
Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Бояд қайд кард, ки яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро фаро мегирад. Тавре Пешвои муаззами миллат иброз намуданд: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.
Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст ва моро имрӯз зарур аст, ки барои амалишавии ин ҳуқуқҳои худ бевосита уҳдадориҳои худро ба ҷо оварем ва якҷоя бо зуҳуроти номатлуби ҷомеаи башарӣ терроризму экстремизм мубориза барем.
Барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонда, шаҳрвандони кишварҳои гуногунро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлату давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита, як қисмати онҳо мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд намудаанд: “Террорист – дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор мераванд.Зеро онҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегарданд. Калимаи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» гирифта шуда, маъноаш «тарс”, “ваҳм”, “даҳшатафканӣ” аст.
Тибқи талаботи моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, аз 23 декабри соли 2021, таҳти №1808 терроризмро шарҳ дода шудааст:мафкураи зўроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зўроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад.
Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористидошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст. Дар маҷмӯъ, мақсади асосии террористон ба таври зӯровари ғасб намудани ҳокимият ва аз нигоҳи талаботи шариат ҳукмронӣ намудан аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти зиёда аз 30 созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурўҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24», “Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон”, “Ҷанги муқаддас”, “Ҷунд-аш Шом”, “Ҷиҳоди исломӣ”, Иттиҳоди экстремистии “Шоҳидони Яҳво” ва ғайра ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст.
Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир кардани терроризм, яъне содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ,
фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ,тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо дар моддаи 179 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин барои дигар амалҳои террористи дар моддаҳои 179(1)-179(3) ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 26 январи соли 2021,
Стратегияи муқовимат ба экстримизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, аз 01 июни соли 2021 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии он бо Фармони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №187 тасдиқ карда шуда, корҳои назаррас амалӣ шудаанд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки бо дарназардошти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил медиҳанд. Бинобар ин, ҳар як фарди бедордилу худогоҳ ва меҳанпарастро зарур аст, зиракии сиёсиро аз даст надода, нагузоранд, ки теша ба пояҳои давлату давлатдории мо зананд. Мо бояд пояҳои сулҳу суботи комили кишаварро, ки бо ҷони ҳазорон родмардони шуҷоъи ватан ва хишти ҷони хеш сохтаем аз душманони нопоки миллат эмин нигоҳ дорем, барои наслҳои ояндаи миллат кишавари ободу пешрафтаро ба мерос гузорем.
Аз ин рӯ, бояд тадбирҳои судманде андешем , ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд.
Ҳамин тариқ аз омӯзиш ва таҳлилҳои дар боло ишорагардида чунин хулосабарориҳои тавсияви зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:
– ҳимояи Ватан, табияи ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ бояд, ки мавзӯҳои асосии соҳаи кино, телевизион, радио ва тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, рӯзноманигорон ва аҳлӣ эъҷод гардад;
– ба роҳ мондани корҳои самарабахши таълимию тарбиявӣ аз ҷониби мақомоту идораҳои соҳаи маориф;
– дар доираи имкониятҳои мавҷуда боз ҳам ҷоннок намудани назорати расмӣ, соҳавӣ ва идоравии паҳншавии иттилооти бемақсадона ва пастсифат дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ, ки метавонанд ба мафкураи солими шахсият таъсири манфӣ расонанд.
Хулоса, агар мо ба манфиати имрӯзу фардои давлати тозаистиқлол бетараф набуда, муттаҳид шуда, дар радифи бузургтарин арзишҳои башарӣ сулҳу субот, адлу инсоф ва ҳуқуқу озодии инсонро гузошта, бунёдкорию созандагиро шиори зиндагии худ қарор диҳем, манфиати ҳуқуқию сиёсӣ ва динии ҷавононро баланд бардорем, зиндагии шоистаро ба онҳо мерос гузорем, метавонем бар зидди чунин ҳодисаҳои номатлуб устуворона мубориза барем ва ҷомеаи солиму ояндадор созем. Танҳо иттиҳоду иттифоқ, сулҳу субот, оромӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ моро ба ин мақсад мерасонад.
МАНОНОВА Ф.И.
ассистенти кафедраи
ҳуқуқшиносии ДИС ДДТТ
