БОЗИҲОИ НАВБАТИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ АЁН АСТ !

Имрӯзҳо хоинони миллат, яъне роҳбару ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва думравонаш аъзоёни Гуруҳи-24 тариқи шабакаҳои иљтимоӣ оид ба қазияи Хоруғу вазъи ҳамсоякишвар Афғонистон ва нисбати Ҳукумату роҳбарияти кишвари азизамон бо суханхои подарҳаво ва ҳангомаҳо ба қаҳру хашм овардани мардуми кишвар кӯшиш карда, нооромиро. овардан мехоҳанд. Таҳлилҳо собит менамояд, ки хоинони миллат- Кабирию Муҳаммадиқбол ва пайраваш Беҳзоди Тағойзода, аъзои Гуруҳи-24 бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Роҳе, ки ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи -24 интихоб кардааст, мардумро ба зулмат мебарад. Сиёсате, ки онҳо таблиғ мекунанд сиёсати зӯроварист, ифротгароист, ки дини мубини Ислом онро маҳкум мекунад. Бояд донист, ки ТТЭ ҲНИ аз назари ақида, ҳадафҳояш воқеан як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, аз ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ фарқе надорад. Танҳо зоҳир ва пӯшиши худро замонавӣ нишон медиҳад ва шиорҳои гӯё мардумӣ ва демократӣ сар медиҳад. Дар асл ин ҳизб на камтар аз дигар гурӯҳҳои террористӣ барои Тољикистон ва кулли минтақа хатар дорад. Аз ин лиҳоз, мо бояд баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи ТТЭ ҲНИ камари ҳиммат баста, бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои душманона ва дигар бадхоҳони миллат муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми мукаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд. Таъкидан ба хиёнаткорони миллат иброз медорем, ки сокинони Бадахшон ва умуман мардуми шарифи Тољикистон, бозиҳои навбатии ватанфурӯшон, умуман хонинони миллатро кайҳо боз дарк намудаанд. Баробари ин доир ба қазияи Хорӯғ андеша намуда, қайд менамоем,ки воқеан Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат мардуми Бадахшонро мисли дигар мардуми кишвар ҳамеша дастгирию қадрдонӣ мекунанд. Бахусус дар замони истиқлолият барои мардуми вилояти Бадахшон дар маркази пойтахти кишвар шаҳри Душанбе Маркази исмоилия бунёд гардид, ки пайравонаш дар он озодона расму оини мазҳабии худро анҷом медиҳанд. Албатта ташвишҳои ахири Пешвои миллат беасос набуда, балки воқеъият доранд. Чунки дар рӯзҳои ахир воридоти маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишварамон ба воситаи гурӯҳҳои ҷинояткор ба назар мерасанд. Инчунин яроқҳои ғайриқонунӣ дар дасти баъзе гурӯҳҳои сияҳкор дида мешавад, ки агар пеши роҳи онҳо гирифта нашавад, ояндаи шуме барои мардуми кишвар, бахусус мардуми Бадахшон ба бор меорад. Бинобар ин, мардуми Бадахшон ин иқдомоти роҳбарияти кишварро дуруст дарк кардаанд, зеро тамоми талошҳои роҳбарияти олии мамлакат баҳри пойдории сулҳу салоҳ ва ободии ин минтақаи дурдасти кишвари азизамон – Тоҷикистон мебошад.

Х.УМУРОВ,
ассистенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *