Ба воҳима ва таҳлука дода нашавед!

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро муаммои паҳншавии вабои нав, яъне COVID-19 ноором намуда, ба сари мардумони олам мушкилот  ва бадбахтиҳои зиёде овардааст.  Айни ҳол дар саросари ҷаҳон зиёда аз 200 давлат бо ин вабо мубориза бурда истодааст.

Дар Осиёи Марказӣ бошад дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва  Қирғизистон ҳам аз ин вирус осебёфтагон низ мутассифона пайдо шудааст. Вақте имрӯз расонаҳои итилоотиро назора мекунем пай бурдан мумкин аст, ки барои баъзе “ашхос” мавзӯи наве барои бӯҳтону воҳима шудааст.

Байни мардум тафриқа андохта истодаанд гӯё, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бемории COVID-19 ҳасту лекин онро пинҳон дошта истодаанд. Бархе аз гурӯҳҳои ифротгаро дар хамин рӯзҳои мушкил низ мехоҳанд, манфиатҳои сиёсии худро пиёда намоянд.  Мо имрӯз бояд садди рохи ин ашхосро гирифта, боз як бори дигар вафодори ба халку миллати хеш будани худро ба ахли ҷомеа нишон диҳем.

Ба шумо барин худодорони бехудо таъкид карданиям, ки беҳтараш аз иғвоангезӣ парҳез намоеду дар ҳаққи давлату миллатамон дуо кунед то ин офат ба Ҷумҳурии азизи мо наояду тамоми беморони рӯйи ҷаҳон шифо ёбанд. Хушбахтона, то ҳол дар Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятшави ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст. Имруз ягон нишонаи ҳолати сар задани ин вирус дида нашудааст, аз тарафи далату ҳукумат чораҳои саривақтӣ андешида шуда буд. Ва бо ҷомеа бо мардум саривақт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд.

Имрӯз моро зарур аст, ки ҳамеша ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем ва ба ҳангомаҳои беасосу бофтаи шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бовар нанамоем. Бо сомонаҳои боэътимоду сарчашмаҳои муътабар ва иттилооти расмӣ кор кунем.

Д. Мирпочоев,

Аҳророва Г.,

устодони ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *