Дар либоси наҳзат суханфурушӣ мекунанд…

Дар замони муосир, дар шароити бархўрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръат маҷмўи масъалаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки ҳалли онҳо дастаҷамъӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва ғояҳои созандаро тақозо менамоянд.
Имрўз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли муборизабаранда бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Дар ин иртибот мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу усулҳои он ба таври мушаххас дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» инъикос ёфтааст.
Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта, моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, он ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дониста шуд.
Хиёнату фиреб ва амалҳои ҷинояткоронаи ин ташкилоти террористи-экстремистӣ зиёданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат бо сарпарастии хориҷии худ ба қатлу куштор ва хунрезӣ даст задааст, ки мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ ин амалҳои ношоиста ва ғайриинсониро аз хотир намебарорад.
Маҳз наҳзатиён дар солҳои 90-ум сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ, пароканда шудани халқӣ азияткашидаи тоҷик гардиданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки баҳри нигоҳдори якпорчагии Тоҷикистони азизамон замоне буд, ки роҳбари ТЭТ ҲНИ худро пуштибон меҳиобиданд. Аммо динро ниқоб намуда ба таври руякӣ амал карда, ақидаи аҳли ташайюъро ба гумроҳи пиёда месохтанд.
Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў аз пешравиҳои мамлакатамон озурдахотир гардида, пайваста ба бўҳтону дурўғ машғул аст. Нақзатиҳо ягон вақт дар фикри пешрафти кишвар набуданду нестанд. Дигар ба касе пўшида нест, ки нақзатиҳо ҳамарўза бо васвасаи шайтон ба бўҳтону дурўғ машғул мешаванд ва бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон ба бадномкунию гурўҳбозӣ овораанд.
Мухиддин Кабирӣ бо воситаи ҳар гуна сомонаҳои интернетӣ бо суханони бардурўғу бўҳтони худ мехоҳад ҷонибдорони худро афзун намояд. Ҳол он, ки мардуми тоҷик имрўз сулҳу оромиро аз ҳама гуна арзишҳо боло медонанд. Ин сулҳу осоиштагӣ барои ҳар як мардуми тоҷик неъмати нотакрору муқаддас аст.
Душманони миллату меҳани тоҷик, ки бо суханони бемантиқонаю беасос ҳамеша бар сари мардуми мо санги маломат мезананд. Бо ҳар роҳу восита иттилооти бардурўғро паҳн карда, худро мусичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Маҳз бо ҳамин усули корӣ ва тарзи амалкардаи худ тавонистанд, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба хоку хун оғўшта намоянд ва халқи фарҳангпарвару таҳаммулпазири меҳанро сарсону саргардон кунанд. Имрўзҳо ба мисли гадою талбанда дар ба дари созмонҳои хориҷӣ гашта, худро бечораю нотавон ва дармондаю қаландар нишон медиҳанд. Онҳо мехоҳанд, ки боз миллату меҳанро ба гирдоби вартаҳову бадбахтиҳои чанде қабл созмондодаашон тела диҳанд. Чанд террористи наҳзатие, ки худро ба девонагӣ задаю ба ҳам ҷамъ омада, дар шаҳри Берлин бо унвони Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ созмонеро ташкил кардаанд, Натиҷаҳои интизорӣ аз ин ҷамъияти худбохтагон боз ҳамон бадбахту бенаво намудани шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ин террористону экстремистон, ки дар асл душманону хоинони миллату меҳан мебошанд, боз бешармона аз номи миллату меҳан сухан карда, даъвои ташкили гирдиҳамоӣ доранд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ баисрор аз терроризму экстремизм танқид мекунад. Аз ин рў мебоист, ки ба қадри ин сулҳу оромӣ бирасем ва нагузорем, ки Кабирӣ барин хоинони миллат осоиштагии моро халалдор созанд.
Имрўз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон барад.Зеро танҳо дар ҳамҷоягӣ метавон ба ин падидаи номатлуб ва хатарнок муқобилияти беамон бурд.
Муборизаи ҳар як узви ҷомеа ба муқобили терроризм ва экстремизм дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, арзишҳои миллӣ, фарҳангу забон ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.
Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумат дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад,то он и ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида, баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.

Муаллимаи калони кафедраи Молия ва қарз
Аҳмадҷонова Р.С.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *