Аллакай ба ҳамагон маълум аст, ки Ҳизби наҳзати ислом ташкилоти воқеии террористӣ мебошад. Зеро дар давраи фаъолияти худ амалҳои зишт ва ғайриинсононаро содир намуда, даҳшатноктарин рӯзҳоро ба сари мардуми тоҷик овард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан давлати дунявӣ буда, дар қонунгузории он ба ҳифзи ҳуқуқ ва баробарии ҳамаи миллатҳо ва пайравони динҳои мухталиф кафолат дода шудааст. Дар моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ё гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад… Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд, манъ аст».
Ҳамчунин дар Конститутсияи ҶТ омадааст: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад (моддаи 17)», «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд (моддаи 26)».
Чунин кафолатҳои ҳуқуқӣ ҳастанд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони динҳои гуногун дар фазои озоди сиёсӣ кору зиндагӣ мекунанд ва ҳеҷ гуна низоъи динӣ, нажодӣ, миллӣ ва ғайра миёни онҳо вуҷуд надорад.
ТТЭ ҲНИ ташкилоти хиёнаткор аст. ТТЭ ҲНИ моҳи сентябри соли 2015 бо дасти генерал Ҳоҷиҳалим Назарзода, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ТТЭ ҲНИ бовар карда, ӯро муовини вазири дифои ҶТ таъйин намуда буд, хост дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ амалӣ созад. Ин амали ТТЭ ҲНИ ошкоро вайрон сохтани талаботи протаколи созишномаи сулҳи тоҷикон ва қоидаҳои ҳуқуқи башар буд, зеро ин созишнома зери ҳимоя ва назорати САҲА ба имзо расидааст.
Мавриди ёдоварист, ки дар моддаи 30-и Конститутсияи ҶТ омадааст, ки «Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст», ки ба санадҳои ҳуқуқи байналмилал, аз ҷумла ба моддаи 55-и низомномаи СММ аз 26 июни соли 1945 пурра мувофиқ меояд. Бинобар ин дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 189) барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ вобаста ба хусусиятҳои зоҳир гардидани ин навъи ҷиноят ҷавобгарии ҷиноятӣ ба муҳлати аз 5 то 12 сол маҳрум кардан аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Вале ТТЭ ҲНИ, ки ҳанӯз аз солҳои 90-уми садаи ХХ ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ пайдо гардид, минбаъд ба амалҳои ношоиста даст зад.
Ҳамроев Б.А.
муаллими калони кафедраи
тиҷорат ва ҳуқуқ