ДИЛСЎЗЕСТ, КИ БАРОИ МИЛЛАТУ МЕҲАН МЕСЎЗАД

Яке аз рўзноманигорони маъруфи ибтидои солҲои 90-уми садаи ХХ ва аввалин муассиси рўзномаи мустаќил дар Тоҷикистони соҲибистиќлол Додоҷон Атовуллоев, ки солҲои дароз дар хориҷ аз кишвар зиндагї ва фаъолият дорад, аз бисёр Ҳаводису воќеаҲои муосири ҷумҲурї хеле хуб огоҲї дорад. Ў аз Ҳама пинҲонкорї, хиёнаткорї, найрангбозї,

Ҳиллагарї ва душмантарошиҲои роҲбарону намояндагони Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҲзати исломї ба пуррагї хабар дорад. Бинобар ин, доир ба масоили мазкур дар чандин рўзномаю сомонаҲои интернетї фикру андешаҲои хешро иброз намудааст. Вай ин навбат, таҲти унвони «Тавба ё розрез ба хотири 150 000 нафар ќурбониёни ҷанги бародаркуш» матлаберо пешкаши хонандагон гардонида, дар он тамоми асрори пинҲонкориҲои ТТЭ ҲНИ-ро ифшо сохт. Ана оппозитсияи созанда ва ободкор. Ҳам роҳ нишон медиҳад ва ҳам суханонаш ноб ҳастанд.
Атовуллоев Д. дар матлаби худ аз даъват шуданашон ба шаҲри ТеҲрон дар соли 1993 ёдовар шуда, менависад, ки «дар яке аз бўстонсароҲои Ҳукуматї бо намояндагони оппозитсия ҷамъ омадем…». Аз навиштаи мазкур бармало маълум мегардад, ки мухолифини назатӣ, яъне душманони миллату меҲан бевосита ба бўстонсарои Ҳукуматии Ҷумҳурии исломии Эрон даъват шуда, маҲз дар ин ҷо поягузори ТТЭ ҲНИ С.А. Нурї ба фурўхтани вазифаҲову муайян кардани самти ояндаи фаъолияти террористонаи ниҲоди террористї-экстремистии мазкур оғоз менамояд. Аз ҷумла, бинобар сабаби дар шаҲри Маскав таҲсил кардану дар байни журналистону сиёсатмадорони Русия доштани дўстони зиёд ба Д. Атовуллоев пешниҲод мешавад, ки оянда дар ин кишвар фаъолият намояд.
Бо вуҷуди баъд аз шинохтани чеҲраҲову наќшаҲои ҲаммайдонҲо Атовуллоев аз мухолифин ҷудо гардида, ба гуфтаи худаш дар «рўйхати сиёҲ» афтод ва дар Ҳолати пирўз шудани ин душманону хоинони миллату меҲан ў ба ќатл расонида мешуд. Зеро ў дар маҷлиси шаҲри ТеҲрон ба Ҳама гуноҲҲои худ иќрор гардида, суханрониҲои Д. Атовуллоевро гоҲ-гоҲе Шодмон Юсуф ва ТоҲири Абдуҷаббор бо нидои «рост, рост» тасдиќ мекардаанд.
Аз ин тарзи муносибат ба якдигар ва дар куҷою бо кадом усул гузаронидани маҷлис бармало маълум аст, ки мақсади тамоми намояндагони ТТЭ ҲНИ танҲо ва танҲо ба даст овардани молу мулк ва мансабу вазифа мебошад. Ҳарчанд, борҲо аз забони худи Нурї суханоне садо доданд, ки: «мухолифин дар набарди иттилоъотї пирўз гашта буд, ки Ҳамин Д.А. сардафтараш буд», Атовуллоев Д. бо ҲаќгўйиҲояш ба душмани ашадии ТТЭ ҲНИ табдил ёфт. Зеро ин Ҳаќгўйї, ошкорбаёнї ва ифшо кардани пинҲонкорию фош намудани асрори хиёнаткорию душмантарошиҲои ў зарбаи шадиду ҷонкоҲе гардид барои намояндагони ТТЭ ҲНИ. Чунки Ҳаќ ба ҷониби навиштаҲои Д.Атовуллоев ва воќеан Ҳам роҲбарону аъзои ТТЭ ҲНИ бисёре аз ҷавонону наврасони кишварро бо роҲи найрангу Ҳилла ба гумроҲа кашида, Ҳамаи ононро ќурбони бозиҲои Ҳароми хеш намуданд. Ҳамин ҲаромкориҲои худро имрўз Ҳам идома дода, ҷавонони соддадили навро ба майдон баровардан мехоҲанд. Боз Ҳамон Ҳиллаю найрангҲои солҲои 90-умро идома дода, даъвои давлату Ҳукумат ва мансабҲои вазиру сафир карда, ҷавонону наврасони меҲанро боз ба доми худ кашидан мехоҲанд.
Воќеан Ҳам Ҳаќ ба ҷониби Д.Атовуллоев Ҳаст, ки менависад: «Бовар накунед. Ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворї аст. Аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҲист…». Ин Ҳамаро Атовуллоев Д. аз таҷриба ва зиндагии шахсии худ мегўяд, зеро ў хуб медонад, ки собиќ роҲбарони ТТЭ ҲНИ ўро бо ним нон фурўхтанд. Воќеан Ҳам дуруст менависад, ки агар террористону экстремистони наҲзатї сад бор тавба кунанд, сад бор савганд ёд кунанд ва Ҳазор бор баёния пахш намоянд, Ҳам бовар накунед, зеро онҲо Ҳамагї хиёнаткор ва душманони ашадии миллату меҲан Ҳастанд.
Ин Ҳама ҲарфҲо ва суханони террористону экстремистони наҲзатї сар то по дурўғ буда, Ҳамагї такрори Ҳамдигар ва идомаи мантиќии амалҲои пасту зишти роҲбарони ТТЭ ҲНИ мебошад. ОнҲо аслан кўзаи холї буда, Ҳарчї дигарон мерезанд, Ҳамон метаровад. Воќеан Ҳам инҲо Ҳамаги инсонсуратони ваҲшисират буда, пасттарин махлуќ ё Ҳайвон аз онҲо болотар аст.
Бо вуҷуди ин Ҳама, боз чашмгуруснагону тангназарони наҲзатї даъвои давлату Ҳукумат ва мансабу вазифа карда, бад-ин васила халќро ба гумроҲа мебаранд ва кирдорҲои ношоистаи худро идома доданї Ҳастанд.
Дар ҳақиқат чи тавре ки Додоҷон Атовуллоев менависад, ТТЭ ҲНИ аслан моли Нурӣ буд. Аммо баъди роҳбари ин ташкилот шудани Кабирӣ ТТЭ ҲНИ ба ҷинеоятҳои боз ҳам сангинтару ваҳонитар даст зад ва комилан террористию экстремистӣ гардид. Маҳз баъди роҳбари ТТЭ ҲНИ шудани Кабирӣ хатари он барои Тоҷикистон афзоиш ёфт, ки мисоли он табаддулоти нокоми моҳи сентябри соли 2015 мебошад.

Нодири ЌОДИР,
таҲлилгар

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *