ФУРСАТТАЛАБӢ ПЕШАИ ШАЙТОН АСТ

Имрўзҳо давлату миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат бо коронавируси шумқадам мубориза мебарад ва бояд қоил шуд, ки ин мубориза босамар ҷараён дорад. Аммо, мутаассифона, ин бадбахтӣ, ки кулли давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, аз ҷониби наҳзатиҳо ва дигар гуруҳҳои фурсатталаби ифротӣ ҳамчун пайки шодӣ қабул шуда, аз он истифода бурдан мехоҳанд. Ин тафриқаангезон рўзи сахти миллатро барои худ ниқоб сохта, боз мехоҳанд мавқеашонро мустаҳкам намоянд, боз мехоҳанд садои гўшхарошашонро касе ба инобат гирад, боз мехоҳанд худро маълулу мискин вонамуд созанд. Аммо фаромўш кардаанд, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон рўзҳои аз ин ҳам сахттарро, ки бо “марҳамати” ҳамон фурсатталабон омада буд, пушти сар кардаанд ва ин имтиҳонро низ сарбаландона мегузаранд.

Ба ростӣ навиштаҳои ғаразноки ин нафаронро мехониву агар аз асли воқеа хабардор набошӣ, фикр мекунӣ, ки коронавирус танҳо дар Тоҷикистон қадам мезанад. Далелҳои аблаҳонаи овардаи онҳо тарзе нигошта шудаанд, ки гўё дар давлатҳои абарқудрати дунё вобаста ба ин беморӣ муаммое нест.

Ҳоли Амрикову Руссияву давлатҳои пешсафи Урупову Чинро гўё намебинанд. Аз Ирону Афғонистон, Покистону Хиндустон, кишварҳои Амрикои ҷанубӣ ҳарфе ба забон намеоранд. Ба нигоштаи онҳо гўё танҳо Тоҷикистон дар раҳи мубориза бо коронавирус муаммо дошта бошад.

Хабарҳои умедворкунандаро вобаста ба муолиҷа ёфтани беморон ба забон намеоранд. Барои мисол, маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки санаи 8 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4609 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2763 (60%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, то 8 июни соли равон дар мамлакат 1176 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 90 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кўмаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки шабу рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои саривақтии бесобиқаро дар роҳи мубориза бо коронавирус андешида истодаанд. Дар як муддати кўтоҳ ташкил намудани беморхонаҳо ва марказҳои ихтисосии муваққатӣ, дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳо, ташкил намудани рейсҳои алоҳида оид ба таъмин намудани маводи доруворӣ ва дастгоҳҳои зарурӣ, либоси дахлдор ва дигар маводҳо. Ҷиҳати пешгирӣ аз ин намуди беморӣ аз ҷониби давлату ҳукумат як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимою иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 5 июни соли 2020, №1554 қабул гардид, ки дар он оид ба дастгирии мардум ва додани имтиёз ба онҳо, ин худ як нишонаи дастгирии табақаҳои гуногуни ҷомеа вобаста ба намуди гуногуни фаъолияташон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мебошад. Ҳамзамон ба тамоми шаҳру ноҳияҳо равон намудани корвони кумак бо маҳсулоти озуқа ва дорувориви зарурӣ барои кўмаки аввалия барои мардум саривақтӣ буд. Ҳамзамон бо дастгири бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати сохтмони беморхонаҳои сироятии дорои хамаи шароитҳо амалӣ гардида истодаанд. Маврид ба қайд аст, ки сохтмони беморхонаи сироятӣ моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, он аз 8 ошёна иборат буда, сохтмони дигар беморхона аз 6 ошёна ва бо тамоми шароитҳои замонавӣ барои ҳифзи сиҳатию саломатии мардум пешбинӣ мегардад.

Тамоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, робитаи пайваста бо роҳбарони минтақаҳо, пайваста бохабар будан аз набзи ҷомеа, сари вақт дастрас намудани дорувориву воситаҳои тиббӣ, овардани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар чанде аз кишварҳои дунё бо сабаби манъи парвоз бозмонда буданд ва ғайра низ исботи ватандўстиву раиятпарварии Пешвои муаззами миллат мебошад.

Боиси таассуф, ки дар ин рўзҳои мушкил боз ёфт мешаванд савдогароне, ки бо пеша кардани ҳаннотӣ худро ба фурсатталабони номбурда баробар месозанд. Ба ин гуфтаҳо болоравии нархро дар бозору дорухонаҳо мисол меоварем, ки як муддат мардумро ба таҳлука андохт. Ин ҳаннотон фаромўш сохтаанд, ки амали беинсофонаю ғайриинсониашон ҷараёни мубориза бо паҳншавии коронавирусро сусттар мегардонад.

Агар он фурсатталабон аз Урупо истода ба сарзамини покамон санг меандохта бошанд, дар дохил ҳаннотоне пайдо шудаанд, ки рафторашон аз онҳо кариб, ки фарқе надорад. Фурўшандагони доруву дармон, маҳлули антисептикиву ниқобу дастпўш, ҳазориспанду сирпиёз, картошкаву пиёз бо истифода аз вазъи ҳассоси замони аввали паҳншавии коронавирус пайи ба даст даровардани фоидаи муфту барзиёд шуданд.

Хушбахтона чорабиниҳои густурда ва ба таҳлилҳои воқеӣ асосёфтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурҳои бевоситаи Пешвои муҳтарами миллат пеши роҳи инро ҳам гирифта, бо таъмин намудани бозори дохилӣ бо маводи зарурӣ дар ҳаҷми дахлдор, инчунин баланд бардоштани рўҳияи мардум сабаб шуданд, ки имрўзҳо аллакай бозори дохилии кишвари азизамон аз маводи ғизоии истеҳсоли худӣ ва дорухонаҳо аз маводи зарурӣ бо нархи дастрас пур кифоягӣ мекунад.

Дасти ёриву кумаки соҳибкорони бонангу номус, хизматчиёни ватандўст ва кормандони соҳаҳои гуногун ба беморон ва табибон руҳияи мардумро дар роҳи дарки якҷоя амал кардан ва ваҳдату ягонагӣ даҳчанд кард. Дар ин роҳ вакилони Маҷлиси намояндагон низ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва дигар минтақаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва кўмакрасониву таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводи зарурӣ саҳми арзанда доранд.

Матлаби мазкурро омода намудему хулосаеро барои он беҳтар аз фармудаи Пешвои муаззами миллат дарнаёфтем: “Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлўи якдигар бошем. Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем. Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад”.

Бале, ҳушёр аз овозаву ҳангомаи бадхоҳони кишвар бошем, босабру шукргузор аз вазъи имрўза буда, дар ваҳдату ягонагӣ исбот созем, ки ҳеҷ кадоме аз тафриқаангезону чоплусон, ҳеҷ гуна ҳангоматалабону ҷудоихоҳон ва ҳеҷ гуна мушкиливу имтиҳонот сари мардуми тоҷикро паст накардаанду наметавонанд кард.

 

Бахтовар Сафарзода

Солеҳа Холмаҳмадзода,

вакилони Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *