Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” озмун эълон менамояд. Озмун дар байни донишҷуён, магистрантон, докторантон ва кормандону омӯзгорони Донишкда баргузор карда шуда, санаи 15-уми декабр ба анҷом мерасад. Ғолибони озмун бо туҳфаҳои арзишманд қадршиносӣ карда мешаванд.
Забони иштирок дар озмун озод буда, он байни донишҷуён, магистрантон, докторантон дар шартҳои зерин сурат мегирад:
–донандаи беҳтарини мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо бо номи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”;
– беҳтарин навори видеоӣ оид ба мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо бо номи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”.
Озмун байни кормандон ва устодони Донишкада дар шартҳои зерин сурат мегирад:
–беҳтарин мақолаи илмию назариявӣ вобаста ба мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо бо номи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”