Бемории сироятии COVID-19 ва оқибатҳои он

 

Имрӯзҳои масъаклаи паҳншавии бемории сироятии COVID-19 яке аз масъалаҳои мубрами тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Воҳимаи паҳншавии беморӣ ҳар рӯз бештар мешавад. Одамоне, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам зиндагӣ мекунанд, аз наздик шудани ин беморӣ ҳушдор медиҳанд.

Аз охири моҳи апрел то 25-уми сентябр дар Тоҷикистон COVID-19 ба 9562 нафар сироят карда, боис ба марги 74 касшудааст. Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки беш аз 8300 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд. Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, ки омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад.

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки омори гирифторони коронавирус “андак” боло рафтааст. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯйи вазорат, рӯзи 25-уми сентябр ба хабарнигорон гуфт, ки “рақамҳо камее боло рафтанд. Агар пештар 32 ҳолат буд, ҳоло 42 маврид аст.”

Мутахассисон як сабаби афзоиши бемориро ба шурӯи таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо мешуморанд. Онҳо мегӯянд, кӯдакону наврасон метавонанд, як манбаи “ноаёни” паҳнкунандаи вирус бошанд.

Коронавирус барои соҳибкорӣ, туризм ва саноат мушкилоти зиёде ро ба бор овард. Бозорҳои саҳомӣ пас аз паҳн шудани вируси нав ба берун аз Чин хеле коҳиш ёфтаанд.

Одамон аз мулоқот, сафари корӣ ва тафреҳӣ худдорӣ мекунанд. Бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси нав, сиёсатмадорон ҳолатҳои фавқулода эълон намуда, ҳалли дигар масъалаҳои мубрамро ба қафо гузоштаанд. Мақомоти кишварҳо чорабиниҳои оммавӣ ва маҷлисҳоро боздоштанд, донишгоҳҳо ва семинарҳо, мактабҳо ва кӯдакистонҳо, осорхонаҳо, тарабхонаҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ баста шуданд.

Сарҳади кишварҳо баста шуданд, шаҳрҳои хурду бузург дар муҳосира монданд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва сиёсатмадорон дар сатҳи болотарин вохӯриҳо баргузор карданд ва даъват мекунанд, ки барои боздошти паҳншавии вируси хатарнок “иқдоми бе собиқа” гузошта шаванд.

Оид ба он ки COVID-19 чӣ гуна дар тани инсон амал мекунад ва ба он зарар меорад, олимон то ҳол ҷавоби дақиқ надодаанд. Ягона чизи тоҳол маълумон аст, ки коронавируси COVID-19 зарарнок аст.

Духтурон, инчунин, тавсия медиҳанд, ки то ҳадди имкон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва он ҷойҳое, ки одамони зиёд ҷамъ мешаванд худдорӣ намуда алоқаи ҷисмониро бо одамоне, ки нишонаҳои зуком доранд, қатъ кунем. Эҳтиёт бояд шуд, то ба чашм, бинӣ, даҳон ва рӯямон даст назанем, зеро вирус худ ба худ аз сатҳи рӯй ба роҳи нафаси мо дохил намешавад. Дар ҷойҳои ҷамъиятиву серодам бе ниқоб нагардем.

 

Муаллимаи калони

кафедраи молия ва қарз

Мӯминова Н.Р.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *