Ҳизби наҳзат – ҳизби ифротӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби Додгоҳи олии кишвар созмони террористӣ эълон гардида, фаъолияти он дар қаламрави ҶТ манъ шуда буд.

Дар баёнияи Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки онро рӯзи 29 сентябр хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон- АМИТ “Ховар” пахш кард, аъзои ин ҳизб ба содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ ва паҳн кардани ахбори иғвоангезона, муттаҳам мешаванд.  Дар баёния аз ҷумла омадааст, аъзои ҲНИТ дар ташкил ва ширкат дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани низоми қонунии Тоҷикистон ва барангехтани адовати динӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ, муттаҳам шудаанд. Иттиҳоме, ки раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамвора онро радд карда ва таъкид менамуданд, ки мехоҳад дар раванди сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи Қонуни асосии кишвар фаъолият намояд.

Дар идомаи баёнияи мазкур қайд мешавад, ки бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои Раёсати олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гуруҳҳои ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кории муовинони
Тибқи нақша мебоист, ки як гуруҳи 40 нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри Миллат, як гуруҳи 25 нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, як гуруҳи 30 нафара аз се тарафи бинои ВКД, як гуруҳи 25 нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гуруҳи 40 нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гуруҳҳои ҷинояткорӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом медоданд.
Боиси шукр ва хушнудист, ки оид ба марому мақсади ҲНИТ ба мо тоҷикон сари вақт маълум гашт. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони барӯманди миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурданд. Аз 26 октябри соли 1991 Анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солхои 1991-1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористии худро мебурд. Ҳизби мазкур баъд аз шикаст хӯрдан дар шахри Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод мохи декабри соли 1992-1993 ба ноҳияҳои минтақаҳои Ғарм ҷойгир шуданд.

Дар матбуот ва масчидхо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Ҷумҳурии исломии Точикистон даъват менамуданд. Ин ҳизби террористӣ бисёр ҷиноятҳои вазнинро содир намуд. Роҳбарони созмони ин ҳизб, яъне ҲНИТ оқибат шикасти сахт хӯрда, ба Афғонистон фирор карданд. Моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба хайати он намояндагони ҲНИТ шомил буданд. Аз солҳои 1992-1997 ХНИТ дар Афғонистон амал намуданд. Дар муддати ин солхо борҳо бо сарҳади Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона бурданд. Лекин бо ташаббуси марзбонони Ватани азизамон онҳоро нагузошт то ба мақсади нопоки худ бирасанд.

Роҳбари ҲНИТ ҳоло дар хориҷи кишвар мебошад. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модар, хиёнат ба мазҳаби Ханафи, хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. Дини мубини Ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват менамояд. ҲНИТ ягон робитае бо дини мубини Ислом надорад, баръакс ҳамаи корхояшон мухолифи фармудахои китоби муқаддаси мусалмонон «Қуръон» аст. Намоз хондан  нахондан мухим нест, мухим он аст, ки аъзои ҳизб бошӣ шуд. Дар интихоботҳо номи Исломро хат назанед, ки кофир хоҳед шуд. Аз ин маълум мегардад, ки мақсад якто-мукобили Ҳукумати қонунии ҶТ.

29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи Прокурори генералии ҶТ қонеъ гардонида шуда, ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо бархам дода шуд. То имрӯз руҳониёни исломии асил ҲНИТ-ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.

Ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Саидова З.З.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *