Ҷавонони тоҷик зидди радикализму экстремизму терроризм мебошанд…!!!

Ҷомеаи башар имрӯзҳо дучори ҷаҳли ифротгароён гаштааст. Ин кирдори нангини шахсиятҳои аз фарҳангу маърифат бехабар барои тамоми аҳли башар зараровар буда, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Эҳсоси бад ва нангин он аст, ки ин ҳама ҷаҳолатро ин беномусон зери ниқоби дини мубини Ислом пинҳон намуда, аз номи шириати накӯи мусулмонон ин амалҳоро иҷро мекунанд. Ҳол он, ки дини мубини Ислом орӣ аз ҷаҳолату куштор ва таҷовуз аст.

Амалҳои радикаливу экстремистиву террористӣ ҷони ҳазорҳо мардуми сулҳпарвари ҷаҳонро рабуда, мардуми минтақаҳои дигарро зери хатар гузоштааст. Ҳар давлату ҳар миллат дар тӯли таьрих ҳамеша рӯ ба тараққӣ ниҳода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки наслҳои ояндааш саводноку солимфикр ба камол расанд ва рушди миллату ватани худро қарзи асосии зиндагиашон донанд.

Тоҷикиситон сарзамини мардуми сулҳпарвар ва башардӯст буда, ҳар икдоми неки фарзандони фарзонаи миллат барои тараққиёт ва ободии миллат ва кишварҳои дӯсту ҳамсоя равона гардидаанд. Мо ҷавонон ояндаи Ватан ҳастем. Танҳо азму иродаи қавӣ, солимфикриву фарҳанг ва дониши мо боиси пешрафти Дину Ватану Давлату Халку Миллати азизамон шуда метавонаду бас!

Мардуми мо ҳамеша хоҳони сулҳ ва дӯстӣ буда, бузургону аҷдодони мо ҳамеша бо ақли солиму фарҳанги зиндагидорӣ, ба хусус меҳмоннавозӣ, миёни мардумони дигар минтақа, фарқияти хоса доштаанд. Ин хислати накӯи тоҷикон ҳанӯз дар ирсияти мо, яъне насли имрӯз боқӣ аст ва бояд барои наслҳои оянда низ мерос монад.

Бори дигар ба ҷомеаи ҷахони гуфтаниам мо шаҳрвандони Тоҷикистону ба хусус ҷавонони тоҷик, зидди радикализму экстремизму терроризм хастем! Мо шариати накӯи исломиро бо ҳама ақидаҳояш танҳо барои дарёфти ризои Аллоҳу мушарраф гаштан ба саодати дунёву охирату дӯстиву сулҳу ояндаи нек пос медорем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *