Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад

Чандест, ки дар шабакаи иҷтимоӣ сабти гуфтугӯи бадахлоқонаи раиси собиқ ТТЭ ҲНИ ва имрӯза созмони экстемистии “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ бо маъшуқааш аз ҷониби рӯзноманигор Д. Атавулло пахш карда шуд.

Бо гӯш кардани гуфтугӯи мазкур аз ҷониби М.Кабирӣ бо як зан, модари тоҷик шахсро ба тааҷуб меорад ва лаънату маломаташро нисбати ин марди беномус ва ҳизби ифротиаш боз ҳам баландтар мекунад.

Бадахлоқу шаҳватпараст будани наҳзатиёнро аз филми мкстанади “Хиёнат” ва дигар навиштаву гуфтаҳо шунида будем, аммо то ин дараҷа бо лаҳни қабеҳ, суханҳои бешармонаву кӯчагӣ, берун аз одобу ахлоқи инсонӣ аз ҷониби як нафар шахсе, ки худро сиёсатмадор, ватандӯсту ҳомии дину диёнат ва ислом меҳисобад, сӯҳбат карданашро нав шунидем. Аз сӯҳбати Кабирӣ бо яке аз маъшуқаҳои бешумори мисли худаш пулпараст, шаҳватпараст, бадахлоқ ҳамон ҳақиқати аслие, ки шоир гуфтааст, тасдиқ мегардад:

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.

Бонуе, ки бо Кабирӣ сӯҳбат менамояд, тамоми сиру асрори ӯро фош намуда, дар бораи пулу пайса ва долларҳое, ки аз хоҷаҳои хориҷиаш мегирад, ба чӣ мақсад ва бештар барои қонеъ  кардани талаботҳои ҳайвониву шаҳвониаш сарф мекунад, баён менамояд.

Кабирӣ ба ин сӯҳбати худ ва ба кирдору амалҳояш иқрор шуда, бори дигар тинати аслӣ, ахлоқу одоб, сатҳи “маърифати устодӣ, сарварӣ”-и худро ифшо намуд. Ин рафтору амали Кабирӣ даъвоҳои пучу бемаънӣ ва бепояи ӯро дар бораи масъулият, одоб, ахлоқ, дину диёнат ва дигар “насиҳатҳо ва роҳнамоиҳояш” ба мардум, хусусан, ҷавонон собит намуд.

Имрӯзҳо тамоми давлатҳои ҷаҳон бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, эктремизм, гардиши ғайриқонунии маводи махаддир ва ҷиноятҳои киберӣ рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба минтақаи Осиёи Марказӣ, алалхусус Тоҷикистон, бояд қайд кард, ки амалҳои гурӯҳҳои ифротиву тундгаро барои кишварҳои ин минтақа низ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад ва дар мавқеи ҷуғрофии худ, марзи аввали муқовимат бо таҳдиду хатарҳои муосир қарор дорад. баъди амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Сурия ва Ироқ аъзои гурӯҳҳои алоҳидаи экстремистиву террористӣ ба Афғонистон омада, қаламрави онро ба майдони терроризми байналмиллалӣ табдил додаанд.

Ба ғайр аз ин, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоии интернет, дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат ташвиқ менамоянд.

 

 

Маҳмудова М.А.,

устоди кафедраи назарияи иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *