Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ мегардад

Вожаи радикализм аз калимаи лотинии «radix» гирифта шуда, ба маънои «реша», «бех» далолат мекунад. Радикализм ҳамчун истилоҳ маҷмўи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун кардан, аз беху бун сарнагун сохтани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад. Радикалҳо дигаргуниҳои фаврӣ ва қатъӣ ворид намуданро ҳатто бо роҳи зўрӣ дуруст мешуморанд. Ин мафҳум ҳамчун истилоҳи илмию сиёсӣ ҳанўз дар асри 18 аввалин бор дар Англия вобаста ба Ислоҳоти интихоботӣ дар соли 1832 истифода гардидааст. Ба таври оммафаҳм калимаи радикализм маънои изҳори амали қатъӣ ва канорагирӣ карданро дорад.
Дар асри 20 радикализм ҳамчун пояи асосии идеологияи як қатор қувваҳои сиёсии чап ва рост гардид. Бо пешниҳоди ақидаҳои худ пайравони ин ҷараён муносибати номатлуб доштани худро бо низомҳои сиёсии мавҷуда баён намуда, ҳалли масъаларо дар барҳам додани онҳо диданд. Аз ин рў, радикализм бо сохти сиёсии мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст ва сайъ мекунад, ки авзоъро дар дохили ҷомеа ноором созад. Ин мақсадҳо бо роҳи расонидани иттилоот, ташкили бесарусомониҳо, тақвият додани бўҳронҳои иҷтимоӣ бо роҳи норозигии мардум, фишор овардан ба ҳокимияти сиёсӣ ва пешниҳоди ақидаҳои навоварона амалӣ мегардад.
Бо назардошти вазъи ҷаҳони ҳозира ва шаклҳои зуҳури ин падидаҳои номатлуб терроризм аз рўи хусусияташ гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дар чунин шаклҳо зуҳур мекунад:
– инфиҷор намудани фурудгоҳо, ҷойҳои серодам;
– барҳам додан ва валангор намудани объектҳои махсусан муҳими стратегӣ;
– ба роҳи зўрӣ гаравгонон гирифтани одамон;
– дар зеҳни мардум ворид намудани тарсу ваҳм ва нобоварӣ ба фардои ҳаёти осоишта ва ғайра.
Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд эҳсоси ватандўстӣ, донишандўзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад.
Ҳангоми ба амал баровардани ин амалиётҳо шумораи зиёди одамон ҳалоку захмӣ гардида, бе хонаю ҷой ва бе саробон мемонанд. Албатта, чунин амал дар байни мардум таҳлука андохта, дар натиҷа одамонро воҳима зер мекунад ва бевосита ҳукуматдоронро ба он водор месозад, ки ба хотири амнияти шаҳрвандон ва озод намудани гаравгонон ба таклифҳои террористон ва экстремистон қисман розӣ шаванд.
Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан бо радикализм, экстримзм ва терроризим бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *