Мардуми шарифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо азму иродаи созанда ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намуда, барои ободию рушди ноҳия корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд. Аслан сару садоҳо дар мавриди ҷамъоварии маводҳои ғизоӣ ягон асосе надоранд. Зеро ноҳия ва мардуми сарбаланди он бо меҳмоннавозию инсонпарварии худ ном баровардаанд ва ҳамеша дастархони хайру саховат ва эҳсонкорияшон кушодааст. Дар сомонаи радиои “Озодӣ” гузорише бо номи “Ҷамъоварии нону равған ва биринҷ барои мизбонии президент дар Кӯҳистони Мастчоҳ?” нашр шуд, ки дар он гуфта мешавад, гӯйё аз мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳия ба сокинони маҳал дастур дода бошанд, ки «як кило биринҷ, як кило гӯшт ва ду нон оварда ба ҷамоат супоранд». Дар гузориш ҳамчунин аз номи сокинони деҳаҳои Деҳҳавз ва Деҳҳисор оварда шудааст, ки гӯиё онҳо ҳам барои ҷамъоварии нону равған ва биринҷ супориш гирифта бошанд.
Боиси шодмониву ифтихор аст, ки давоми як панҷсолаи охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм аст, ки ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф меоваранд. Дар ҳар сафари Сарвари давлат тағйироти куллие ба назар мерасанд. Маҳз бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 108 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки беш аз 12-тои он дар маркази навбунёди ноҳия ш. Меҳрон сохта шуда истодаанд.
Соли 2014 бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар деҳааи Деҳҳисор як муассисаи таълимӣ барои беш аз 150 нафар хонанда бунёд гардид. Ҳоло бошад дар деҳаи Деҳҳавз аз ҷониби соҳибкор Фаррух Амонов сохтмони бинои МТМУ №18 дорои 6 синфхона барои 110 хонанда ва 2 утоқи корӣ барои омўзгорон бо маблағи 705 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, то ба имрўз корҳои таҳкурсӣ, деворҳо, болопуши бино ба итмом расонида шуда, корҳои ороишӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Ҳамчунин сохтмони пул аз болои дарёи Зарафшон дар мавзеи Аълами Оламиён аз тарафи соҳибкор, роҳбари ҶДММ “Роҳи Сомон” Амонов Фаррух, ки дар мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 12.05.2018 бо ҳамаи қишрҳои ҷомеъа баргузор гардида буд, ваъдадор шуда буд, айни ҳол корҳои лоиҳакашии пул идома дорад.
Ба ҷуз ин моҳи марти соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз лоиҳаи сохтмони хаттӣ баландшиддати нерӯи барқ ба 14 деҳаи ҷамоати дехоти Лангар оғоз гардид, ки бо амалӣ гардидани ин лоиҳа орзуи чандинсолаи мардуми деҳаҳои Водифу Деҳҳавз ва Деҳҳисор ҷомаи амал мепӯшад.
Аслан шикоятҳо аз ҷамъоварии маводи ғизоӣ ягон асос надоранд, зеро аз маркази вилоят хеле кумак, аз ҷумла маводи хӯрока, орду биринҷу равған, гӯшт ва дигар маҳсулот фиристода шуда буд, маблағҳои хеле зиёд барои бунёди иншоотҳо дар маркази ноҳия ва деҳаи Роғ равон шуд. Барои обёрии 250 гектар замин оби полезӣ кашида оварданд ва аллакай 40 га замин дар ноҳия аз худ карда шуд.
Ҳамчунин Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи Президенти Тоҷикистон зимни суҳбат ин иддаоро рад кард. Ӯ гуфт, “аз Раиси ноҳия сар карда тамоми хабарнигорону наворбардорони телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, ки ду-се рӯз аст байни мардум кор карданд ва ҳамчунин мардуми қаторӣ пурсон шудам. Ягон нафар чунин ахбори иғвоангез ва нанговарро тасдиқ накарданд.”
Мардуми сарбаланди кишвар ва сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо Пешвои муаззами миллат ифтихор менамоянд ва ташрифи Сарвари кишварро ба ноҳия омили асосии ободию пешрафт медонанд.
Имрӯз бо қудуми муборак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эиомалӣ Раҳмон шаҳраки Меҳрон хеле ободу зебо гардид ва дар арафаи ҷашни мубораки соҳибистиқлолии ватани азизамон беш аз 12 муассисаҳои иҷтимои фарҳангӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Мардуми ноҳия бо Пешвои муаззами миллат ифтихор менамоянд ва ба дасисаву иғвои бадхоҳони миллат дода намешаванд.
Раҷабмуҳаммад Раҷабов,
устоди кафедраи математика ва
технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ