Гиромидошти забони модарӣ вазифаи муқаддаси ҳар шахс аст

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ чорабинии илмӣ ва адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабиниро ҷонишини директори донишкада оид ба тарбия, н.и.ф., дотсент Гулчеҳра Аҳророва ифтитоҳ карда, оид ба аҳамияти касби мақоми забони давлатии забони тоҷикӣ фикру андешаи ҷолиб иброз дошт. Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии донишкада Ҷалолова Ф.А. дар мавзуи “Умри миллат ба умри забон вобаста аст” маърӯзаи пурмӯҳтавои илмӣ хонда, аҳамият ва нақши созандаи забонро дар бақои миллату давлат басо муҳим арзёбӣ намуд.
Донишҷӯи курси якуми ихтисоси 240107 Мадина Пӯлотова дар маърӯзаи хеш таҳти унвони “Саҳми Сарвари давлат дар рушди забони тоҷикӣ” саҳми беандоза, кӯшишу ғайрат ва ташаббускориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккул ва рудшу нумӯи забони тоҷикӣ, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат, бо далелу асноди мӯътамад баён дошта, саҳми босазои ҷовонони кишвар, бахусус донишҷӯёнро дар гиромидошти забони давлатӣ бамаврид иброз кард.

Дар қисмати суханронии аҳли адаб, ки дар меҳмонии чорабинӣ қарор доштанд, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адиби шинохта Муҳсин Аминзода баромад карда, перомуни гиромидошти забон, ҳифз ва поку беолоиш нигоҳ доштани он андешаҳои судманд баён кард. Номбурда аз осори адибони маъруфи тоҷик ва мамолики хориҷ гуфтаҳои ҷаззобро перомуни забони модарӣ қироат карда, диққати ҳозиринро бо хондани ашъори гуворои шоирони адабиёти классикӣ ва муосир оид ба забони тоҷикӣ ҷалб кард.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адиби маъруф Муқим Воҳид ва намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок доштанд. Намояндаи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба чанд нафар омӯзгори донишкада Сипосномаҳои ҳизбро тақдим намуда, ҳозиринро барои муттаҳидӣ, саҳмгузор будан дар шукуфоии кишвар ва фаъолияти бомақсаду дастаҷамъона даъват намуд.
Дар қисмати адабӣ-фарҳангии чорабинӣ асосан намоиши асарҳои адибон ва шоирони маъруфи вилоят, сурудани сурудҳои эстрадӣ аз ҷониби донишҷӯён баргузор шуд, ки ба аҳли толор як ҷаҳон таассуроти маънавӣ эҳдо намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *