Ба мақсади нопокатон нахоҳед расид!

Мо шукри он дорем, ки чунин Пешвои муаззаму қавиирода ва саховатманд дорем. Якдилонаю якзабона ба  ТТЭ ҲНИТ, М. Кабирӣ ва дигар пайравону думравонаш гуфтанием, ки ин бадномкуниҳои шумо ва тӯҳматҳои ноҳақӣ шуморо нисбати Сарвари давлат беасос меҳисобем ва онро маҳкум хоҳем намуд. Миллату Давлат барои хоинони ватан бегона аст, оньо бо роҳи санг задан ба Ватан маблағҳои нопоки хоҷагонашонро ба даст мегиранд.

Имрӯзҳо низ роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо видеомуроҷиатҳои худ сухан ронда, мехоҳад ҷавононро ба доми фиреби худ кашонад. Аммо кирдори ин ноқобилон ҳамеша мавриди маҳкумият қарор мегирад. Бояд Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш донанд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанро, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва истиқлолу ваҳдати миллӣ чашидаанд, дигар гумроҳ наметавон кард, зеро мо ҷавонон пайравони асил ва номбардори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ҳастем ва хоҳем монд.

Берун аз Ватан ва дар орзуи ҷоҳу ҷалол аз вайронкориҳои худ ва ҳаммаслакон ёд кардаву аз мардумозориву мардумро овораю саргардон карданҳо ёд кардан орзуи ҳамешагии шумост ва бидонед, ки дигар ба мақсад нахоҳед расид. Имрӯз мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати он аз мақсадҳои ин гуна мардуми худпарасту мардумбезор ва ғаддору вайронкор хуб огаҳӣ доранд ва нахоҳанд гузошт, ки ба мақсади нопокатон расед ва як тори мӯи мардуми Ватанро биканед. Миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо арзи ҳастц намудааст, имрӯз низ мақому манзалати хешро дар байни дигар давлатҳо дар арсаи баландпояи ҷаҳон муаррифц  менамояд ва Тоҷикистон чун ба маънои томи худ тоҷдор бо халқу мардуми куҳантамаддунаш бо пояҳои устувору мустаҳкам ҷовидона боқӣ мемонад.

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *