Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Санаи 1-уми октябр дар донишкада бо иштироки ҳайати васеи меҳмонон, профессорон, устодон ва донишҷӯён Рӯзи омӯзгоронро бо тантана таҷлил намуданд.
Чорабиниро ҷонишини директори донишкада оид ба таълим номзади илми иқтисод, дотсент Ҳомидҷон Ҳошимов ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфт. Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наимҷон Маликисломов суханронӣ карда, устодони донишкадаро бо ин санаи муборак таҳният гуфт. Номбурда перомуни давраҳои ҳассостарини соҳибистиқлолии мамлакат ва нақши омӯзгорон дар ин солҳо ёдовар шуда, онҳоро машъалафрӯзони маориф ва равшаннамои роҳи сулҳу суботу оромии ҷомеа муаррифӣ намуд. Меҳнати фидокорона ва ташаббускориҳои чанд нафар омӯзгорони донишкадаро ҷиҳати таблиғу роҳандозии ҳадаф ва мақсадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликисломов Н. бо Сипосномаҳои ҳизб қадршиносӣ кард.
Дар қисмати фарҳангӣ-адабии чорабинӣ, ки аз ҷониби донишҷӯёни донишкада таҳия шуда буд, донишҷӯён асосан шеърхонӣ, сурудани сурудҳои эстрадӣ, рақси якка зери навои дойра ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ намоиш дода, хотири ҳозиринро болида сохтанд. Дар чорабинӣ Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, солист аз кохи фарҳангии ба номи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд, ҳофизи хушовоз Илёс Очилов иштирок ва сурудхонӣ карда, ба чорабинӣ ҳусну таровати хотирмон зам намуд.
Баргузории ин чорабинӣ ба хотири гиромидошти азизтарин шахсияти ҷомеа-омӯзгор нигаронида шуда, баҳри омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, як ҷаҳон таассуроти хотирмону дилнишин боқӣ гузошт.