Диншиносии илмӣ дар ташаккули ваҳдати маънавии инсоният

Ба нақшаи таълимӣ муссисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳури ворид карда шудани таълими фанни диншиносӣ талаби вақту замон ва яке аз воситаҳои асосии рушди иҷтимоию маънавӣ ва фарҳангию ахлоқии ҷомеа ва омили асосии аз доираи ҷаҳлу хурофот таассуд ва тафохури дини берун кашида, пешгирии ворид гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористи, экстримисти ва дар маҷмў таҷдид ва ташаккули шуури диниву дунявии ҷавонон мебошад. Зарурияти чунин ҷаҳонбини ва шакли шуури ба сохти нави иҷтимои мувофиқро ҳоло барвақт Иҷлосияи  16 – уми таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушду нумўи Тоҷикистонро дар сохтмони давлати демократи, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Иҷлосия асоси идеологи давлати навбунёду соҳибистиқлоли  Тоҷикистонро нисбати дину мазҳаби шаҳрвандони Тоҷикистон дар моҳияти дунявият доштани он муайян намуд. Қобили қайд аст, ки давлати дунявӣ ин аз давлат ҷудо будани дин нест. Дин аз давлат ҷудо шуда наметавонад, ба лиҳози он ки аксарияти бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон диндор ҳастанд ва дуюм бо он сабаб ки дин яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ва зиёда аз он ибтидои ҳастишиносӣ ва худшиносии инсон аст. Давлати дунявӣ, ба андешаи мо фақат дар заминаи ваҳдати арзишҳои диниву дунявӣ ва аз лиҳози фалсафӣ ваҳдати ҳасти ва шуур, ҳамдигарфаҳми ва ҳамкории руҳониён ва давлат ва иштироки онҳо да ҳаёти иҷтимоию фарҳанги ва тарбияи насли наврас ахлоқи ҷомеа ва ғайраҳо ташаккул меёбад.

Чи тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ раҳмон дар паёми худ ба маҷлиси олӣ таъкид намуданд…”Дар ин раванд диққати асоси бояд ба пешгирӣ намудани терроризм экстримизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористи ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад”.

Хулосаҳо аз воқеаҳои маълуми солҳои 90 уми қарни гузашта ва 27 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барало нишон дод, ки фақат бо роҳи баланд бардоштани маърифатнокии диниву дунявии мутассилу мақсадноки насли наврас дар заминаи омўзиши беғаразонаву воқеабинонаи кулли динҳои ҷаҳон ва матраҳу барраси намудани мазмуну моҳият ва вазифаҳои аслии дин дар таркиби фанни диншиносӣ ба мақсад ноил гаштан мумкин аст. мумкинфию таърихӣ буда, бевосита ба омўзиши таҳлилию муқоисавии  кулли динҳои ҷахон ва ошкору барраси намудани қонунияти пайдоиш ва таҳаввулу такомули ақидаҳои дини машғул аст. Дар давраи шўравӣ илми диншиносӣ ҳамчун фанни мустақил омўхта намешуд. Дар доираи омўзиши таърихи дин дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ бошад, ба дин факат, ҳамчун падидаи софтаърихи, тағйирнопазир, ҷазмия (догма) назар карда ба масоили назарию фалсафӣ, хосиятҳои иҷтимоию маънавии дин эътибор дода намешуд. Аз ин рў дин аз ҷониби аксарияти мардум чун падидаи иҷтимоию ҷамъиятӣ, маърифати ва яке аз рукнҳои асосӣ ва қадимтарини фарҳанг ва тамаддуни инсонӣ қабул карда нашуд.

Зиёда аз ин дар қаламрави кишварҳои сотсиалистӣ танҳо як мактаб-диншиносии марксистӣ аз мавқеи инкори Худо ва дин таълим дода мешуд,ки мақсади асосии он муарифи кардани дин ҳамчун падидаи нодаркору бе поя буд, зеро мардум дар бораи заминаҳои воқеии пайдоиш ва ташаккули дин факат тасаввуроти мазҳаби доштанду халос.

Ҷорӣ карда шудани фанни диншиносӣ (гар чи хело дер шуд) дар муассисаҳои олии касбӣ талаби вақту замон ва яке аз дастовардҳои  соҳибистиклоли  дар аз нав барқарор намудани  мазмуну моҳият ва вазифаи аслии адён, дар ҳаёти иҷтимои сиёсӣ, фарҳанги ва ба даст овардани ваҳдати маънавии халқи тоҷик мебошад.

?обили ?айд аст, ки мардумони Аврупоӣ – олимони диншинос, файласуфон, сотсиологҳо ҳоло барвақт дар охири қарни 19 даҳҳо кафедраҳои махсуси диншиносӣ   ташкил намуда бо хоҳиши том ва завқи беинтиҳо, ба омўзиш ва таҳқиқу таҳлили илмии адён маш?ул шуда, диншиносиро ба қатори илмҳои ҷомеашиносӣ дохил карда буданд. Инро албатта, дар мадди аввал манфиат ва мафкураи синфӣ нав- буржуазия, ки ба ҳуқуқу озодиҳои шахси молик ва истеҳсолкунанда асос ёфта буд ва муборизаи нерўҳои пешқадами ҷамъиятӣ барои баромадан аз таъсири ?оявӣ ва ҳокимияти мустабиди дини католикӣ, ки ҳаргуна озодӣ ва тараққиётро маҳкум мекард ва ташаккули ҷараёни озодфикрии давраи эҳё ва ислоҳ талаб мекард. Диншиносӣ илмӣ фанни мураккабу сершоха буда, аз маҷмўи донишҳои сатҳи баланди ҷомеашиносӣ ба монанди фалсафаи дин, падидашиносии дин, ҷомеашиносии дин, равоншиносии дин ва таърихи дин иборат аст. Албатта тахлилу баррасии илмиии он ба сатхи дониш таҷрибаю малакаи зарурӣ  мавқеъ ва методологияи устод фанни мазкур зич вобаста аст.

Дар диншиносӣ таҳқиқу таҳлили дурусти мавзўъҳо бештар ба тавсири мафҳумҳои асосӣ ва вожаҳои калидӣ ҳар як мавзўъ ниёз дорад. Мусаллам аст, ки ба аксарияти вожаҳои калидӣ донишҷўён бори аввал рў ба рў мешаванд. Аз ин рў таҳлилу баррасии дуруст ва дарқи амиқи мафҳумҳо ва вожаҳои калидӣ  дар аз бар намудани мавзўҳо кўмак расонида дар хотири толибилмон нақш баста, муносибати онҳоро ба ин ё он падидаи  динию – мазҳабӣ  ва иҷтимоию фалсафӣ  муайян мекунад.Масалан, арзёбии мафҳуми яктарафаи марксистии “Дин афёни халқ аст” дар гузаштаи на он қадар дур ба мардумони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аз он ҷумла тоҷикон ҳисороти зиёди фарҳангию маънавӣ овард. Бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ ба онҳо муяссар нагардид, ки асосҳои таърихии ҳаёти маънавии фарҳангии  худро  чӣ дар дини зардушти ва чӣ дар дини ислом таҳқиқу таҳлили пурраи илмӣ намоянд, ҷиҳатҳои иҷтимои, ахлоқи, ҳуқуқи ва аз ҳама зиёдтар фарҳангии дини мубини исломро зери бори идеологияи комунистӣ ва ҳоло хурофоту  таассуду тафохури динӣ монда, ваҳдати маънавӣ ба даст оварда натавонистем. Мисоли дигар: худи таърифу тафсири мафҳуми дин хеле зиёданд, ки онро бояд ҳар як мўъмини мусулмон алалхусус руҳониён бояд донанд ва таҳқиқу таҳлили ғояҳои динӣ ва кору фаъолияти худро ба мазмуну моҳияти аслии дин мувофиқ созанд

Мусаллам аст, ки таърифи ҳамаро фарогирандаи дин вуҷуд надорад, зеро дар таърифи дин нафақат моҳияти илоҳиётиву мазҳабӣ, балки хосиятҳои иҷтимоию ҷамъиятӣ ва фарҳангии он,  муносибати дин бо  дигар ҷабҳаҳои илм ва  ҳаёти маънавии инсоният инъикоси худро ёфтааст. Вале ба ҳар ҳол таърифҳои ҳастанд, ки  пайдоиши дин, муносибати мутакобилаи  офаридагор  ва инсон, ва нақши динро дар рушди фарҳангу маънавиёти инсон матраҳ  менамоянд.  “Дин ин худошиносӣ ва хастишиносии инсон аст.” “Дин ин таслимшудан дар назди худо мебошад.”  Дин аввалин шакли шуури ҷамъиятӣ аст, ки ба зиндагии инсон маъниву ҳадаф бахшида ўро аз ҳайратзадагиву парешонӣ, ноумеди берун оварда арзиши мақоми инсонро ба пояи баланд бардошта, омили рушди бемайлони фарҳангу маънавиёт гардидааст.

Болотар аз он фалсафаи дин, ҳамчун методология диншиносӣ таълимоти ақидавии ҳар як дин ва дар маҷмўъ ақидаи умумитарини  кулли адёнро, ки пайванди азалии онҳост, собит намуда, дар муайян намудани эътиқоду имон ва  таҳаввулу такомули  ваҳдати маънавии адён ва ташаккули шуури диниву дунявии ҷавонон  нақши ҳалкунанда дорад.

Шуури динӣ бошад, маҷмўи ғояхо тахаюлот, хадс (интуитсия) ва рамзу тимсолҳое мебошад, ки дар маҷмў як навъ ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва хастишиносии инсонро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр дигар шохаҳои диншиносӣ  ба монанди таърихи дин, ҷомеашиносии дин  ва равоншиносии дин,  пайдоиш,  назария ва амалии динӣ ва дигар масоҳили диншиносӣ  дар партави  фалсафаи  дин  мутобиқ  ба вазифа  ва мақсади  диншиносӣ илмӣ бояд омўхта шавад.Хулоса таҷдиду ташаккули ҷаҳонбини ва шуурнокии диниву дунявӣ наврасону ҷавонон  кори як рўзаву ду рўза ва мавсими нест. Ин муаммои аср буда, фосилаи тулонии меҳнати пурмашаққат ба муносибати таҳаммулпазиронаву ҳассоси аҳли зиё, файласуфон, диншиносон ва устодони соҳибкасбро талаб мекунад. Дар ҳалли ин масъала ба ташаккули шахси озод ва эҷодкор ки зери таъсири тағйиротҳои куллии дар муносибатҳои истеҳсолии ҷамъияти шаклҳои моликият таркиби иҷтимоии ҷомеа ва фарҳанги миллӣ ба назар гирифтан шарт аст. Болотар аз он дар ибтидои солҳои 90 – ум аз байн рафтани идеологияи коммунистӣ ва мафкураи ягонаи ҳукмрон гардидани исломи сиёсӣ ки шууру ҷаҳонбинии мардумро коста намуда, халои шадиди идеологиро ба миён овард ва халқи тоҷикро ба ҷанги бародаркуш тела дод, дар қувваҳои экстримисти кулли арзишҳои беҳтарини даврони шўравиро ки дар саргаҳи он падару бобоёни насли пайванди солҳои 90 – ум меистоданд, дар зери шиори “Мубориза бо коммунизм” аз байн рабурд.

 Ҳадафи навиштани моқолаи мазкур пеш аз ҳама қаноатмандии каминаи камтарин аз ворид карда шудани фанни диншиносӣ ба нақшаи таълимии  давлатӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ва интихоби мавзўҳое ки мазмуну моҳият ва мақсаду муҳтавои фанни мазкурро дар партави сиёсати давлату талаботи ҷомеа ва сохтмони давлати дунявӣ, ба даст овардани ваҳдати маънавии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Аз тарафи дигар нигаронӣ ва нокомии аҳли ҷамоатчигии тараққипарварӣ ҷаҳон аз саргаҳи ҳазораи сеюм, ки бояд  ин мархила инсониятро ба давраи нави рушди маънавиёт – муколамаи мусолиматомези тамаддунҳо, ҳамоиши арзишҳои милливу динӣ, таҳаммулпазирӣ, созиши динию мазҳабӣ ва муносибатҳои нави сарварони сиёсии давлатҳои абарқудрат ба амал наомад. Баръакс ҳуруфот таассуд ва тафохурӣ  динӣ кулли диндорони ноогоҳу чаласаводро фаро гирифта, мавзўи асосии ташвиқу тар?иби руҳониёни мутсаиб, ба ҳам барангехтани диндорон дар заминаи мазхаби гардид. Бар хилофи хости Худо ва гуфтаҳои пайёмбар душманони дини мубини ислом  мардумро аз роҳи рост ва андешаи нек нисбат ба дини ислом ва адёни халқу миллатҳои дигар дур партофта, ба мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ ба ҷангу хунрезиҳо кашиданд. Фузунхоҳӣ, зўроварӣ ва бунёдгароии динӣ низоми муайяну мураттаби муносибатҳои диниву мазҳабӣ ва сиёсиву фарҳангии оламро то ҳадди охир вайрон ва коста намуданд. Шиори “мўъмин бародари мўъмин”, ки онро худи пайғамбари ислом Муҳаммад (с) дар ибтидои ташаккули ислом эълон намуда буд, моҳияти аслии худро гумм карда ҷои онро ҷаҳолату нодонӣ, инсонбадбинӣ ва манфиатҳои геополитикӣ  давлатҳои абарқудрат гирифтанд. Вақеаҳои солҳои 90-ум  ва падидаҳои номатлуби солҳои охир бори дигар собит намуд, ки мо мусулмонон ба моҳияти иҷтимои сиёсӣ, фарҳангӣ, хамоиши арзишҳои милливу динӣ ва моҳияти аслии динӣ мубини ислом то ҳол чуқур сарфам нарафтаем.

Таҷрибаю малакаи таълими фанҳои гуманитарӣ солҳои тўлонӣ дар зинаҳои мухталифи  маорифи халқ ва ду соли таълими фанни диншиносӣ дар мактабҳои олӣ касбӣ собит намуд, ки он ноқисиҳову ғафлатзадагиҳо ва саҳланкориҳоро дар рушди маънавиёту фарҳанги мардум бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ ва мумкин ҳамчун сарнавишти халқи тоҷик гардонидааст, фақат ягона дар омўзиши  пурсабронаю воқеабинона ва беғаразона ва ҳамчун падидаи беназири  иҷтимоию фарҳангӣ омўхтани адёни ҷаҳон дар доираи фанни диншиносӣ  ба даст овардан мумкин аст.

Авазматов Неъматулло,
муаллими калони  Донишкадаи Иқтисод
ва савдои   ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *