БАЛЕ, ШАБАКАҲОИ ЭКТРЕМИСТИИ ИҒВОАНГЕЗ БОЯД БАСТА ШАВАНД!

 

 Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ҳуқукбунёд, дунявӣ ва демократӣ аст. Дар ҷумҳурӣ журналистони касбӣ дар даҳҳо рӯзномаҳову маҷаллаҳо, шабакаҳо, радиоҳову телевизионҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдошта озодона кору фаъолият мекунанд ва доир ба воқеиятҳои ҳамарӯза ва хабарҳои навтарин хабарнигорӣ менамоянд ва ба мардуми кишвар ва берун аз он маводҳои ахбории худро ба чашму гӯши шунавандагон мерасонанд.

Воситаи ахбори омма озодона аз рафти ҷанбаҳои гуногуни ҳаётӣ маълумот пешниҳод карда, мардуми муқимӣ ва муҳоҷиронро аз масъалаҳои мухталифи ҳаётӣ огоҳ менамояд. Аммо озодии сухан маънии онро надорад, ки суханҳои нафратангез, иғвогароёна, экстремистӣ ва террористӣ бо воситаи шабакаҳои интернетӣ ва рӯзномаҳову маҷаллаҳо паҳн карда шаванд. Мувофиқи маълумоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаҳои интернетии “www.akhbor.com” ё “Ахбор.ком” ва “наҳзат.ру” (nahzat.ru) ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии “ҳизби наҳзати ислом”  ва “паймони миллии Тоҷикистон” ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд ва ғояҳои ифротиву экстремистиро паҳн мекунанд.

Аз ин рӯ, аз мардуми муқимии кишвар ва муҳоҷирон хоҳиш карда мешавад, ки аз истифодаи сомонаҳои “www.akhbor.com” ё “Ахбор.ком” ва “наҳзат.ру” (nahzat.ru) дурӣ ҷӯянд ва бохабар бошанд, ки корбурд кардани ин навъ сомонаҳо аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст ва касе ки аз чунин сомонаҳо истифода мекунад ва ѓояҳои эктремистии онҳоро паҳн мекунад назди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

 

Камолов Ф.А. ,

мудири кафедраи забони хориҷӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *