ҶАВОНОН ВА  ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди ҷаҳони муосир, масъалаҳои манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат дар мадди аввал меистанд ва яке аз омилҳои асосии рушди устувор дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд.  Имрӯзҳо масоили таъмини манфиатҳои миллӣ дар муносибатҳои байниналхалқӣ ва дар сиёсати хориҷии кишварҳои ҷаҳон нақши бузургро бозида, ҳар давлату миллат кушиш дорад, ки онҳоро ҳимоя намояд.

Дар ин бобат, мехостем фикру мулоҳизаи худро оид ба мақолаи Иноятулло Каримов, омӯзгори кафедраи улуми “Қуръон ва ҳадис”- и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дар мавзӯи “Донишгоҳи бузурги терроризм. Таҳсили ҷавонони тоҷик дар он чӣ оқибатҳо дорад?” баён намоем.

Донишгоҳи “Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия”, (тарҷума аз арабӣ: Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо), ки дар шаҳри Қуми Эрон воқеъ аст дар асл, донишгоҳ набуда, маркази тайёр намудани мубаллиғон ё миссионерони хурофотпараст аст, ки ба воситаи онҳо таблиғу ҳаракатҳои  ифротгароиву террористиро амалӣ месозад

Мувофиқи маълумотҳои санҷидашудаи мақомоти давлатии Тоҷикистон, дар солҳои охир (аз солҳои 90-ум то имрӯз) ҳудуди 900 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин донишгоҳи бузурги террористии минтақа таҳсил кардаанд. Қисми асосии онҳоро фарзандони наҳзатиёни собиқ ташкил мекунанд, ки як қисмашон то ҳоло он ҷо таҳсил ва зиндагӣ доранд. Бо даъвати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз садҳо нафар аз донишгоҳҳои террористии ин кишвар баргардонида шудаанд, аммо маълумоти дақиқ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам ҳудуди 380 нафар тоҷикон дар “Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия” ва дигар марказҳои махсуси ин кишвар таҳсил мекунанд.

Имрӯз ҳам аксарияти масъулони бахши идеологии ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллӣ, ки дар кишварҳои аврупоӣ фаъолият доранд, хатмкардагони ҳамин донишгоҳи бузурги террористӣ ва кадрҳои муассисаҳои махсуси таълимии ин кишвар мебошанд. Ғайр аз ин, 8-уми декабри соли 2020-ум Вазорати корҳои хориҷии ИМА эълон кард, ки донишгоҳи калонтарини Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия” ҳамчун маркази ҳамкор бо нерӯҳои террористӣ таҳрим шудааст. Вобаста ба ин, ба тамоми шаҳрвандон ва ҳамватанони кишвар, алалхусус ҷавонон муроҷиат карда мегӯям, ки ба доми ҳар гуна мубаллиғони чунин ҳаракатҳои  ифротиву террористӣ бовар накунанд.Чунин гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии интернет, дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат  ташвиқ менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш доимо таъкид мекунанд: “Ҷавонон – нерӯи ободгари имрӯзи кишвари соҳибистиқлол ва созандагони ояндаи ободу осудаи Тоҷикистон ҳастанд”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатии худ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, кишвари моро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд. Ҳамчунин, даҳҳо ҳазор кӯдак ятим монда, ҳазорҳо хонаи истиқоматӣ  сӯзонида  шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод

Аз ин лиҳоз, ҷавонони кишвар бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии давлати  худ  ҳамеша омода  бошанд. Зеро, манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат аз дигар манфиатҳо волотару бузургтар меистанд.

Ҷавонон бояд оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароии  ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон аз хотир набароранд ва нагузоранд, ки андешаву равияҳои ифротгароии бегона ба кишвари сулҳу ободи  мо аз хориҷ мудохила карда, ба сулҳу субот ва тинҷиву оромии  ҷомеаи мо, таҳдид эҷод намоянд.

 

                              Ҳошимов Ф.Ҷ.,

ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *