Имрӯзҳо ба мо маълум аст, ки ТТЭ ҲНИ аз оғози ташкилёбии худ моҳи декабри соли 1991 бо мақсади ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекард. Лозим ба қайд аст, ки яке аз мақсадҳои асосии ин ҳизб пеш аз ҳама, сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, нотинҷ кардани вазъияти кишвар ва ба сари қудрат омадан буд. Роҳбарони ТТЭ ҲНИ бо роҳи мағзшӯӣ ва истифода аз силоҳ хостанд дубора кишварро бо хуну хок даромезанд.
Саркардагони ин ҳизб, ки дар дарозои замони мавҷудияти хеш кореро ба ҷуз аз хиёнат ба миллат анҷом надода буданд ва ҳамеша аъмоли онҳо зидди озодӣ ва истиқлоли миллӣ буд, бори дигар бо ташкили гирдиҳамои дар шаҳри Берлин хиёнат намуданд. Ҳамин аст, ки ин нафарон ҳатто дарк накарда буданд, ки он замон мардуми кишвар дар мароҳили омодагӣ ба ҷашни муҳими миллӣ 24-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дошт. Ба ин нигоҳ накарда наҳзатиҳо дар арафаи ҳамин ҷашни муқаддас даст ба куштору хунрезӣ ва табаддулоти давлатӣ заданд. Ин нобакорҳон гумон мекунанд, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин дасисаҳои наҳзатиҳо ба ҳарос меафтем. Бояд қайд кард, ки ин васвасаҳои шайтонии худро наҳзатиҳо минбаъд дар хоб мебинанд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст, ки ба хотири манфиатҳои молиявӣ иродаи кишварҳои бегонаро зидди миллату ватани худ амалӣ мекунад. Мо медонем, ки ҳоло низ дар хориҷи мамлакат доираҳои сиёсӣ, экстремистӣ, ташкилот ва мақомотҳои қудратманде ҳастанд, ки нооромии вазъи дохилии кишвари моро хоҳонанд. Онҳо мақсад доранд вазъи Тоҷикистонро бо вазъияти кунунии Афғонистону Ироқу Сурия ва дигар кишварҳои ноороми исломӣ табдил диҳанд ва дар сарзамини тоҷикон фазои террористӣ, зӯроварӣ, экстремистиро ташкил намоянд.
Имрӯз он жавононе, ки фирефтаи ифротиёни бо ном ҳизби мамнуъи исломӣ гардида, тавассути расонаҳо аз хориҷи кишвар тинҷию осоиши диёрамон ва сиёсати сулҳҷуёнаи Давлатамонро нодида мегарданд, натанҳо хоин, балки бешарафу беномусо ьастанд, ки ниқоби ғайриинсонӣ ба сар намуда, мехоҳанд мулки озоду ободамонро гирифтор гардонанд.
Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ