Дар ДИСДДТТ Фестивал-озмуни “Андалеб-2016” баргузор гардид

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30-юми апрел дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни Ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2016” баргузор гардид.
Тибқи барномаи Фестивал-озмун дастаи ҳунарии донишкада аз рӯи ёздаҳ шарт баромад кард. Шартҳои озмун намоиши ҳунарҳои бадеиву халқӣ (хайма), навозиши умумӣ, намоиши сарулибоси (подюм) қадимаи миллии тоҷикии мардона ва занона, рақси якка, суруди якка, навозиши якка, иҷрои суруд ё рақси халқии ягон миллати дигар, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди шашмақом, порча аз анъанаҳои мардумӣ ва сюитаи овозию рақсро фаро гирифта буданд, ки дастаи ҳунарии донишҷӯёни Донишкада онҳоро бо маҳорати баланд иҷро намуданд.
Дар бахши намоиши ҳунарҳои бадеиву халқӣ (хайма), ки дар саҳни гузаргоҳи Донишкада омода шуда буд, донишҷӯён анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, кашидадӯзӣ, асбобу олоти дастисохти халқиро манзури ҳакамон намуданд. Навозиши умумӣ, ки онро донишҷӯёни ҳунарманди Донишкада бо ҳашт асбоби мусиқии халқӣ иҷро карданд, аз саҳнаҳои ҷолиби диққат буд. Дар намоиши сару либоси миллии қадимаи тоҷикӣ донишҷӯён дувоздаҳ навъи сарулибосро аз давраҳои гуногуни таърихӣ омода намуда, намоиш доданд. Яке аз беҳтарин саҳнаи иҷрошуда дар озмун ин, бешубҳа рақси якка буд, ки онро донишҷӯи фаъоли Донишкада Исмоилова Гулрӯ дар зери навои дойра бо маҳорати баланд иҷро кард. Ашӯров Парвиз донишҷӯ-ҳунарманди Донишкада суруди якка суруда ба аҳли толор шодиву сурури нотакрор бахшид. Навозиши яккаро таҳти унвони “Қалабандӣ” донишҷӯ Эргашев З. бо дутор иҷро намуд. Зуҳро Ҳайдарова донишҷӯи таълимгоҳ дар бахши суруд ё рақси халқии ягон миллати дигар, суруди халқии рус “Катюша”-ро суруда, хотири ҳозиринро болида гардонид.
Донишҷӯёни Донишкада аз лаҳзаҳои шавқангези хизмати ҳарбӣ саҳначаи ҳаҷвӣ намоиш доданд. Дар иҷрои донишҷӯ Раҳимов Абдураҳим суруди шашмақом иҷро гардид, ки бо маҳорати том суруда шуд. Дар фарҷом дастаи ҳунарии ДИС ДДТТ бо иштироки кулли аъзоён сюитаи рақсию овозӣ намоиш дода, фестивал озмунро дар сатҳи баланди фарҳангӣ хотима бахшиданд.
Ҳамин тавр, барномаи ҳунарии Фестивал-озмуни Ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2016” дар ДИС ДДТТ-ро аъзои ҳакамон хуб арзёбӣ намуда, ба он  98.4 холи умумӣ доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *