ДАСИСА ВА ИҒВОИ НАВБАТИИ М.САДРИДДИН ДОИР БА ҚАЗИЯИ БАДАХШОН

Имрӯзҳо ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ – хоинони миллати кишвар, бахусус ҳаммаслакону думравнони ТТЭ ҲНИ бо баробари вазъи Афғонистони имрӯза, ин навбат доир ба қазияи Бадахшон, ки аз санаи 25 ноябр то 28 дар маркази ВМКБ, шаҳри Хоруғ рух дод, зимни баромадҳояшон таблиғи андешаҳои ботил, пеш аз ҳама ноором намудан ва рахна сохтан ба девори сулҳу суботи кишвар, барҳам задани умеду орзуи мардум ва дар вазъияти ногувор гирифтор намудани ҷомеаи имрӯзаи мо кӯшиш доштанд. Чунончӣ Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф , бо барномаи ифротиаш, ки дастгирии хоҷагонаш таъсис додааст,баромадҳо намуда, хусусaн ҷaвононро нисбати ҳодисаи дар шаҳри Хоруғ руйдодаро нодуруст маънидод намуда, бо ин васила мехоҳад вазъи кишвари моро ноором созад. Ин роҳгумзадаи бешараф ҳар иғвою дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, гуфтан дорад. Ҳодисаи Бадахшон барои ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ як баҳонаи навбатӣ буд. Ин афрод ҳаргиз барои дифои манфиатҳои мардуми Бадахшон ба тазоҳур даст назадаанд. Ва садоҳо ва ахборе, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода шудаанд, ин садои бадахшониҳо нест! Ин садои ҳамон қувваҳое мебошанд, солҳои 90-ум Тоҷикистонрор ба алангаи оташ тела доданд.
Ба хоинону душманони миллат таъкидан хотиррасон намуда, қайд менамоем, ки Тоҷикистон давлате нест, ки солҳои 90-уми асри гузашта буд. Имрӯз на танҳо худро ҳимоят мекунад, балки барои амну осоиштагии кишвар ҷон ба каф мубориза ҳам бурда метавонад. Инро хуб донед ва аз хотир фаромӯш накунед, эй хоинони миллат!
Воқеан мардуми сарбаланд, бахусус ҷавонони равшанфикри вилояти Бадахшон ба дурустӣ дарёфтаанд, ки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ин минтақа, ки бо ҳадафи ноором сохтани ҳаёти мардуми осоиштаи Бадахшон аст.
Бояд қайд кард, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор ва шаҳрвандони боору номуси вилояти Бадахшон тадбирҳои саривақтӣ андешида шуданд ва дар натиҷа гирдиҳамоии гурӯҳҳои манфиатор қатъ карда шуд. Хушбахтона тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуда, фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони марказӣ ба низом даромад.
Дар фарҷоми мақолаи хеш қайд менамоем, ки мо минбаъд низ баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлоли кишвари азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ ҳоҳем дод. Мо бояд ба қадри сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ расем, ба маҳалбозию иғвогарӣ хотима бахшида, барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол софдилона меҳнат намоем!

Р.МАНОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *