ФАЪОЛИЯТИ ТАХРИБКОРАНИ ТТЭ ҲНИ-РО ШАДИДАН МАХКУМ МЕНАМОЕМ!

 

        Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ дар самти мустаҳкам намудан дар кишварҳои Аврупо, байни созмонҳои байналмилалии ҳифзи инсон, бахусус бо кӯмаки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавқеи худро пайдо карда, роҳҳои муносиби бозгашт ба ватан ва иштирок дар ҳаёти минбаъдаи сиёсии кишвар, гузаронидани пикету тазоҳуроти зидди ҳукуматиро роҳандозӣ намуданро пеша намудааст. Инчунин, имрӯзҳо роҳбаряту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаҳои ифротиашон мунтазам бо навбат баромад намуда, бо ин васила аз ҳисоби ашхоси ноогоҳу норизо ё эътирозгар ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати зиёд кардани сафи тарафдорони худ кӯшиш намуда истодаанд.

          Мо фаъолияти тахрибкораи ТТЭ ҲНИ-ро шадидан махкум намуда, қайд менамоем, ки  воқеан имрӯз дар байни сокинони кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад  ба ин тамоюлҳо мо баҳои дурусти худро медиҳем, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлол оид ба давлату давлатдорӣ ва дин баҳоигузории худро доранд. Дар робита ба ин қайд кардан бамаврид аст,ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти навбатиашон бахшида дар яке аз ҷашнҳои муҳими Тоҷикистони соҳибистиқлол-Рӯзи ҷавонон ба мо ҷавонон дастуру супоришҳои навбатиашонро  дода, аз ҷумла таъкид карданд: Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Мо, ҷавонон ҷиҳати амали намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  омодаем ва дар ин самт фаъолияти хешро ба роҳ монда, ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир ҳастем, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ карда, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ мемонем, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст дошта, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя мекунем, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намуда, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо меоварем.

 Дар интиҳои андешаи хеш мо, ҷавонон ба ғавғоҳои беасосу бемантиқи қувваҳои аҳриманӣ дода нашуда, бо дарки амиқи ҳадафҳои неки созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, қуввату ғайрати худро минбаъд низ ба манфиати Ватан, таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ равона месозем.

 

 Ф. ҚУРБОНОВ ,

мудири шуъбаи кор

бо ҷавонони ДИС ДДТТ

 

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *