесў» аз рӯйи номиннатсияҳои: “Беҳтарин ороиши мӯйбофии миллӣ”, “Беҳтарин ороиши замонавии мӯйи бонувон”, “Гесӯи дарозтарин”, “Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин”, “Беҳтарин ороиши мӯйи кӯдакона”, “Беҳтарин рассом” ва “Беҳтарин ороиши бадеии мӯй” бо ҳам рақобат намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи донишкада Анварова Ҷонсу Дуановна дар номиннатсияи “Беҳтарин ороиши замонавии мӯйи бонувон” ҷои авваро ба даст овард. Ба ғолибони озмун мукофотҳои пулӣ ва барои иштирокчиён тӯҳфаҳо аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *