ГУСТАРИШИ РАВОБИТИ ДИС ДДТТ БО ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ САМАРҚАНД

Санаи 1-уми ноябри соли равон ҳайатҳои васеи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти табодули таҷриба ва кормандону донишҷӯён, роҳандозии равоби илмӣ, таълимӣ ва тарбиявию байналмилалии ҷонибҳо мулоқоти онлайнӣ баргузор намуданд.

Дар мулоқот ҳайъати ДИС ДДТТ-ро муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Мирпоччоев Д., муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф., дотсент Аҳророва Г., мудири шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим н.и.и., дотсент Исмоилова Д., декани факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ н.и.и., дотсент Шарипов М., декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ н.и.и., дотсент Ҳакимзода М., мудири кафедраи ҷомеашиносӣ н.и.ф., дотсент Ҷонназарова Д., мудири маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонӣ Мухторов С. ва дигар устодону кормандони бахшу сохторҳо муаррифӣ намуданд. Аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ ҳайъати васеи намояндагӣ бо шумули муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ, мудирони бахшу сохторҳо ва декани якчанд факултетҳо дар мулоқот иштирок доштанд.

Масъалаи асосии мулоқот муайян кардани самтҳои равобити мутақобила арзёбӣ гардида, вобаста ба густариши ҳамкориҳо, ташкили мулоқотҳо ва роҳандозии ҳадафу манофеи дуҷониба баромадҳои муфид шунида шуданд.

Мулоқот дар фазои озод, ҳусни дӯстиву тафоҳум ва қарордодҳои судманд ба анҷом расида, дар самти густариши равобити ҳарду ҷониб қадами устувор ба ҳисоб меравад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *