Муҳтарам профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони гиромӣ! Мову Шумо дар остонаи таҷлили 71-умин солгарди ҷашни Ғалаба бар фашизм қарор дорем. Маҳз корнамоиву қаҳрамониҳои бемисли бобоёну падарони мо буд, ки имрӯз мо аз фазои беғубори сулҳу дӯстӣ ва озодиву рафоқат баҳрабар ҳастем.
Ҳанӯз 71 сол муқаддам Олмони фашистӣ аҳдшиканона ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ, ки Тоҷикистон низ ба он шомил буд, ҳуҷум кард. Садҳо шаҳру деҳот вайрону валангор, иншоотҳои гуногун хароб ва миллионҳо одамон куштаву асир гирифта шуданд. Миллатҳои мухталифи ҳудуди Шуравӣ бародарвор паҳлӯи ҳам истодагарӣ карда, барои озодӣ, сулҳҷӯӣ, нангу номус ва муҳимтар аз ҳама, ҳимояи Ватани хеш мубориза мебурданд. Дар сафи эшон фиристодагони баору номуси тоҷик низ баҳри ҳифзи марзу буми Ватан муборизаи беамон бурдаанд. Панчоҳу чор нафар аз иштирокчиёни тоҷикистонии ин ҷанг ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардида,
номи тоҷик ва миллати хешро азизу мӯътабар гардонидаанд. Беҳуда нест, ки ин ҷангро Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ донистаанд, ки дар таърих назираш нест.
Профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони азиз! Гиромидошти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз мову шумо пеш, аз ҳама, ҳурмату эҳтиром, дастгирии моддиву маънавӣ, поси хотири шаҳидони ин ҷанг ва ҷустуҷӯю бозгӯи қаҳрамониҳои беназири гузаштагонамонро тақозо менамояд. Боварӣ дорам, ки ҳар яки шумо дар ин кори хайр саҳми худро гузошта, ба хотири тинҷиву оромии ҷомеа, сулҳу субот, ривоҷу равнақи Ватан ва тарбияи насли оянда дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ кӯшишу ғайрат мекунед.
Ҳамаи шуморо ба муносибати таҷлили ин ҷашни бошукӯҳ –Рӯзи Ғалаба сидқан табрик намуда, бароятон рӯзгору хушу осуда ва сарбаландии бардавом таманно дорам.
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст! Зинда бод корнамоиву қаҳрамонии миллати сарбаланди тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ!