Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад


Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо намояндагии Прокуратураи вилояти Суғд мулоқот баргузор гардид.
Дар доираи нақша-чорабиниҳои фаҳмонидадиҳии Прокуратураи вилояти Суғд, санаи 13-уми октябр дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, вохӯрии прокурори калони Прокуратураи вилояти Суғд Нурализода Муқим Додохон бо устодону донишҷӯён баргузор шуд. Мулоқотро директори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф ифтитоҳ бахшида, меҳмони гиромиро ба таълимгоҳ хайра мақдам гуфт. Сипас, тибқи барномаи вохӯрӣ Прокурори калони Прокуратураи вилояти Суғд оид ба содиршавии ҷиноятҳо дар соли равон маълумоти муфассал дода, зимни суханронии хеш аз ҷумла гуфт: “Афзоиши ҷиноятҳои характери террористиву экстремистӣ дошта, махсусан шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мақомоти қудратии кишвар, аз ҷумла, Прокуратураи вилояти Суғдро сахт нигарон карда, мубориза ва пешгирии ин қабил ҷиноятҳо саривақт ва оперативона гузаронида мешавад”. Нурализода Муқим содиршавии ин аъмолро сахт маҳкум карда, ҷинояткорони онро хоинони ватанфурӯш ва ашхоси беирода хонд. Мавсуф ҳамчунин перомуни ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла, одамкушӣ, дуздӣ, мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир, қаллобӣ, коррупсия ва амсоли ин маълумот дода, таъкид дошт, ки аксари ҷинояткорон дастгир карда шуданд, ки шумораи зиёдашонро ҷавонон ташкил мекунанд. “Ин нишондод, албатта, боиси нигаронии аҳли ҷомеа буда, касро бетараф гузошта наметавонад, мубориза бурдан ва пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ кори на танҳо мақомоти қудратӣ, ҳамчунин, вазифаи пурмасъули аҳли ҷомеа, алалхусус муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ мебошад, ки ба тарбияву таълими муттахассисони оянда аҳамияти ҷиддӣ дода шавад”- таъкид дошт зимни баромади хеш Нурализода.
Ҳамзамон, дар мулоқот ҷонишини директори донишкада оид ба таълим н.и.и., дотсент Ҳомидҷон Ҳошимов ва муовини директор оид ба корҳои тарбия н.и.ф., дотсент Гулчеҳра Аҳророва иштирок намуда, дар самти татбиқи минбаъдаи чораҳои пешгирии ҷинояткории донишҷӯён фикру андешаҳои ҷолиб иброз доштанд.
Пас аз анҷоми суханронӣ устодону донишҷӯёни донишкада ба Прокурори калон Нурализода суолҳо пешниҳод намуда, ба онҳо посухҳои мушаххас шуниданд. Қайд карда шуд, ки баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо, бешубҳа, ба манфиати кор буда, омили пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ дар байни донишҷӯён шуда метавонад. Ҳамагон аз доир шудани ин мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуда, ташкили чунин чорабиниҳоро дар оянда пешниҳод карданд ва он аз ҷониби масъулин хуш пазируфта шуд. Баргузории чунин мулоқот дар оянда дар назар гирифта шуда, дар ин самт ташаббускории ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи иқтисод ва савдо ДДТТ хуб арзёбӣ карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *