Ба ҳангома дода нашавем!

Яке аз масъалаҳое, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, паҳншавии бемории коронавирус ё COVID-19 мебошад. Бемории мазкур, ки моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани музофоти Хубейи Ҷумҳурии мардумии Чин пайдо гардида буд, алҳол дар тамоми ҷаҳон паҳн гардида, ба пандемия табдил ёфтааст. Мутахассисони соҳаи тиб барои пешгирии сироятёбӣ ва барои пайдо намудани ваксина бар зидди коронавирус талош доранд. То имрӯз якчанд намунаи онро ихтироъ намудаанд.

Аз ҷониби кишварҳо низ барои паҳн нашудани коронавирус тадбирҳои зиёде андешида шуда истодааст.Талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри он аст, ки хисороти ин хатар то ҳадди имкон камтар шавад.

Яке аз роҳҳои одитарини пешгирии сироятёбӣ ба коронавирус, ин риояи гигиенаи шахсӣ, шустани мунтазами дастҳо бо собун ё маҳлули спиртдори безараркунанда, даст нарасондан ба рӯй ва бинию чашм, безарар кардан ё тоза нигоҳ доштани ҷиҳози корӣ, ҳавои хона ва истифодаи ниқобҳои тиббӣ дар вақти ба кӯча баромадан мебошад.

Бояд гуфт, ки дар кишвари мо – Тоҷикистон барои пешгирии сироятёбӣ ба пандемияи коронавирус дар кишвар як қатор тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар Ситоди доимамалкунанда таъсис ёфта, беморхонаҳо дар ҳолати омодабош қарор доранд. Дар гузаргоҳҳои марзӣ барои ташхис ва ба карантин фаро гирифтани нафароне, ки аз хориҷа меоянд, шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Яъне, кишвари мо низ чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хатари ногузири паҳншавии пандемияи коронавирус омодагии ҳамаҷониба дида истодааст ва талош дорад, ки то ҳадди имкон барои пешгирии ин хатар мусоидат намояд. Аммо дар ин миён, баъзе аз доираҳои манфиатхоҳ ва ҳангомаҷӯ бо паҳн кардани иттилооти бардурӯғ мехоҳанд, ки дар байни мардум воҳимаю ҳангома ангезанд. Онҳо аз омода набудани системаи тиббии кишвар ва бетафовутии мақомот шиква карда, талош доранд, ки афкори оммаро ба дигар тараф равона созанд. Махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое нашр мешаванд, ки тасдиқи расмӣ надоранд ва мақсадашон танҳо ҳангомасозӣ мебошад.

Мардуми кишвар бояд огоҳ бошанд, ки пайдо шудани бемориҳои сироятӣ як ҳолати табиӣ буда, таърих намунаҳои зиёди онро дар ёд дорад. Чунин ҳолатҳо танҳо ҳамбастагию оромӣ ва муборизаи дастаҷамъиро металабанду бас. Ҳангомаю воҳимасозӣ натанҳо ба ҳолати рӯҳии мардум таъсири манфӣ мерасонад, балки раванди маъмулии зиндагониро халалдор сохта, амнияти солимии ҷомеаро зери хатар мебарад.

Н. Қобилов, О.

Қосидов,

А. Азимов,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *