Созмони ғайриҳукуматии байналмилалии Хю́ман Райтс Вотч (Дифо аз ҳуқуқи инсон) рӯзи 17 январ хабареро таҳти унвони “Дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон: бад буд, бадтар шуд” интишор намуда, дар он гӯё боздошту зиндонӣ шудани рӯзноманигорон, ҷонибдорони мухолифин,
хешовандони онҳо, фишор ба сари дигарандешон озодии гирдиҳамоӣ, озодии сухан ва озодии дину мазҳабро дар Тоҷикистон чун поймолшудани вазъи ҳуқуқи инсон, саркӯб шудани озодии ӯ қаламдод менамояд.
Дар ин гузориш ҳамзамон чанд қадами мусбати Ҳукумати Тоҷикистон дар вокуниш ба мавҷи эътирозҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ зикр ёфтааст, ки аслан тамасхуромез аст. Воқеан ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби қонун, созмонҳои ваколатдор як зуҳуроти усулӣ ва маъмулӣ аст, аммо дар байни ин созмонҳо ниҳодҳо ва сохторҳое низ мавҷуданд, ки кору амали аслии онҳо шубҳаангез буда, мақсаду нияти воқеии онҳоро зери суол мегузорад.
Созмони номбурда гӯё аз ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳимоят менамояд, вале дар асл маълум нест, ки кадом тоифаи инсонҳоро зери қаноти худ гирифтааст. Дар хабар ғайр аз суханони умумиву бедалел чизе мушоҳида намешавад. Агар “ҳуқуқдонҳои” ин созмон аз рӯи қонун барои ҷиноятҳои вазнин, хиёнат ба Ватан, миллат ба ҷавобгарӣ кашида шудани сарварон, фаъолон ва ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ, таъсисдиҳандагони ҳазорон маротиба паймоншикани созмони нави террористии Кабирӣ ва думравони ӯ – Илҳом Ёқубов, Юнус Бурҳонов, ки худро “сайидзодаи Истаравшанӣ” метарошад, – “Паймони миллат”, рӯзноманигорони маслакгумкарда ва хоину фурӯхташуда – Темури Варқӣ, Равшани Темуриён, Хайрулло Мирсаидов ва дигаронро саркӯб шудани ҳуқуқ ва озодии инсон ҳисобанд, пас ҷиноятҳои нобахшидании онҳоро дар назди мардуми Тоҷикистон чи гуна арзёбӣ мекарда бошанд?
Дар байни “коршиносони” масоили Осиёи Марказӣ мисли Стив Свердлов, ки дар асл таблиғгари ғояҳои сиёнистӣ, душмани ашаддии мардуми мусулмон аст ва баъзе думравони ӯ, ки худро ҳомии ҳуқуқу озодии инсон дар Тоҷикистон муаррифӣ менамоянд, баръакс тухми кинаву адоват, хушунат, таҳаммулнопазирӣ, душманӣ, инсонбадбиниро таблиғу ташвиқ менамоянд.
Чаро “коршиносону ҳуқуқдонҳои” ин созмон дар мавриди ҷиноятҳои вазнини террористону экстремистони сатҳи байналхалқӣ, кушторҳои ваҳшиёнаю гӯшношуниди асримиёнагии таъсисдиҳандагони ДИИШ, қатлу ғорат, хунрезиҳои бераҳмона дар Ироқ, Сурия, Афғонистон, Покистон, ки бо тарҳрезӣ ва дасисаҳои абарқудратҳо ва мақомоти махсуси онҳо ба амал меоянд, чизе намегӯянд? Чашми “тезбини” онҳо танҳо ба ҳамон кишварҳое равона шудааст, ки душвориҳои зиёдеро паси сар карда, баҳри озодиву адолат, решакан кардани хурофот, ифротгароии динӣ мубориза мебаранд.
Мубориза алайҳи ҷинояткорон, қонуншиканӣ, пешгирии ҳар гуна ҷиноят дар назари онҳо маҳдуд кардан ва саркӯб намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон менамояд.
Мардуми Тоҷикистон ба чунин “ҳимоятгарони” ношуд, боғараз ниёз надорад ва озодиву адолат, ваҳдат ва сулҳу оромие, ки бар ивази қурбониҳои вазнин ба даст омадааст ҳифз менамояд ва душманони давлату миллати моро шадидан маҳкум менамояд.
Дар мавриди чунин хабарҳои бепоя ва дурӯғу бофта, ба мисли бӯҳтони “коршиносони” созмони номбаршуда, шоири шаҳири форсизабони Ҳинд Амир Хусрави Деҳлавӣ чунин гуфтааст:
Ҳар он кас, ки гуфтораш дуруғ аст,
Зи рӯи ақл, рӯяш бефурӯғ аст.
Ҷабборов И.Р., номзади илмҳои таърих, дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров