Ба нақшаи таълимии муссисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ ворид карда шудани фанни диншиносӣ тақозои замон аст. Он яке аз воситаҳои рушди маънавию ахлоқии ҷомеа ва омили асосии аз доираи ҷаҳлу хурофот ва таассуби динӣ берун кашидани насли наврас мегардад ва дар маҷмўъ дар ташаккули шуури диниву дунявии ҷавонон нақши асосӣ мебозад. Чӣ тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми нави худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: “Дар ин раванд диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад”.
Зарурияти чунин ҷаҳонбинӣ ва шакли шуури ба сохти нави иҷтимоию сиёсӣ мувофиқро хеле барвақт ҳанўз дар рафти Иҷлосияи 16 – уми таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян гардида буд. Иҷлосия асоси идеологии давлати навбунёду соҳибистиқлоли Тоҷикистонро нисбати дину мазҳаби шаҳрвандони Тоҷикистон дар моҳияти дунявият доштани он муайян намуд. Дин яке аз шаклҳои қадимтарини шуури ҷамъиятӣ ва ибтидои ҳастишиносӣ, худшиносӣ ва маърифати инсонӣ аст. Аз ин рў, давлати дунявӣ, ба андешаи мо фақат дар заминаи ваҳдати арзишҳои диниву дунявӣ ва аз лиҳози фалсафӣ ваҳдати ҳастӣ ва шуур, баланд бардоштани илму маърифати кулли табақаҳои мухталифи ҷомеа мебошад. Он дар заминаи ҳамдигарфаҳми ва ҳамкории рўҳониён ва давлат, иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ, тарбияи ҳисси инсонпарварӣ ва муттаҳидии халқ дар атрофи давлат, пойдории суботи сиёсӣ ва оромию осоиштагии он ва ғайраҳо ташаккул ёфта метавонад. Инро воқеаҳои маълуми солҳои 90 уми қарни гузашта ва 28 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки фақат бо роҳи баланд бардоштани маърифатнокии диниву дунявии мутассилу мақсадноки насли наврас дар заминаи омўзиши беғаразонаву воқеабинонаи кулли динҳои ҷаҳон ва матраҳу баррасӣ намудани мазмуну моҳият ва вазифаҳои аслии дин дар таркиби фанни диншиносӣ ба мақсад ноил гаштан мумкин аст. Зеро маҳз диншиносӣ чун илми ҷомеашиносӣ ва фалсафию таърихӣ бевосита ба омўзиши таҳлилию муқоисавии кулли динҳои ҷаҳон ва ошкору баррасӣ намудани қонунияти пайдоиш ва таҳаввулу такомули ақидаҳои диниро дарбар мегирад. Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар давраи шўравӣ илми диншиносӣ ҳамчун фанни мустақил омўхта намешуд. Фақат дар мактабҳои олӣ дар доираи атеизми илмӣ ва мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ дар доираи таърихи дин (яке аз шохаҳои илми диншиносӣ) ба дин ҳамчун падидаи таърихӣ назар карда, ба масоили назарию фалсафӣ ва хосиятҳои иҷтимоию маънавии дин кам эътибор дода мешуд. Аз ин рў, то ҳол дин аз ҷониби аксарияти мардум чун падидаи иҷтимоию ҷамъиятӣ, маърифатӣ ва яке аз рукнҳои асосӣ ва қадимтарини фарҳанг ва тамаддуни инсонӣ шинохта нашудааст.
Қобили қайд аст, ки мардумони Аврупоӣ – олимони диншинос, файласуфон, сотсиологҳо ҳанўз дар охири қарни 19 кафедраҳои махсуси диншиносӣ ташкил намуда, бо хоҳиши том ва завқи беинтиҳо, ба омўзиш ва таҳқиқу таҳлили илмии адён машғул шуда, диншиносиро ба қатори илмҳои ҷомеашиносӣ дохил карда буданд. Инро албатта, дар мадди аввал манфиат ва мафкураи синфӣ нав- бурҷуазия, ки ба ҳуқуқу озодиҳои шахси молик ва истеҳсолкунанда ниёзманд буд ва муборизаи нерўҳои пешқадами ҷамъиятӣ барои баромадан аз таъсири ғоявӣ ва ҳокимияти мустабиди дини католикӣ, ки ҳаргуна озодӣ ва тараққиётро маҳкум мекард ва ташаккули ҷараёни озодфикрии давраи эҳё ва ислоҳ талаб мекард. Боиси ифтихор аст, ки зарурияти ташхису таҳқиқи адёни ҷаҳонро ҳоло барвақт дар асрҳои миёна олим ва матафаккири бузурги тоҷику форс Абурайҳони Берунӣ дар асараш “Осор ул- боқия” аз дигарон бештар воқеабинона ва одилона таҳқиқ кардааст.
Диншиносӣ илмӣ мураккабу сершоха буда, аз маҷмўи донишҳои ҷомеашиносӣ ба монанди фалсафаи дин, падидашиносии дин, ҷомеашиносии дин, равоншиносии дин ва таърихи дин иборат аст. Албатта, таҳлилу баррасии илмиии он ба сатҳи дониш, таҷрибаю малакаи зарурӣ, мавқеъ ва методологияи устоди фанни мазкур зич вобаста аст. Таълими диншиносӣ бо интихоби дурусти мавзўъҳо ва мураттаб сохтани нақшаи таълимӣ (силлабус) дар асоси нишондоди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Тазаккур бояд дод, ки дар раванди омўзиши адён, бояд умумият ва хусусиятҳои хоси мавзўҳоро таҳлил намуда, дар ин маврид ба он динҳое, ки дар ташаккули фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик нақши муҳим бозиданд, (Зардуштӣ ва Ислом) бештар таҳлилу муқоиса намуда, решаву ангезаҳои ба ҳам пайванди онҳоро матраҳ намоем, дар ҷавонон нисбати дину мазҳаби халқу миллатҳои дигар ҳисси беғаразона ва ҳурмату эҳтиром парвариш диҳем.
Дар диншиносӣ таҳқиқу таҳлили дурусти мавзўъҳо бештар ба тавсифи мафҳумҳои асосӣ ва воҷаҳои калидии ҳар як мавзўъ ниёз дорад. Мусаллам аст, ки бо аксарияти мафҳумҳо ва воҷаҳои калидӣ донишҷўён бори аввал рў ба рў мешаванд. Аз ин рў, таҳлилу баррасии дуруст ва дарки амиқи онҳо барои азбар намудани мавзўҳо ба донишҷўён кўмак расонида, дар хотири онҳо нақш баста, муносибати онҳоро ба ин ё он падидаи динию – мазҳабӣ ва иҷтимоию фалсафӣ муайян мекунад. Масалан, арзёбии мафҳуми яктарафаи марксистии “Дин афёни халқ аст” дар гузаштаи на он қадар дур ба мардумони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, аз он ҷумла тоҷикон ҳисороти зиёди фарҳангию маънавӣ овард. Бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ ба онҳо муяссар нагардид, ки асосҳои таърихии ҳаёти маънавии фарҳангии худро чӣ дар дини зардуштӣ ва чӣ дар дини ислом таҳқиқу таҳлили пурраи илмӣ намоянд, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва аз ҳама зиёдтар фарҳангии дини мубини исломро зери бори идеологияи комунистӣ ва ҳоло хурофоту таассубу тафохури динӣ монда, ваҳдати маънавӣ ба даст оварда натавонистем. Мисоли дигар: худи таърифу тафсири мафҳуми дин хеле зиёд аст, ки онро бояд ҳар як шахси муъмини мусулмон алалхусус руҳониён бояд донанд ва таҳқиқу таҳлили ғояҳои динӣ ва кору фаъолияти худро ба мазмуну моҳияти аслии дин мувофиқ созанд.
Мусаллам аст, ки таърифи ҳамаро фарогирандаи дин вуҷуд надорад, зеро дар таърифи дин нафақат моҳияти илоҳиётиву мазҳабӣ, балки хосиятҳои иҷтимоию ҷамъиятӣ ва фарҳангии он, муносибати дин бо дигар ҷабҳаҳои илм ва ҳаёти маънавии инсоният инъикоси худро меёбанд. Дин аввалин шакли шуури ҷамъиятӣ аст, ки ба зиндагии инсон маъниву ҳадаф бахшида, ўро аз ҳайратзадагиву парешонӣ, ноумедӣ берун овардааст.
Қисми таркибӣ ва меҳвари диншиносиро фалсафа ва равоншиносии дин ташкил медиҳад. Зеро фақат фалсафа метавонад таҳқиқу таҳлил ва баррасии илмии ғояҳои асосии динро ҳамчун падидаи иҷтимоию фарҳангӣ, ҳаёти маънавии инсоният ва инкишофу такомулёбанда маънидод намуда, ба маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ ва воқеии динии муҳассилин мусоидат намояд. Ҳамчунин фалсафаи дин, чун методология диншиносӣ таълимоти ақидавии ҳар як дин ва дар маҷмўъ ақидаи умумитарини кулли адёнро, ки пайванди азалии онҳост, собит намуда, дар муайян намудани эътиқоду имон ва таҳаввулу такомули ваҳдати маънавии адён ва ташаккули шуури диниву дунявии ҷавонон нақши ҳалкунанда дорад.
Ҳамин тавр, шохаҳои дигари диншиносӣ ба монанди таърихи дин, ҷомеашиносии дин ва равоншиносии дин, пайдоиш, назария ва амалии динӣ ва дигар масоили диншиносӣ дар партави фалсафаи дин мутобиқ ба вазифа ва мақсади ҳар як мавзўъ бояд омўхта шаванд. Хулоса, ташаккули ҷаҳонбини ва шуурнокии диниву дунявии наврасону ҷавонон кори як рўза ва мавсими нест. Он меҳнати пурмашаққат ва муносибати таҳаммулпазиронаву ҳассоси аҳли зиё, файласуфон, диншиносон ва устодони соҳибкасбро талаб мекунад. Дар ҳалли ин масъала инчунин ташаккули шахси озод ва эҷодкор, ки зери таъсири тағйиротҳои куллӣ дар муносибатҳои истеҳсолии ҷамъиятӣ, шаклҳои моликият, таркиби иҷтимоии ҷомеа ва фарҳанги миллӣ, рух додаанд, матраҳу баррасӣ намудани ҳодисаҳои фоҷиабори ибтидои солҳои 90-ум ва аз байн рафтани идеологияи коммунистӣ, ҳукмрон гардидани мафкураи исломи сиёсӣ шууру ҷаҳонбинии як идда мардумро коста намуда, халои шадиди идеологиро ба миён овард, қувваҳои экстремистӣ кулли арзишҳои беҳтарини даврони шўравиро ки дар саргаҳи он падару бобоёни насли пайванди солҳои 90-ум меистоданд, дар зери шиори “мубориза бо коммунизм” аз байн бурда, пайванди наслҳоро ки омили муҳимтарини ташаккули ҷомеаи солим аст барканданд.
Аз тарафи дигар нигаронии аҳли ҷомеаи тараққипарвари ҷаҳон аз саргаҳи ҳазораи сеюм, ки бояд инсониятро ба давраи нави рушди маънавиёт – муколамаи мусолиматомези тамаддунҳо, ҳамоиши арзишҳои умумибашарӣ, таҳаммулпазирӣ ва муносибатҳои нави сарварони сиёсии давлатҳои абарқудрат ба амал наомад, ноком гардонд. Баръакс, ҳуруфот таассуб ва тафохурӣ динӣ кулли диндорони ноогоҳу чаласаводро фаро гирифта, мавзўи асосии ташвиқу тарғиби руҳониёни мутассиб, ба ҳам барангехтани диндорон дар заминаи мазҳабӣ гардид. Бар хилофи хости Худо ва гуфтаҳои паямбар душманони дини мубини ислом мардумро аз роҳи рост ва андешаи нек нисбат ба дини ислом ва адёни халқу миллатҳои дигар дур партофта, ба мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ ба ҷангу хунрезиҳо кашиданд. Фузунхоҳӣ, зўроварӣ ва экстримизми динӣ низоми муайяну мураттаби муносибатҳои диниву мазҳабӣ ва сиёсиву фарҳангии оламро то ҳадди охир вайрон ва коста намуд. Шиори «мўъмин бародари мўъмин», ки онро худи пайғамбари ислом Муҳаммад (с) дар ибтидои ташаккули дини ислом эълон намуда буд, моҳияти аслии худро гум карда, ҷои онро ҷаҳолату нодонӣ, инсонбадбинӣ ва манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрати ҷаҳон гирифтанд. Вақеаҳои солҳои 90-ум ва падидаҳои номатлуби солҳои охир бори дигар собит намуд, ки мо мусулмонон ба моҳияти иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангӣ ва созандагии динӣ мубини ислом то ҳол чуқур сарфаҳм нарафтаем.
Таҷрибаю малакаи таълими фанҳои гуманитарӣ солҳои тўлонӣ дар зинаҳои мухталифи маорифи халқ ва ду соли таълими фанни диншиносӣ дар мактабҳои олии касбӣ собит намуд, ки он ноқисиву ғафлатзадагӣ ва саҳланкориҳоро дар рушди маънавиёту фарҳанги мардум фақат дар заминаи омўзиши пурсабронаю воқеабинона ва беғаразона ва чун падидаи беназири иҷтимоию фарҳангӣ омўхтани адёни ҷаҳон дар доираи фанни диншиносӣ ба даст овардан мумкин аст. Барои ин лозим аст, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аввалан диншиносӣ (дар шакли осон карадашудааш) ҳамчун фанни алоҳида омўхта шавад. Дуюм, фанни ҷомеашиносӣ аз нав ҷорӣ карда шуда, дар таркиби он диншиносӣ омўхта шавад. Сеюм, курси махсуси такмили ихтисос оид ба диншиносӣ ҷорӣ карда шуда, ба таълими он мутахассисони соҳаи диншиносӣ, файласуфон ва устодони донишҳои васеи иҷтимоию фалсафӣ ҷалб карда шаванд. Хуб мешуд, ки имомхатибони масҷидҳо низ ба ин курсҳо ҷалб карда шаванд. Зеро донишманде гуфтааст : “Қиммати инсон баробар ба андозаи ҳамсон ва наздик ба ҳақиқат ба нафъи халқ андеша ва амал кардан аст”. Авазматов Неъматулло,
устоди Донишкадаи иқтисод
ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд