БА ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА БО ДИДИ ОГОҲОНА БОЯД НАЗАР КАРД!

Бо назардошти шиддат гирифтани авзои сиёсии ҷаҳон, вусъати бесобиқаи низоъҳои байнидавлатию байнидинӣ, авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Истифодаи қувва ва зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ рӯз ба рӯз бештар мушоҳида мешавад. Қудратҳои ҷаҳонӣ дар раванди ҳифзи манфиатҳои худ дар гӯшаҳои гуногуни олам муқобили ҳам қарор мегиранд, дар натиҷа низоми давлатдории як силсила давлатҳо аз байн меравад. Солҳои охир дар давлати дунё, бахусус дар Афғонистон  мавриди ҳамлаҳои террористон ва ифротиён қарор гирифтанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз замоне,  ки ҳаракти “Толибон” қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, бештар амалҳои террористи ба қайд гирифта шудаанд. Масалан, танҳо дар давоми моҳи  апрели соли равон дар чор вилояти Афғонистон ҳашт таркиш рух додаанд, ки бештари онҳо дар шаҳри Кобул ва пурталафоттаринашон дар шаҳри Мазори Шариф мебошад. Амсоли ин амалҳои номатлуб, мутаассифона, то имрӯз ба назар мерасанд, ки тариқи расонаҳои хабарӣ ҳамагон огаҳ мебошанд.

        Ба андешаи мо ҷиҳати пешгирӣ ва ислоҳи чунин вазъ танҳо дар сурати такмили ҳуқуқи байналмилалӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқии муҷозотӣ барои кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, амалӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм, ба муҳокимаи Додгоҳи байналмилалӣ кашидани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунанда имконпазир мегардад. Таҷрибаи ҷаҳонии мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ собит намуд, ки ҳеҷ яке аз кишварҳои бузург ҳам, ба танҳоӣ амнияти дохилӣ ва хориҷии худро таъмин карда наметавонад ва имкони дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ надорад. Ҳатто, Иттиҳоди Аврупо, ки 30 кишвари аврупоиро дар худ муттаҳид кардааст, бо ин зуҳурот дастбагиребон аст ва дар муқовимат бо терроризм ниёз ба ҳамоҳангӣ бо дигар қудратҳои ҷаҳонро дорад. Ин дар ҳолест, ки чор давлати узви Иттиҳод аз ҷумлаи ҳашт кишвари саноатии ҷаҳон, ду узви он дорои силоҳҳои ҳастаӣ ва аъзои доимии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки таассуб дар ҳар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Он, ки тафаккураш таассубист ба терроризму ифротгароӣ ба осонӣ гузариш мекунад. Террорист бошад, аҳли гуфтугӯ ва муколама нест!

             Таассуби динӣ нисбат ба илм, мухолифати меҳробу минбар роҳест ба сӯйи бунбасти тафаккур, роҳест, ки инсонро ба нокуҷо мебарад. Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, “таассуб чашмҳои биноро кӯр мекунаду гӯшҳои шунаворо кар месозад”.

              Террористону ифротгароён воқеияти зиндагиро дуруст дарк намекунанд, аз воқеияту рӯйдодҳо хулосаҳои нодуруст мебароранд. Онҳо аксар вақт аз аҳкоми динӣ донишҳои ноқис доранд. Вокунишашон ба андешаю амали дигарон хушунатбор аст.

   Баробари ин, агар таърихи терроризмро варақгардон кунем, хоҳем дид, ки  “Бригадаҳои сурх” дар Италия, “Артиши сурхи Ҷопон”, “Ҷунбиши баскҳо” дар Испания, гурӯҳи Квебек барои ҷудоӣ аз Канада, “Созмони томилӣ” дар Ҳиндустон, “Насрониён” дар Нигерия, “Роҳзанони баҳрӣ” дар Сомали, гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Кашмир, ки ба меҳмонхонаи “Тоҷмаҳал” дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон  ҳамла оварданд, ҳамагӣ гурӯҳу ташкилотҳои террористианд. Ё қазияи Ҳолокост (солҳои 1933 – 1945, яъне дар давраи давлати Германияи фашистӣ), ки боиси марги қариб шаш миллион яҳудӣ ва панҷ миллион лаҳистонӣ гардид, ҳаргиз аз ёди таърихии ҷаҳониён зудуда намегардад. Ин ҷиноятро ном терроризм аст.

        Хулоса, алҳол авзои ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон аст, зеро кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашидаанд. Дасисаву дастгирии баъзе абарқудратҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиатҳои худ давлатҳои дигарро ба ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд.

        Дар иртибот ба ин,  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, вобаста ба таҳдидҳои замони муосир ва муқовимат бо онҳо чунин таъкид намуданд: “Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд”. Дар заминаи ин таъкиди Сарвари кишвар, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.

                               М.МАМАДҶОНОВА,

сармуаллими кафедраи

забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *