Мубориза бо падидаҳои номатлуб вазифаи ҳар як шаҳрванд аст!

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла коррупсия, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тарғиби ахлоқу одоби ҳамида, ҷалби донишҷўён ба омўзиши фанҳои дақиқ, китобхонӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ватандўстӣ ва меҳанпарастӣ мулоқоти судманд баргузор гардид.

IMG_1765
IMG_1767
IMG_1776
IMG_1780
IMG_1804
previous arrow
next arrow

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан оғоз гардид, ки ташрифи меҳмонон: намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров ва устоди кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Саидзода Шўҳрат Шукурро  самимона хайрамақдам гуфт.

Дар оғози сухан директори донишкада номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан зикр намуд, ки мо аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, профессорону устодон, донишҷўён ва кормандони донишкада ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷўҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳомату кўшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, таҳкими Ваҳдати миллӣ, баҳри сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдонамон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ ҷаҳду талоши созанда намуда истодаем.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ бо ифтихори баланди ватандорӣ таъкид намуданд, ки ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиғи аҳамияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус бошад.

Мулоқоти мо дар ин замина баргузор гардида, дар ин самт дар донишкада корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Ҷиҳат вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла коррупсия, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тарғиби ахлоқу одоби ҳамида, ҷалби донишҷўён ба омўзиши фанҳои дақиқ, китобхонӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ватандўстӣ ва меҳанпарастӣ дар байни донишҷўён тадбирҳои зиёде амалӣ карда мешавад.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳру навоҳии вилоят баргузории чорабиниҳо ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла коррупсия, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тарғиби ахлоқу одоби ҳамида, ҷалби донишҷўён ба омўзиши фанҳои дақиқ, китобхонӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ватандўстӣ ва меҳанпарастӣ ба роҳ монда шудааст.

Устоди кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Саидзода Шўҳрат Шукур зимни суханронӣ оид ба падидаҳои номатлуби замони муосир, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, фирефта нагаштан ба афкори бегонагон ва бадхоҳони миллат, тарбияи шоистаи ҷавонон ва баргузории озмунҳои гуногун фикру мулоҳизаҳои судманди хешро баён дошт.

Ассиссенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ Саидориф Бурҳонов зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад, боиси коҳиш ёфтани эътибору обрўи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад. Мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошанд. Дар донишкада чандин маротиба мулоқоти судманд бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардида, бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии муҳассилин озмун дар мавзўи “Таҳаммулнопазирӣ ба коррупсия ва муқовимат бар он” аз рўи номинатсияҳои мақолаи беҳтарин, шиори беҳтарин ва ролики иҷтимоии беҳтарин дар самти муқовимат бар зидди коррупсия гузаронида шуд.

Донишҷўи донишкада М. Баҳриддинов зимни суханронии хеш зикр намуд, ки мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар пайрави воқеии Пешвои муаззами миллат буда, алайҳои падидаҳои номатлуб муборизаи беамон хоҳем бурд.

Чорабиниро директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ҷамъбаст намуда, таъкид намуд, ки тарбияи шоистаи ҷавонон ва роҳнамоии онҳо ба сўи худшиносию худогоҳии миллӣ вазифаи асосии ҳар як шаҳрванд маҳсуб мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *