ҲАҚИҚАТ РӮИ ОБ МЕБАРОЯД

Ҳар боре сухан аз боби ТТЭ  ҲНИ, “Гурӯҳи 24”, “Паймони миллӣ”, ташкилоти сохтаи “Анҷумани озодандешони Тоҷикистон” ва роҳбарони ин ташкилотҳоро меравад ва онҳо ҳамчун ташкилотҳои ифротгаро муаррифӣ мегарданд, ин ҷанобони ватанфурӯш ба таври худ аз Ҳукумат домангир ва аз мардуме, ки аз сулҳу суботи ҷомеаи Тоҷикистон ҷонибдорӣ менамоянд, ба таври худ хафа мешаванд. Гӯё, ки тоҷикон чи будани демократия, озодии сиёсӣ, озодандеширо намефаҳмида бошанд. Кам нестанд ҳолатҳое, ки Муҳиддин Кабирӣ, Муҳамаддиқболи Садриддин, Кузов Шоҳнаим, Саидюнуси Истаравшанӣ ва даҳҳо дигарон гиламанд мешаванд, ки онҳоро беасос ва бедалелу санадҳо ҳукуматдорон ва мардуми Тоҷикистон дар терроризму ифротгароӣ гунаҳгор менамоянд.

Дар ин робита мақолаи илмиву таҳлилии Иноятулло Каримов, устоди кафедраи улуми “Қуръон ва ҳадис”- и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит таҳти унвони “Донишгоҳи бузурги терроризм. Таҳсили ҷавонони тоҷик дар он чӣ оқибатҳо дорад” воқеан ҳам мақолаи хуби таҳлилӣ буда бо далелу санадҳои мӯътамад хислати террористиву экстремистӣ доштани наҳзатиҳо ва пайравони онҳоро исбот менамояд. Шубҳае нест, ки якояки ин ашхоси дар боло номбар шуда аз мактаби омода намудани мубаллиғони терроризму экстремизм бо номи   Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо гузаштаанд.

Вобаста ба ин, ҳамин  нуктаро бояд таъкид намуд, то ҳол дар муносибати давлатҳои алоҳида  нисбати терроризму экстремизм духӯраги боқӣ мемонад. Давлати Амрико ва Эрон душманони азалианд. Вале ҳардуи ин давлатҳо дар алоҳидагӣ дар ин ё он шакл ташкилотҳои террористиву экстремистиро дастгири менамоянд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки чунин ташкилотҳои террористиву экстермистӣ ва равияҳо ба монанди  “Ал-Қоида”,  “ДОИШ”,  “Ҳизби наҳзати ислом”, “Ҳизб-ут-таҳрир”,   “Салафия”, “Ваҳҳобия”  ва дигарҳо зери сарпарастии    ташкилотҳои ҷосусӣ ин давлатҳо қарор доранд ва бо роҳнамоии онҳо амал менамоянд. Маблағгузори низ аз ҷониби онҳо сурат мегирад. Масалан, ДОИШ ва Ҳизби наҳзати ислом, ки зерсохтори “Ал-Қоида” ва ДОИШ ҳастанд, бевосита бо роҳнамоии ташкилотҳои ҷосусии Амрико ва Эрон амал менамоянд ва онҳоро баҳри ба даст овардани манфиатҳои хеш истифода мебаранд. Мисли он, ки Амрико фонди Соросро ҳамчун ташкилкунандаи “инқилобҳои рангин” истифода мебарад.

Рӯй меорем ба далелҳое, ки дар мақолаи Каримов Иноятулло Раҳимович оварда шудааст. “Имрӯз доншгоҳ  дар 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ ва африқоӣ филиалҳои худро кушода, ба тайёр кардани мубаллиғони нав машғул аст”. Бубинед, роҳбарони олимақоми Амрико, Афғонистон, Фаронса, Эрон дар бораи мубориза ба зидди терроризм ва экстремизм сухан мегӯянд, ҳатто онҳоро ҳамчун ташкилотҳои террористӣ маҳкум намуда, онҳоро ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ дохил менамоянд, вале дар амал нисбати филиалҳо ва марказҳои бузурги таблиғотии донишгоҳи байналмилалии Мустафо бефарқ ҳастанд, ҳатто онҳоро дастгирӣ менамоянд. Дар Фаронса фақат соли 2020 5-6 акти террористӣ содир гашт ва далели дар ин амалҳо даст доштани Ал-қоида, ДОИШ исбот гаштааст, аммо дар шаҳри Париж намояндагии ин “донишгоҳ” кушода шудааст, ки масоҳати умумии он 2,5 га мебошад. Ин дастгирии терроризму экстримизм набуда чи аст?

Дар сафари қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иброз дошт, ки онҳо зидди терроризм ва экстремизм мубориза мебаранд, аммо дар ин кишвар дар пешорӯи ҳукумати ин кишвар намояндагии ин маркази таблиғоти ва ҷосуси амал мекардааст. Зиёда аз ин, дар пойтахти ин кишвар шаҳри Кобул   филиал он амал мекардааст, ки дар он 2000 нафар ба ном “донишҷӯёни” донишгоҳи номбурда  таҳсил менамудааст. Магар ин духӯрагии сиёсат дар мубориза бар зидди терроризм нест?

Боз як нукта. Дар сухан роҳбарогни давлатҳои Аврупо, Амрико ва баъзе давлатҳои мамолики шарқ терроризмро ба таври худ маҳкум менамоянд, аммо онҳо ба роҳбарони ташкилотҳои террористӣ дар марзи давлати худ паногоҳи сиёсӣ медиҳанд.  ТЭТ  ҲНИ, “Гурӯҳи 24”, “Паймони миллӣ” ҳамчун ташкилоти сохтаи “Анҷумани озодандешони Тоҷикистон,” дар Тоҷикистон бо қарори Суди Олӣ ҳамчун ташкилоти террористӣ муайян карда шудаанд. Онҳо дар ҳудуди давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Олмон, Фаронса, Полша фаъолият мебаранд. Барои чӣ ин давлатҳо нисбати ин ташкилотҳои террористӣ бефарқанд, чунки онҳо ин ташкилотҳоро барои амали гардонии манфиатҳои сиёсии худ истифода мебаранд.  Ҳамин тариқ, яке аз сабабҳои асосии реша давондани ин гуна “донишгоҳҳо” ва марказҳои таблиғоти дар дугунагии сиёсат нисбати онҳо мебошад.

Дар охир ҳамин нукатро таъкид кардани ҳастем, ки миллати тоҷик як бор ба доми фиреби ин мубаллиғони ҷангу куштор, бесарусомониҳои иҷтимоию сиёсӣ афтида, натиҷаҳои даҳшатбори онро аз сар гузаронид.

Эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷаҳони муосир таҳлил намуда Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки  сабақи талхи таърихи навини тоҷикон ҳар шахсро водор менамояд, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст додан лозим нест, ватандӯсту ватанпарвар будан зарур аст, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор намуда, баҳри пойдор намудани ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодон заҳмат кашидан зарур аст.

Муҳимияти дарки ин масъала барои мардуми мо дар он аст, ки баъд аз саркӯб гаштани қувваҳои бунёдгароии исломӣ дар Сурия ва Ироқ, боқимондагони онҳо дар Афғонистону Покистон, дар якчанд давлатҳои Африқо амалҳои террористии худро  фаъол намуданд. Ин ҳолат моро дар ҳақиқат водор менамояд, ки ҳамеша зирак бошем

Авзои ҷаҳони имрӯза ва ҳодисаҳое, ки дар кишварҳои Шарқи наздик рух дода истодаанд, ҳамаи моро ҳушдор медиҳанд, ки боандешаву ботаҳаммул бошем. Фирефтаи афкори бегонагон нагардем ва лаҳзае андеша намоем, ки душманон чи гуна тавонистанд бо дасти худамон ба фарҳангу оин ва дину мазҳаб зарбаи ҷонкоҳ зада, сарзамини тамаддунофари тоҷикро ба харобазор мубаддал намоянд. Албатта, ҷойи андешаву таҳаммул аст, пас бояд риштаи ваҳдатро қавитар чанг зада, барои ободии Ватан ва фардои дурахшони кишвар ҳама бо дилу нияти пок кору фаъолият намоем.

Имрӯзҳо мо мебинем, ки аз кишварҳои мухталифи  дунё инчунин, мутаассифона, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бархе аз ҷавонон дар натиҷаи   костагии  маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ  ва динии хеш шомили гурӯҳҳои ифроти гашта, ба номи тоҷику Тоҷикистон доғ меоранд.  Ҳол он, ки дар қаламравӣ кишвар ҳамагуна шароит барои зиндагии хушбахтона муҳайёст. Бояд ҷавонон бештар ба театр, китобхонаҳо, маҳфилҳои илмиву адабӣ ва фарҳангию фароғатӣ рӯй оранд. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонанд ҷаҳонбинии худро васеъ намуда некро аз бад ба пуррагӣ фарқ намояд.

Бояд ҳар як шаҳрванди ба ору номуси  кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нагардад. Ба хотири ҳифзи  сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа, мо ҳама муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

Аз ин лиҳоз, мо ҷонибдори андешаҳои устод Иноятулло Каримов ҳастем, ки барҳақ зикр менамоянд:  дар ин шароит ҳар яки мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, аз фаъолияти чунин шабакаҳои ҷосусӣ огоҳ бошем, то ки мо ва фарзандонамон ба доми ин мубаллиғон наафтем. Падару модарони азиз бояд ҳаргиз роҳ надиҳанд, ки фарзандонашон ба ин гуна “донишгоҳҳо”-и кишварҳои хориҷӣ, дар асл марказҳои террористӣ рафта таҳсил кунанд, зеро бояд ошкоро гӯем, ки барои онҳо дар оянда дар Тоҷикистон ҷой пайдо нахоҳад шуд. Аз волидайне, ки фарзандон ва ё хешу таборашон то имрӯз дар ин донишгоҳи бузурги терроризм таълим мегиранд ва ё омодагии диверсионӣ мегузаранд, хоҳиш дорем, ки фарзандони худро аз он ҷо даъват карда баргардонанд, то ки душмани миллати хеш нагарданд.

 

                              Солиҷонов Р., профессори

                                 кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *