Дар Тоҷикистон интихобот ба таври демократӣ ва озод гузашт!

Инак, расо 20 сол мешавад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол интихобот ба парламент дар асоси бисёрҳизбӣ ташкил ва гузаронида мешавад, ки онро метавон аз қадами муҳими ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳу субот маҳсуб донист. Дар интихоботи имсола 7 ҳизби сиёсии ба қайд гирифта шуда он дар асоси чорчӯбаи қонунгузории интихоботӣ амалӣ гашт. Мушоҳидаҳои таъмини имкониятҳои баробар барои ҳамаи номзадҳо дар интихобот  таъмини, ВАО бетарафии мақомоти давлатӣ ва дахолат накардани он дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва рӯзи интихобот маҳз тариқи демократӣ гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсиро бозгӯӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ-ро мамнуъ эълон кардааст ва боз чаро рӯзноманигорони радиои “Озодӣ” назари мақомотро қабул надоранд ва ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун як нерӯи сиёсӣ муаррифӣ мекунанд, дар ҳоле, ки ТТЭ ҲНИ на як нерӯи сиёсӣ балки як нерӯи террористӣ аст.

Ба иттилои Кабирӣ ва дигар журналистони иғвогари Озодӣ мерасонем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунад ва ҳамаи ин ҳизбҳо барои интихобот омодагӣ мегиранд ва дар маъракаи пешазинтихоботӣ фаъол буданд. Пас куҷои ин камрангӣ ва ҳамдигар нофаҳмист. Албатта, Кабирии палид  манфур аз хориҷ истода бар маъракае, ки ҳоло нагузаштааст ва дар марҳилаи омодагӣ қарор дорад, ҳамчун фолбин пешгӯӣ кардааст, ки бисёр ҳам сифати шайтониву иғвобарангезии ин малъуни наҳзатиро ошкор месозад. Ин касифи наҳзатӣ Кабирии палид дар ҷое дурӯғгӯияҳояшро ҷоиз гуфтааст ва ҳола ҳам макру ҳиллаяшро мегӯяд, ки ин талаботи сиёсат аст. Авбош ва бесаводи наҳзатӣ, Кабири асло намедонад, ки умуман сиёсат ба дурӯғ ниёз надорад ва дурӯғ душмани демкоратия аст.    Ҳамзамон набояд фаромӯш кард, ки Кабирии палид душмани миллат аст ва пайт меҷӯяд, ки як кор карда, назари манфурона ва хоинонаи худро ба мардум расонад ва ҷомеаро гумроҳ созад. Зеро ин хоинони наҳзатӣ аз оромиву осудагӣ ва шукуфоии кишвар ҳасад мебаранд ва дарун-дарун месӯзанд ва ҳоло дигар намедонанд, ки чӣ кор кунанд.Кабирӣ дар бораи интихоботе, ки дар Тоҷикистон  барпо шудааст, ғайридемократӣ меҳисобад ва аз он, ки дар ин маърака ҳизби радди маъракашуда ва террористони  ӯ ширкат намеварзад, боз бечоранолӣ мекунад. Ӯ дар гирди ҷасади гандидаи ҳизбаш ҳамоно доду фиғон мекунад, вовайло мехонад ва гӯё ТТЭ ҲНИ маҳз гарави демократия, озодӣ дар Тоҷикистон буд.  Гуноххои Кабирӣ  ва ТТЭ ҲНИ, ки кӯшиш ба табаддулоти давлатӣ даст дошту он бо далелҳои раднашаванда исбот шудааст, ба гардан намегирад. Чунин гарданшахӣ, нобиноӣ, ноҷавонмардии роҳбари ТТЭ ҲНИ борҳо исбот шуааст.  Андешаи Кабирӣ, ки гӯё интихобот поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат, гуногунандешӣ дар Тоҷикистон аст, аз сафсатаи пеш нест. Балки ин қуллаи риё, фиребу назарфиребии Кабирӣ ба хотирӣ манфиатҳои сиёсиаш ва поёни ҳунари “сарвари” ҳизби фанорафтаи ӯ мебошад. Гузаронидани интихоби намояндагони халқ ба мақомоти маҳаллӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ аз бисёр  ҷиҳатҳо ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва қонунбарорӣ вобастагии калон дорад.

Маҳз ба воситаи интихобот шаҳрвандон ҳуқуқи конститутсионии худро пурра истифода бурда метавонанд. Аз ин лиҳоз, баргузории интихоботро шаффоф ва демократӣ арзёбӣ менамоям. Дар интихобот ҳамаи шаҳрвандон сарфи назар аз ҷинс, забон, маълумот, сатҳи даромад, ақидаҳои сиёсӣ дар интихобот фаъолона иштирок намуданд ва тариқи махфӣ ба номзадҳои арзанда овоз доданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар қатори дигар мамлакатҳои пешқадам роҳи бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст. Бинобар ин, барои гузаронидани интихоботҳои демократӣ заминаҳои хуби объективӣ гузошта шудааст. Яке аз мисолҳои равшани ин, қабули қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот, ширкати фаъоли шаҳрвандон, пешбарии номзадҳо аз ҳафт ҳизбҳои сиёсӣ, шаффофу демократӣ сурат гирифтани он ва раъйи ҳар кадоми онҳо ба сӯи ояндаи неки Тоҷикистон хоҳад буд.

                                                          Дилафрӯз Ҳомидова,  

                                         корманди шӯъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *