Дар расонаҳо имрӯз аз таъсиси иттиҳоди иттиҳоди навтаъсиси «Паймон миллии Тоҷикистон» хабарҳо паҳн гардидааст. Ин иттиҳод на пайравони миллат ҳастанд, балки хоинону ватанфўрушон ҳастанд. Ин як бозии навбатии найранги Муҳиддин Кабирӣ аст, ки бо супориши хоҷагони хориҷиаш амалӣ месозад. Имрӯз иттиҳоди навтаъсис бо ҳаргуна суханҳои беасосу дуруғу бемантиқи худ мехоҳанд дар Тоҷикистон соҳибистиқлол байни мардуми кишварамон зиддияту кинаю адоват барангезанд.
Чунончӣ, яке аз аъзои ТТЭ ҲНИ бо номи Илҳом Ёқубов, ки ба худнишондиҳӣ майлу доро буда, оид ба масоили озодии сухан нисбати рўзноманигорон, адолати суди кишварамон ибрози ақида намуда, худро «адлҷўй» мешуморад. Ба ин ифроди ивғоангез таъкид ба амал оварда ёдовар шудан бамаврид аст, ки дониши ў дар кадом сатҳ қарор дошту дар макотиби олӣ чи тавр таҳсил менамуд ва дар нуқтахои мағозаҳо ҳамчун фурўшанда ресмонҳои пашмин мефурўхт ба ҳамагон маълум аст. Ва боиси тааҷҷуб аст, ки имрўз дар Аврупо иқомат дошта, бо пуштибониҳои хоҷагони хориҷиаш И.Ёқубов худро “ҳуқуқшиносу сиёсатмадор” мешуморад. Воқеан ба ҳоҷагони хориҷи ҳамин гуна афрод лозим аст, ки ғуломи доимии онҳо бошад. Ин гуна рафтору кирдорҳо ва нақшаҳоро мо ҳанўз интиҳои солҳои асри гузашта аз амалҳои нопоки ТТЭ ҲНИ бархурдор будем ва то имрўз дар хотир дорем.
Воқеан ҳизби ифратгарои номбурда он вақтҳо бо дархости хоҷагони хориҷии худ низ ҷавононро ба худ ҷалб намуда сафи худро дар Тоҷикистон зиёд намудан мехост. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш рўи майдон омаданд. Лозим ба ёдоварист, ки моҳи сентябри соли 2015 амалҳои нобахшидании худро анҷом додани хостанд, вале нақшаҳои тарҳрезӣ намудаи онҳо то охир амалӣ нагардид. Шояд иттиҳоди навтаъсиси ифротгаро барои амалӣ гардонидан нақшаи нопоки худ кўшиш карда истода бошад!? Бори дигар таъкид карданием, ки бар зидди чунин афроди хоину ватанфурўш муборизаи беамон хоҳем бурд.
Хулоса, набояд фаромўш кард, ки чун имрўз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии фарзанди бузургаш, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сармеъмори сулҳ, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Имрўз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.