ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС МО ТАНҲО НЕСТЕМ!

Пӯшида нест, ки мо дар замони мушкили эпидемияи умумиҷаҳонии вируси маккори COVID-19 зиндагӣ мекунем. 11 марти соли равон Созмони ҷаҳонии беҳдошт изҳороти расмӣ паҳн намуд, ки пандемия ба вуҷуд омадааст, яъне паҳншавии ин касалии марговар характери ҷаҳонӣ гирифтааст ва паҳншавии минбаъдаи он дар зери назорат мебошад. Ин эпидемия дар охирҳои моҳи апрел то ба Тоҷикистон омад. Лекин ин маънои онро надорад, ки мо ба таҳлука афтида, ба марги оммавӣ тайёрӣ бинем. Бино ба ақидаи мутахассисон зиёда аз 85 фоизи гирифторони ин беморӣ бе истифодаи дорувор сиҳат меёбанд. Аз дигар тараф нафарони риоякунандаи тавсияҳои беҳдошт худ ва наздиконашонро аз ин вабои аср эмин нигоҳ медоранд. Ин вирус асосан ба нафарони иммунитети паст дошта таҳдид мекунад. Аз ин сабаб мо бояд дар навбати аввал нафарони гурӯҳи дар хатар буда, ба монанди пиронсолон, нафарони маризии дурудароз (хроникӣ) доштаро эмин нигоҳ дорем. Дар сурати дастҷамъона мубориза бурдан мо бо талафи камтарин эпидемияро паси сар мекунем.

Воқеан дар мубориза бар COVID-19 мо танҳо нестем. Ба кишвари мо ба ин муносибат аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ёрии башардӯстона ворид мешавад. Ба монанди 9 апрели солиравон дар шаҳри Душанбе маросими қабули ёрии башардӯстонаи аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор градид. Ин ёриҳои башардӯстона, ки ахиран дар 18 вагон вориди пойтахти кишвар шуд, аз 1 ҳазор тонна орд, воситаҳои антисептикӣ ва дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшу ниқоб ва пойафзоли тиббӣ, респираторҳо ва айнакҳои тиббӣ иборат мебошад.

Ҳукумати Федератсияи Руссия дар қатори яке аз аввалинҳо дасти ёрӣ дароз намуда, мӯҳлати дар муҳоҷиратии меҳнатӣ будани шаҳрвандонамонро дарозтар намуда, ба Тоҷикистон ёрии башардӯстона дар шакли тестҳои муайянкунии вируси COVID-19 ва дигар воситаю таҷҳизоти тиббӣ пешниҳод намуд. Дар он 210 дастаи тест-системаҳо барои гузаронидани 21 ҳазор тадқиқи шаҳрвандон вуҷуд дорад.

Дар моҳи апрел Иттиҳоди Аврупо ҷавобан ба мактуби Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон оид ба расонидани ёрӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои эпидемия ба маблағи 48 миллион евро грант (ёрии бебозгашт) ва 30 миллион евро кредит ҷудо намуд.

Бонки умумиҷаҳонии рушд ба Тоҷикистон барои таъҷилан ҷавоб гардонидан бар зидди коронавирус 11,3 миллион доллари ИМА ҷудо намудааст, ки аз он 3 миллион доллар кӯмак барои аҳолии қашшоқ, боқимонда барои беҳтар намудани вазъи муассисаҳои тандурустӣ ба монанди ташкили 100 кат барои пешгирии ин касалӣ равона карда шудааст.

Германия ба Тоҷикистон бо воситаи Бонки германиявии рушд 1 миллион евро барои харидани воситаҳои ҳифз ва таҷҳизоти тиббӣ ҷудо намудааст.

8 апрел Ҳукумати ИМА бо воситаи агентии USAID ба Тоҷикистон ба маблағи 869 ҳазор доллар кӯмаки башардӯстона намуд. Ин маблағ барои пешгирӣ намудани паҳншавии касалӣ равона гардидааст.

Бонки осиёгии рушд ба маблағи 100 ҳазор доллари ИМА кӯмаки башардӯстона ҷудо намуд, ки он ба иҷроиши корҳои профилактикӣ сарф шудааст.

Хитой ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона дар шакли тест барои 2 ҳазор тадқиқоти коронавирус, 1000 комбинезонҳо тиббии ҳимоявӣ, 500 адад термометрҳои фосилавӣ барои ченкунии ҳарорат, 1000 адад айнакҳои тиббӣ, 1000 ҷуфи дастпӯшакҳои тиббии истифодаи яккаратава 1000 ҷуфт бахиллаҳои тиббии яккарата расонид.

Бо дастгирии молиявии Идораи швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ ва дастгирии техникии ЮНИСЕФ ба Разорати тандурустии Тоҷикистон воситаҳои фардии ҳимоя ва мавод ба маблағи 50 ҳазор доллар фиристода шуд. Дар байни ин воситаҳо – 5 000 халатҳои истифодаи яккарата, 1840 комбинезонҳои истифодаи яккарата, 10000 дастпӯшак, 3900 респиратор, 5000 ниқоб, 200 ҷуфт ботинкаҳои обногузар, 30 термосканер барои пешгирӣ ва воситаҳои санитарӣ мавҷуданд.

Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ нуқтаи назоратию гузаргоҳии Кулмаро бо таҷҳизоти тиббӣ, дорувор ва кормандони тиббӣ таъмин намуд, ки ин нуқта дар сарҳади байни Тоқикистону Хитой дар Помир ҷойгир аст. Инчунин ин ташкилот ба Вазорати тандурустии Бадахшони Кӯҳӣ 20 ҳазор таҷҳизот ва воситаҳои беҳдошт ва ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон 30 ҳазор дастпӯшакҳо ва ниқобҳо фиристод.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва USAID ба Тоҷикистон воситаҳои фардии ҳимоя барои кормандони беморхонаҳои сироятиро пешниҳод намудааст.

Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон маблағи 189,5 миллион доллари ИМА баро мубориза бо пандемияи COVID-19 ҷудо намуд. Ин кредит фаврӣ ҷудо карда шуда, дар мӯҳлати 10 сол бефоиз пардохт мешавад.

Инчунин мо медонем, ки бизнесменҳо ва соҳибкорони ватанӣ ва дар хориҷи кишвар будагон дар мубориза бар зидди вабои аср бетараф намебошанд. Ба муассисаҳои тиббӣ, камбизоатон, бекорон кумаки моддию пулӣ мерасонанд.

Лекин афсӯс мехӯрем, ки душманони миллат дар фазои иттилоотӣ ба ҷои кӯмак ба паҳн намудани бӯҳтонҳои беасос машғуланд. Масалан Шарофиддин Гадоев менависад, ки президенти кишвар дар Германия табобат мегирад. Ё ин ки худи Кабирӣ овоза паҳн мекунад, ки дар Тоҷикистон барои пешгирии эпидемия ягон чора дида намешавад. Худи Гадоев ё Кабирӣ барои халосӣ аз ин вобои аср ба халқу наздикони худ кадом кӯмакро расонидааст. Ба ин ҷавоби ҳамшаҳриёни Кабирӣ дар шакли мактуби кушодро мебинем, ки дар он дар бораи кирдорҳои пешина ва ҳозираи ин нафари разил хеле хуб гуфтаанд.

Дар шаҳри Балахнаи Федератсияи Россия кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ блогери тоҷик Фахриддин Мирзомуротовро бо айбдоркунии паҳн кардани маълумоти бардурӯғ оид ба эмкунии (ваксинатсияи) коронавирус боздошт намуданд. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Instagram видеомуроҷиат ба қирғизҳо, тоҷикон ва ӯзбекҳо паҳн намуд, ки ба эмкунии коронавирус розӣ нашаванд ва гӯё ин эмкунӣ ба марг меорад ва шахсони эмшуда ҳатто “шаҳид” ҳам намешудаанд. Нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ бо айбдоркунии “Паҳнкунии оммавии маълумоти ошкоро дурӯғ дар бораи ҳолатҳои ба ҳаёт ва бехатарии шаҳрвандон хатардошта” кушоданд, ки то 3 сол аз озодӣ маҳрум шуданаш мумкин аст. Дар маънидодкунии рафтораш ӯ худро корманди тиб (медбрат) эълон кард, ки гӯё дар бораи ин масъала ҳама чизро медонад. Бо ин рафтори ноҷавонмардонааш ӯ ба ҷои маслиҳати дуруст додан оиди эҳтиёт шудан аз ин вабои аср номи шаҳрванди тоҷик ва корманди тибро бадном намуд.

Хулоса, ҳоло вақти муайян кардани дӯсту душман расидааст. Мо бояд дастҷамъона аз ин имтиҳони таърих сарбаландона бароем.

Иброгимов И.И.-дотсенти

кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии

ДИС ДДТТ дар шахри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *