COVID – 19 ва оқибатҳои он

 

Аз моҳи декабри соли 2019, дар Вуҳан як бемории шадиди роҳи нафас, ки тавассути вируси номаълум ба вуҷуд омадааст, зуд ва бо суръати зиёд ба тамоми Чин паҳн шуд. Овозаи ин беморӣ бо суръати зуд паҳн шуд ва мардуми курраи заминро воҳима гирифт. Рӯзи 23-юми январ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълом дошт, ки пандемия номидани паҳншавии коронавирус ҳанӯз зуд аст, аммо аллакай пас аз ҳафтае, 30-юми январ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълон кард, ки хуруҷи коронавирус як ҳолати фавқулодаи хатар ба сиҳатии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт вируси навро “COVID-19” ном дод ва аз олимон ва мутахассисон даъват кард, то давои ин вируси марговарро ҳарчи зудтар пайдо кунанд. Вируси нав аз одам ба одам мегузарад ва суръати паҳншавии он назар ба зукоми оддии мавсимӣ тезтар аст.

Коронавирус барои бизнес ва саноат мушкилоти зиёдеро ба бор овард. Бозорҳои саҳомӣ пас аз паҳн шудани вируси нав ба берун аз Чин хеле коҳиш ёфтаанд.

Одамон аз мулоқот, сафари корӣ ва тафреҳӣ худдорӣ мекунанд. Бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси нав, сиёсатмадорон ҳолатҳои фавқулода эълон намуда, ҳалли дигар масъалаҳои мубрамро ба қафо гузоштаанд. Мақомоти кишварҳо чорабиниҳои оммавӣ ва маҷлисҳоро боздоштанд, донишгоҳҳо ва семинарҳо, мактабҳо ва кӯдакистонҳо, осорхонаҳо, тарабхонаҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ баста шуданд.

Сарҳади кишварҳо баста шуданд, шаҳрҳои хурду бузург дар муҳосира монданд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва сиёсатмадорон дар сатҳи болотарин вохӯриҳо баргузор карданд  ва даъват мекунанд, ки барои боздошти паҳншавии вируси хатарнок “иқдоми бесобиқа” гузошта шаванд.

Оид ба он ки COVID-19 чӣ гуна дар тани инсон амал мекунад ва ба он зарар меорад, олимон то ҳол ҷавоби дақиқ надодаанд. Ягона чизи то ҳол маълум он аст, ки коронавируси COVID-19 зарарнок аст. Ба монанди дигар бемориҳои роҳи нафас COVID-19 дар бадани инсон “тӯфон” ва “оташ” барпо мекунад ва он на танҳо ба шуш, балки ба ҷигар, гурдаҳо, испурч ва узвҳои дигари ҳаётии бадан таъсир мерасонад. Беморон метавонанд табларза ва сулфа дошта бошанд, ки баъдан варами шуш ё бадтар аз онро ба бор меоваранд. Одатан онҳо ҳангоми сулфа ё атсазании шахсе паҳн мешаванд. Дар чунин ҳолат қатрачаҳои сулфа ва ё атсаи ин шахс дар ҳаво паҳн мешавад ва метавонад вирусро ба ҳар одами бо ин шахс дар тамоси наздик буда, бирасонад. Аммо дар ҳақиқат вақте ки ин коронавируси нав ба инсон сироят мекунад, ба узви бадани инсон чӣ мегузарад?

Ба гуфти олимон, беморӣ одатан дар се марҳила ба шуш таъсир мерасонад:

  • нусхабардории вирус
  • фаъолияти аз ҳад зиёди низоми масуният (низоми иммун)
  • вайрон шудани шуш

На ҳама беморон аз ин се марҳила мегузаранд. Дар асл, танҳо 25 дарсади беморони ба вируси роҳҳои нафас сироятшуда аз норасоии шадиди кори шуш азият мекашанд. Монанд ба ин, тибқи маълумоти пешакӣ, 82 фоизи ҳолатҳои сироят ба вируси COVID-19 нишонаҳои сабуки бемориро ба бор меоваранд, ҳолатҳои боқимонда ҷиддӣ ё хатарнок мебошанд.

Дар рӯзҳои аввали сироят коронавируси нав ба ҳуҷайраҳои шуши одам зуд ворид мешавад. Ин ҳуҷайраҳои шуш дар ду намуд пайдо ҳастанд: онҳое, ки луоб ба вуҷуд меоранд ва онҳое, ки дорои пашми ба мӯй мубаддалгардида мебошанд, ки ин пашмакҳо мижача ном гирифтаанд. Луоб бофтаи шушро аз микроорганизмҳои зарарнок муҳофизат мекунад ва шуши моро намемонад хушк шавад. Ҳуҷайраҳои мижачаҳо бошад дар атрофи луоб давр мезананд ва тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд, то луобро аз хошоке ба монанди гард ё вирус ва дигар ғализиҳо тоза нигоҳ доранд.

Беморони зиёде ба варами ҳарду шуш гирифтор мешаванд ва нишонаҳои монанди тангии нафаскаширо доранд.

Маҳз аз ҳамин вақт марҳилаи дувуми таъсири зарарноки вируси COVID-19 шуруъ мешавад, ки дар ин марҳила низоми масунияти бадани мо кори худро оғоз мекунад. Ҳангоми ҳузури ҳамлаи вирусӣ узвҳои дохилии бадани мо барои мубориза бо ин беморӣ фаъол мешаванд ва шушро бо ҳуҷайраҳои масуниятӣ пур мекунанд, то вайроншавии шушро пешгирӣ, барканор ва бофтаи шушро барқарор кунанд.

Бо фаъолияти дурусти низоми масуният, ин раванди илтиҳоб ба таври қатъӣ танзим карда мешавад ва кори он танҳо бо минтақаҳои сироятшуда маҳдуд мешавад. Аммо вақте низоми масунияти мо вайрон мешавад, ин ҳуҷайраҳои масуниятӣ дар роҳи худ ҳама чизро, аз ҷумла бофтаҳои солими узвҳои бадани моро мекушанд. Шушҳои мо боз ҳам чиркинтар мешаванд ва варами онҳо шадидтар мешавад.

Ҳамин тавр, аз аксуламали низоми масуният (ҳангоми сирояти коронавирус), мо зарари бештар мебинем.

Дар марҳилаи саввум зарари коронавирус ба шуш торафт меафзояд, ки метавонад ба камбуд ё истоди кори шуш оварда расонад. Дар ин ҳолат, ҳатто агар он ҳолат марговар ҳам набошад ва баъзе беморон зинда монанд, ба шуш осеби сахт мерасад. Дар ҳолати вориди чунин тағйирот ба шуш, ба шуши беморон аксар вақт вентиляторҳо мегузоранд, то нафаскашии онҳоро осонтар гардад.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои пешгирии сироят ба коронавируси нав тавсияҳое омода кардааст.

Бо мақсади муҳофизат кардани худ ва дигарон аз сирояти вирус, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштро тавсия медиҳад. Бояд зуд–зуд дастҳои чиркиншударо бо собун ва зери оби равон шуст, махсусан пас аз атса задан ё сулфидан ва ҳамчунон ҳангоми нигоҳубини беморон, ҳангоми тайёр кардани хӯрок, пас аз рафтан ба ҳоҷатхона, пас аз олудан ба чирк ё партовҳо, пас аз тамос бо ҳайвонот ё партовҳои онҳо. Ҳангоми сулфидан ва атса задан даҳон ва биниро бо рӯймолча мепӯшонанд. Инчунин шумо аксар вақт бояд дастҳо ва рӯятонро бо моеи дорои спирт ё дигар воситаи антисептикӣ тоза кунед. Ин ва дигар чораҳои муҳофизат аз коронавирусро тавассути пахш кардани ин линк пайдо кардан мумкин аст.

Духтурон, инчунин, тавсия медиҳанд, ки ба ҷойҳои ҷамъиятӣ наравем ва алоқаи ҷисмониро бо одамоне, ки нишонаҳои зуком доранд, қатъ кунем. Эҳтиёт бояд шуд, то ба чашм, бинӣ, даҳон ва рӯямон даст назанем, зеро вирус худ ба худ аз сатҳи рӯй ба роҳи нафаси мо дохил намешавад.

Тибқи баъзе гузоришҳо, паҳншавии коронавирус коҳиш ёфтааст, аммо шод шудан ҳанӯз хеле зуд аст. Духтурон маслиҳат медиҳанд, ки ба воҳима наафтем, вале боз ҳам тамоми чораҳои эҳтиётиро биандешему ба кор андозем.

Ҳафизова Р.А.,

муаллимаи калони кафедраи

 молия ва қарзи ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *